Вохӯрӣ дар шаҳри Истиқлол

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ як қатор тадбирҳоророҳандозӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад санаи 18 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол вохӯрии намояндаиРаёсат бо мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва сохторҳои он, аз ҷумла соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир гардид.

Вохӯрӣ дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали тасдиқгардида, санаи 10.04.2018 дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи Б.Ғафуров вохӯрӣ бо ҷалби беш аз 250 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи конференсияи вилоятӣ, ки аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таҳти унвони «Пешвои миллат наҷотбахши сайёра» бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо мақсадитарғибнамуданисиёсат ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ташкил карда шуд, амалӣ гардид.

 

Аксияи ниҳол

Дар ноҳияҳои  наздисарҳадии  вилояти Суғд корхои  паст кардани таъсири офатҳои табиӣ идома дорад. Бо иқдоми кормандони «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» бо иштироки 500 нафар хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон, намояндагони маъмурияти ҷамоатҳо, сокинони маҳаллӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Овчи–Калъачаи н.Б.Ғафуров ва Ростровути н.Деваштич аксияи ниҳолшинонӣ ва корҳои тозаву ободкунӣ доир гардид. Дар рафти аксия зиёда аз 1600  адад ниҳолҳо дар  саҳни мактабҳо, каналу қитъаҳои обгузар шинонида шуд, ки барои  самаранок мубориза бурдан бар зидди таназзулёбии замин мусоидат менамояд. Боиси зикр аст, ки то баргузории аксияи мазкур, хонандагон бо машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба масъалаҳои паст кардани таъсири офатҳои табиӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, сабаби рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва дар ин ҳолат чи гуна амал кардан  фаро гирифта шуда буданд. Тибқи лоиҳа ҳамкории оянда бо хонандагон дар ин минтақаҳо барои баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ, омӯзиш ва рушди малака барои мустақилона гузаронидани семинарҳо ва машғулиятҳои интерактивӣ пешбинӣ шудааст.      

Чорабиниҳои махсуси захираҳои моҳӣ оғоз гардид.

 Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят,  фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №27 аз 13.03.2018 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 15 март то 31 майи соли 2018 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони қонунӣ  ва воқеӣ  манъ карда шудааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59

Скачано с веб-сайта JooMix.org.