Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар хиёбони Р.Набиеви шаҳри Хуҷанд бо иштироки 124 нафар кормандони беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ ба номи А.Нурматов ва кӯдакистони Президентӣ аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ ҳудуди беморхона ва кӯдакистон, қадди роҳҳо ва соҳили дарё аз партовҳои ҳархела ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 2.4 м³ партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист дар ҷамоати деҳот ва маркази ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксия кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг, ташкилоту идораҳо, омӯзгорону хонандагон, дигар сохторҳо ва сокинони маҳаллаҳо ҳамагӣ 1350 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия 24 ҳазор м2 кӯчаҳо рӯбучин, 1,5 км латок ва ҷӯйборҳо тоза карда шуда, партов ба миқдори 12м3 бароварда шуд. Инчунин дар назди корхонаҳо 0,15 га ҷой барои шинонидани гулу ниҳолҳо омода гардид.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

  Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бо ҷалби васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти аксия гирду атрофи идораҳо, роҳҳои марказӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйбору канал ва сойҳо ба масофаи 15,6 км тоза карда шуда, 16 тн. партов бароварда шуд. Ҳамчунин дар шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ 1200 бех арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Айнӣ

 Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист вилоят, бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон дар мавзеи дашти Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори  150  кг  гандум  ва  алаф 50 банд истифода бурда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.