Аёдати кўдакони маъюб дар шаҳри Панҷакент

 Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бахшида ба Рўзи байналмилалии кўдакон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист аёдати кўдакони маъюб амалӣ гардид. Дар маҷмўъ, дар шаш оила кўдакони маъюб аёдат карда шуда, ба онҳо тўҳфаҳо, аз он ҷумла бозиҷаҳо, қаламҳои ранга бо албом ва дигар лавозимотҳо барои расмкашӣ, инчунин маводи пешгирии касалиҳои сироятӣ – коронавирус COVID-19 (маводи антисептикӣ, дастпўшаки резинӣ, ниқоб) тақдим гардид.

Аксияҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Деваштич

   Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсат ва нақшаи чорабиниҳои бахшида санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Деваштич аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Бо ҷалби аҳолии деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия, дар маҷмўъ беш аз 200 нафар ба ғайр аз рўбучин намудани роҳу минтақаҳои аҳолинишин, кори асосӣ ин тоза кардани маҷрои сой аз ҳар гуна партовҳо ба анҷом расид. Худи ҳамин рўз ба партовгоҳи ноҳия зиёда аз 7,4 тн партовҳо бо қувваи хоҷагии манзилию коммуналӣ бароварда шуд.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

 Муҳтарам ҳамкорон, дўстони азиз!

 Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид фавриян наҷод додани башарият аз беобиро ба сароҳат таъкид карданд. Ин нуқта дар сафҳаҳои тамоми расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Натиҷаҳои амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар моҳи майи соли 2020

Дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли чорӣ дар обанборҳо ва дарёҳои ҳудуди вилоят сайди моҳи маън карда шуда буд. Бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ ва фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ, ҳамчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, Ситод вилоятӣ дар ҳайати 14 нафар, нозирони давлатии шуъба ва зерсохторҳои раёсат ҷиҳати пурзўр намудани назорати давлатӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ корбарӣ намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.