Вохўрӣ дар мактаби шаҳри Гулистон

    Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Гулистон баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрии сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо хонандагон ва омўзгорони фанни экология, биологияи баргузор гардид. Аз тарафи намояндаи раёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист баромад карда шуд. Ҳангоми ба амал омадани саволу ҷавоб ба иштирокдорон оид ба таъсири нақлиёт ба ҳавои атмосфера, ифлосшавии ҳаво ва нашрияҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист маълумот пешкаш карда шуд.

Замин – кафили амнияти озуқаворӣ

Санаи 22 апрел дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бахшида ба Рўзи умумичаҳонии замин семинар – машварати минтақавӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар – машварати мазкур ба ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва устодону донишҷўёни донишгоҳ, олимон аз Маркази хокшиносию мелиоративии Институти хокшиносии Точикистон дар вилоят ва филиали Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Точикистон дар вилояти Суғд, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ шунида шуд.

Аксия "Тозагии соҳил"

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» ва фармоиши Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз санаи 22.01.2020 сол №04 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар ҳудуди вилоят аксияи мазкур гузаронида шуд.

Тозагии маҳал

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ, таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориши Шумо санаи 18 апрели соли 2020 бо ҷалби васеи аҳолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо аксияи “Тозагии маҳал” ва шанбегӣ гузаронида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Шумо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида шудаанд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниии мазкур ба тартиб даровардани дарахтон, сафед намудани ҳусни зоҳирии бинову, иншоотҳо ва ба тартиб даровардани партовгоҳҳо ба иҷро расонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.