Оғози мавсими дарахтшинонӣ дар шаҳри Гулистон

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Дар он кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот  фаъолона иштирок намуда, тариқи ҳашар дар кӯчаи марказии шаҳр қариб 1000 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбар, ардач ва дарахтони бисёрсола шинониданд. Ин мавсим тибқи нақша дар минтақаҳои дигари шаҳр шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимиву бисёрсола дар назар аст.

Оғози мавсими дарахтшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

   Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ бо саҳми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳудуди шаҳраки Меҳробод зиёда аз 50 адад сарви аризонӣ шинонида шуд. Тибқи нақша аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар дигар минтақаҳои ноҳия шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар назар аст.

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар самти ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи корӣ мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи нозирони Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар шаҳри Конибодом ҳодисаи сайди ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ш.Конибодом Ҷӯраев С., Собиров Г. ва буридани се адад дарахти бед дар ҷамоати деҳоти Маҳрам аз тарафи сокини ҷамоат Негматов Д. ошкор гардид. Нисбати қонуншиканон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд.

Амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

   Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, иҷрои нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик, дар минтақаи истироҳатгоҳи "Ташкентский" сокини ноҳияи Б.Ғафуров -  Ашуров М. ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ бо воситаи қаиқи оҳанин ва муҳаррикаш боздошт гардид. Қаиқ ва моҳиҳои сайдшуда мусодира гардида, нисбати қонуншикан маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои андешидани чораҳо ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фиристода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.