Санаи 4 июни соли равон дар ҳудуди раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Р.Каримзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Х.Бобозода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд С.Акбаров ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла Идораи пилла ва Кумитаи идораи замини вилоят, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Сараввал пеш аз оғози чорабиӣи муовини раиси вилоят Р.Каримзода ва дигар меҳмонон аз китобхонаи Раёсат, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, дидан намуданд.