Семинар вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии ш.Конибодом

Раёсат баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориизичдошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ  ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

   Ҳамзамон, санаи 28 феврали соли равон дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» семинар-вохӯрӣ таҳти унвони «Партовҳои бесоҳиб» бо иштироки намояндагон аз Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Олимова М.А. намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва вазифаҳои  қабул шудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», махсусан дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар моҳи феврали соли 2018 дар вилояти Суғд

Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, баҳри иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, дастуру супоришҳои и.в. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, дар миқёси вилояти Суғд дар давоми моҳи феврали соли равон, рӯзҳои шанбе чор маротиба, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва беҳбудии муҳити зист, ҳамчунин баҳри омодагӣ ба ҷашни Иди Наврӯз, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба ғайр аз ноҳияи Куҳистони Масчоҳ, аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

Барномаи телевизионии «Муҳит»

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур якҷоя бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи навбатии телевизионии дуюми «Муҳит» таҳия ва пахш гардид. Мавзўи навбатии барнома ба њифзи олами наботот, мавсими кабудизоркунї ва ободонї дар микёси вилоят, ќоидањои амалкунанда барои ќонунї ва ѓайриќонунии буриши дарахт, нашри дуюми Китоби Сурхи Љумњурии Тољикистон бахшида шуд.

Семинари бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи  22 феврали  соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки мудирон ва мутахассисони шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба тартиби ба расмиятдарории парванда аз рӯи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, фаҳмонида додани шаклҳои нави ҳисобот, тартиби ҳисоби дурусти ҷуброни зарари ба олами наботот расонидашуда ҳангоми буриши ғайриқонунии дарахт, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», Дастурамали коргузорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.