Вохурӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон

Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистони шаҳри Бустон  вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо донишҷӯён ва устодон доир гардид.  Дар рафти чорабинӣ оид ба мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор баромад шунида шуд.   

Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон, аз ҷумла дар ҳудуди парваришгоҳи «Дараи сабз»-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Шаҳристон ва дар ҳудуди парваришгоҳи «Зарафшон»-и   Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент бо иштироки сардори Раёсат, бахши шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо намояндагони «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Исфара» дар минтақаи «Кӯҳи сиёҳ»-и ш.Исфара, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Истаравшан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Нофароҷ», минтақаҳои кӯҳии деҳаҳои Навобод ва Кунчок, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳия, намояндагони хоҷагии ҷангал санаҳои 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон аз чоп баромад

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои  олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.

Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид.

Нишасти матбуотӣ

 Санаи 8 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

    Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд» - Худойбердиев У.,  «Ризқофарин» - Бобоҷонова М., рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Ҷ.Аштӣ, «Тирози ҷаҳон» - Ваҳҳобова М., «Садои мардум» - Мақсудов М., ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - Муродӣ Ф., оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» - Рофиева М., радиои «Озодӣ» - Имомов М., ШТР СМ-1 – Ҳ.Ҷӯраев ва Шамсиева Ф., ШТР «Азия» - Атаева М., ТВ «Диёр» Мирҷумаева Ф., рӯзномаи «Фараж» - А.Охунов, ТВ «7 ситора» - Мӯминзода М., рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» - Деҳқонова М., мухбири радиои «Тоҷикистон» - Мақсудова С., Б.Пӯлодӣ – радиои «Шаҳри ман», ТВ «Танин» - П.Аҳророва, радиои «Пайванд» - Марупов Ҷ. ҳамагӣ 19 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2017  дастрас гардид.   

Скачано с веб-сайта JooMix.org.