joomla

Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабулнамудани Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон

«Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва

мавриди амал қарор додани он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ- 1, мод. 289)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ, гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  13 марти соли 2002

№563

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қисми 1, мод. 288)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  23 апрели соли 2002

№ 270

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-1, мод. 287; соли 2005, №7, мод. 409)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.

 

Бобби I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳум ва истилоҳоти асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳум ва истилоҳоти зерин истифода шудаанд:

партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;

партовҳои истеъмолӣ- маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истеъмолкунӣ хусусиятҳои истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;

ашёи хоми дуюмдараҷа- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;

партовҳои рeзғор партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд;

партовҳои хатарнок- партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дороӣ хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сухторӣ, қобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавҷуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;

муомилот бо партовҳо - тамоми шаклҳои фаъолият, ки ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гуронидани партовҳо вобаста аст;

мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо - мақомоти махсусе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо парговҳо ваколатдор гашгааст;

нигоҳдории партовҳо нигоҳ доштани партовҳо дар захирагоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда то лаҳзаи аз он ҷо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардани онҳо;

гуронидани партовҳо - ҷудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад;

истифодаи партовҳо- истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) ё ҳосил намудани неру (энергия);

безараргардонии партовҳо - коркард (аз ҷумла сeзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад;

технологияи кампартов - ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, ки дар рафти он ҳангоми истеҳсоли як воҳиди маҳсулот назар ба истифодаи усулҳои мавҷудаи анъанавии истеҳсолии ҳамин маҳсулот миқдори ками партов ҳосил мешавад;

меьёрҳои муомилот бо партовҳо- маҳдудияти миқдори ва сифатӣ вобаста ба ҳосилшавӣ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан ва гуронидани партовҳо бо назардошти таъсири онҳо ба муҳити атроф;

меъёри ҷойгиркунонии партовҳо - миқдори интиҳоии партовҳо, ки ҷойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтақа дар муҳлати муқарраршуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст;

мавзеи ҷойгиркунонии партовҳо машқгоҳҳо, партовгоҳои иҷозатшуда, анборҳои махсус, хоктудаҳои ҷинсҳои кeҳӣ ва дигар мавзеъҳои таҷҳизонидашудаи махсус барои нигоҳдорӣ ва гуронидани партовҳо;

аз сарҳадгузаронӣ ҳар гуна ҷойивазкунӣ (бо нақлиёт гузарондан)-и партовҳо аз маҳалле, ки дар ҳудуди давлати дигар мебошад;

шиносномаи партовҳои хатарнок ҳуҷҷате, ки аз хусусияти сифатӣ ва миқдории партовҳо бо нишондоди шаклу дараҷаи хатарнокии онҳо шаҳодат медиҳад;

мониторинги мавзеи гуркунӣ назорати дарозмeҳлат ба ҳолати мавзеи гуркунии партовҳо, ифлосшавии муҳити атроф дар ҳудуди чунин мавзеъҳо ва муҳити зист дар натаҷаӣ ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгуии ифлосшавии муҳити зист аз ҳолатҳои воқеии чунин мавзеъҳо.                          

 

Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи партовҳои истеҳсоли ва истеъмолӣ

1.Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсоли ва истеъмолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

2. Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба иншоотҳои обӣ партофтани моддаҳои зарарнокро қонунгузории махсус танзим мекунад.

 

Моддаи 3. Доираи амали  Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 4.Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо

Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо инҳо мебошанд:

-                       бартарии ҳифзи муҳити атроф бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон;

-                       вобаcтагии илман асоснокшудаи манфиатҳои иқтисодию экологии ҷамъият;

-                       таъсис додану татбиқ намудани равандҳои технологияҳои кампартов;

-                       коркарди комплексии захираҳои моддию ашёи хом дар асоси силсилаи технологияҳои сарбаста;

-                       истифодаи механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, барои ба гардиши хоҷагию истеҳсоли ҷалб намудани партовҳо;

-                       риояи талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиат, ногузирии таъини ҷавобгарӣ барои вайрон намудани он;

-                       назорати давлати ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-                       банақшагирии чорабиниҳо оид ба нигоҳдории бехатарии партовҳо ва маблағгузории онҳо;

-                       озодона дастрас будани ахборот дар соҳаи муомилот бо партовҳо барои шахсоне, ки манфиаташон ҳангоми чунин фаъолият зарар дида метавонад;

-                       қабул кардани қарорҳое, ки манфиати аҳолиро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода менамояд ва иштирок намудан дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо.

 

Боби II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР  СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Идоракунии давлатиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ба амал мебароранд.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати чунин ваколатҳо доранд:

-                      ташкилу татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      қабул намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо танзим мекунад ва назорати иҷрои онҳоро ба роҳ мемонад;

-                      муқаррар кардани принсипҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      муқаррар кардани системаи мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи давлати ва ваколатҳои онҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо.

3.Мақомоти давлати оид ба ҳифзи табиат чунин ваколатҳо дорад:

           -            таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техники дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      назорати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо ва риояи меъёрҳои бехатарии экологи;

-                      ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологи дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) барои фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок;

-                      таҳия, тасдиқ, ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлати, ки муомилоти бехатарии экологиро бо партовҳо ба танзим медароранд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити атроф ва инсон муқаррар мекунанд;

-                      дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба амал баровардани тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

-                      ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликияташон, агар дар фаъолияти онҳо вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ҷой дошта бошад;

-                      ташкили баҳисобгирии давлати ва ҳисоботдиҳӣ доир ба муомилот бо партовҳо:

-                      таъмини аҳолӣ бо ахборот дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      ташкили гузаронидани кадастри партовҳо;

-                      ба амал баровардани ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррар намудани тартиби аз сарҳад гузаронидани партовҳо.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1.Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо чунин ваколатҳо доранд:

-                      дар ҳудудҳои худ таъмин ва амалигардонии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      ташкил ва гузаронидани назорату санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-                      ба амал баровардани тадбирҳои бартараф гардонидани окибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

-                      ташкил намудани безараргардонӣ ва гуронидани партовҳо аз ҳисоби маблағҳои соҳибмулк бо барқарорсозии зараре, ки ба муҳити зист расонидаанд;

-                      фароҳам овардани ҳавасмандкунии иқтисодӣ ва иҷтимои барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ;

-                      таъмини аҳолӣ бо ахборот дар бораи муомилот бо партовҳо.

2. Мақомоти ҳудидораи маҳаллӣ фаъолияти худро дар муомилот бо партовҳо дар доираи ваколат ва ҳуқуқҳое, ки ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар намудааст, амалӣ мегардонанд.

 

Боби III. ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 7. Талабот ҳаигоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар

Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корҳонаҳо, иншоот ва объектҳои дигар, шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд:

-      стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифатии муҳити атрофро, ки дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;

-      гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, санитарию эпидемиологи оид ба лоиҳаҳои тайёркардашуда ва дигар хуҷҷатҳое, ки фаъолияти онҳоро вобаста ба муомилот бо партовҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 8.  Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок

 

Додани иљозатнома (литсензия) барои фаъолият оид ба муомилот бо партовњои хатарнок мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон  «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» амалї карда мешавад. 

 

Моддаи 9. Талабот оиди истифодаи истеҳсолотӣ фаъолияткунанда

1.Шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар рафти иcтифодабарии истеҳсолоти фаъолияткунанда вазифадоранд:

-      стандарт, меъёр ва муқаррароти дигареро, ки оиди сифати муҳити табиат дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст, риоя намоянд;

-      барои муомилот бо партовҳо иҷозатнома дошта бошанд;

-      технологияи кампартовро ҷорӣ намоянд;

-      партовҳои ҳосилшударо ба рeйхат гирифта, ба мақомоти омор ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд;

-      назорати истеҳсолиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо амалӣ гардонанд;

-      ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ахбороти заруриро диҳанд;

-      коидаҳои пешгирии вазъи садамавиро риоя кунанд;

-      ҳангоми рeй додани садамаҳои оқибати манфии экологидошта ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба чунин садамаҳо меоваранд, фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин ба мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ хабар диҳанд;

-      ҳангоми аз сарҳад гузаронидани партовҳо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи, инчунин қоидаҳои байналмилалии аз сарҳад гузаронидани партовҳои хатарнокро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гиранд.

2. Истифодаи истеҳсолоте, ки дар он нобудсозии партовҳои зарарноки ҳосилшуда тавассути усулҳои безарари экологи ғайриимкон аст, манъ мебошад.

 

Моддаи 10. Талабот ба ҷойгиркунонии партовҳо

1.Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои ҷойгиркунонӣ ва безараргардонии партовҳо дар асоси тадқиқоти махсус (заминшиносӣ, обшиносӣ ва ғайра) дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, дар ҳолати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, мақомоти санитарию эпидемиологи ва қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (дар мавриди зарурӣ қарор бо назардошти афкори умум қабул карда мешавад) муайян карда мешавад.

2. Гурондани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоғ, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нушидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ (дар мавриди таҳдидрасонӣ ба бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст.

3. Ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси иҷозатномаҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин бо мувофиқаи мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мегардонанд, имконпазир аст.

4. Ҷойгиркунонии партовҳо мутобиқи қоидаҳое, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ мегардад.

5. Мавзеъе, ки дар он партовҳо гуронида шудаанд, ба рeйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо дохил карда мешавад. Тартиби бурдани рeйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян карда мешавад.

6. Дар мавриди гуронидани партовҳо гузарондани мониторинга мавзеи гуркунӣ ҳатмист. Мониторинги мавзеи гуркунӣ аз тарафи молики объекти ҷойгиршавии партовҳо мутобиқи тартибе, ки бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба мувофиқа оварда шудааст, амалӣ мегардад.

7. Моликони мавзеъҳои ҷойгиршавии партовҳо пас аз истифодаи ин мавзеъҳо (ё қитъаҳо) вазифадоранд корҳои барқароркунии қитъаҳои вайроншудаи заминро иҷро намоянд.

 

Моддаи 11. Талабот ба тозакунии маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва рeзғор

1. Ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин боад мунтазам аз партовҳои сахту моеъи истемолӣ тоза карда шавад.

2. Ташкили оқилонаи ҷамъоварии партовҳо, ки ҷамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хeрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коғаз ва ғайра),  нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараркунии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологи мутобиқ бошад.

3. Риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва ҳифзи табиатро амалӣ мегардонанд, назорат мекунанд.

 

Моддаи 12. Талабот  ҳангоми муомилот бо партовҳои хатарнок

1. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияташон партовҳои хатарнок ҳосил мешаванд, вазифадоранд ҳангоми муомилот ба онҳо ҳифзи боэътимоди муҳити атроф ва аҳолиро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.

2. Тамоми партовҳои хатарнок аз рeи таъсири зарарнокиашон ба инсон ва муҳити атроф ба дараҷаҳо тақсим карда мешаванд.

3. Дараҷаи хатарнокии партовро истеҳсолкунандаи он мувофиқи хуҷҷатҳои меъёрие, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологи, кeҳӣ ва техники дар доираи салоҳияташон тасдиқ намудаанд, муаяйн мекунад.

4. Партовҳои хатарнокро танҳо дар иншоотҳои барои ин мақсад махсус таҷҳизонидашуда дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, ҷойгир кардан мумкин аст.

5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки бо партовҳои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовҳои хатарнокро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба қайд гиранд.

 

Моддаи 13. Талабот ба кашондани партовҳои хатарнок

1. Партовҳои хатарнокро танҳо дар мавриди мавҷуд будани шиносномаи партовҳои хатарнок ва бо воситаҳои нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда кашондан мумкин аст.

2. Тартиби кашондани партовҳо дар намудҳои мушаххаси нақлиёт (автомобили, роҳи оҳан, обӣ), талабот ба иҷрои корҳои боркунӣ ва борфурорӣ, қоидаҳои дигари зарурӣ оид ба таъмини бехатарии экологи, бо стандартҳо ё меъёру қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатии назорат ба бехатарии нақлиёт тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, муқаррар карда мешавад.

3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои бехатарии муомилот бо партовҳо аз лаҳзаи ба воситаи нақлиёт бор кардани партовҳо ва аз тарафи ташкилот ё шахси воқеи, ки кашондани партовҳоро иҷро мекунанд, қабул намудан, то лаҳзаи дар ҷойҳои муқарраршуда аз нақлиёт фаровардани онҳо ба души муассисаи нақлиётие мебошад, ки ба он нақлиёти додашуда тааллуқ дорад.

 

Моддаи 14. Аз сарҳад гузаронидани партовҳо

1. Бо мақсади гурондан ва бехатар гардонидани партовҳо, ворид намудани онҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст.

2. Аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна партовҳо барои истифодабарии дуюмбораи онҳо ба сифати ашёи хом танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.

3. Тартиби танзими давлатии аз сарҳадгузаронӣ ва гузаронидани транзитии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

4. Назорати воридот ва содироти партовҳои хатарнокро мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки мутасаддии назорати сарҳадӣ," гумрукӣ, экологи, санитари ва карантинӣ мебошанд, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин менамоянд.

 

Боби IV. НАЗОРАТ БА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ ба муомилот бо партовҳо

1. Назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал амалӣ мегардонанд.

2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:

-      назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо, ошкор намудани вайронкунии ин талабот аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳо оиди бартараф кардани онҳо;

-      назорат ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ оид ба риоя намудани талаботи соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла шартномаю созишномаҳои байналмиллалие, ки назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарноки ба сифати ашёи хом истифодашавандаро пешбинӣ намудаанд;

-      назорат ба иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, гигиена, зидди элидемияҳо, қоидаҳои санитарию ҳифзи табиат, меъёрҳои гигиенӣ ва экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии сухтор ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот оид ба муомилот бо партовҳо, баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити атроф;

-      назорат ба саҳеҳии ахбороту ҳисоботе, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба партовҳо пешниҳод мекунанд;

-      таҳлили истеҳсолоти фаъолияткунанда, ошкор намудани имконияту васоити пасткунии андозаю дараҷаи хатарнокии партовҳои ҳосилшуда, назорат ба харҷи пурратар истифода бурдани партовҳо дар истеҳсолот ба сифати ашёи хом;

-      назорати риояи дастрас будани ахборот оил ба муомилот бо партовҳо ба аҳолӣ;

-      ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқии гунаҳкор тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-      қабул намудани қарорҳо дар бораи маҳдудкунӣ, боздоштан ва қатъкунии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳо, ки барои муҳити атроф ва инсон хатари эҳтимолӣ доранд.

3. Нисбати қарори мақомоте, ки назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ месозад, бо тартибе, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16. Назорати истеҳсолӣ ба муомилот бо партовҳо

1. Ташкилотҳое, ки фаъолияти хоҷагию истеҳсолияшон бо партовҳо вобаста аст  бо мақсади тафтиш намудани иҷрои талаботи экологи, санитарӣ ва талаботи дигари муомилот бо партовҳо назорати истеҳсолиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд.

2. Тартиби ташкили назорати истеҳсолии муомилот бо партовҳо бо низомномаҳо доир ба назорати муомилот бо партовҳо, ки корхонаю ташкилотҳо дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки ба муомилот бо партовҳо дахлдоранд, таҳия ва тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, танзим карда мешавад.

 

Моддаи 17. Назорати ҷамъятии муомилот бо партовҳо

Назорати ҷамъиятии муомилот бо партовҳо аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи оинномаҳояшон ва шаҳрвандон дар маҳалли истиқоматашон бо тартибе, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардида, аз тарафи ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ иҷро шудани талаботи Қонуни мазкурро дарбар  мегирад.

 

Боби V. БАМЕЪЁРДАРОРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 18. Бамеъёрдарории муомилот бо партовҳо

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартибе, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тасдиқ гардидааст, таъсири имконпазири партовҳоро ба муҳити атроф ва инсон риоя мекунанд.

2. Меъёрҳои муомилот бо партовҳоро мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологи, кeҳӣ ва техникиро ба ҷо меоранд, дар доираи салоҳияташон ва бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

3. Партовҳое, ки объекта хариду фурeш ё содироту воридот мебошанд, бояд бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатонида шаванд.

 

Моддаи 19. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо тартиби ягона дорад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии ибтидоии партовҳои ҳосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурeхташуда, инчунин ҷойгиршударо ба иҷро мерасонанд ва пуррагию саҳеҳии ахбороти пешниҳодшавандаро таъмин сохта, дар шаклу мeҳлати аз тарафи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқарраргардида ҳисобот пешниҳод мекунанд.

3. Тартиби баҳисобгирии ибтидоиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби баҳисобгирии расмии омориро бошад мақоми давлатии омор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, муқаррар мекунанд.

4. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ нигоҳдории маълумотҳои баҳисобгириро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар давоми мeҳлате, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқаррар намудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 20. Кадастри давлатии партовҳо

1. Кадастри давлатии партовҳо ташкил карда мешавад, ки он маҷмeи мураттаби маълумотро оид ба баҳисобгирии партовҳо дар бар мегирад.

2. Кадастри давлатии партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахборотҳои техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бурда мешавад.

3.Тартиби гузарондани кадастри давлатии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Боби VI. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 21. Танзими иқтисодӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Барои ҷойгиркунонии партовҳо бо назардошти ҳаҷми ҷойгирии онҳо, таснифи хатарнокӣ ва меъёрҳои ҷойгиркунонӣ маблағ ситонида мешавад.

Маблағи аз пардохти ҷойгиркунонии партовҳо бадастомада ба буҷети дахлдор равона мегардад.

2. Механизм ва тадбирҳои ҳавасмандкунии иқтисодӣ ва пардохтҳои имтиёзнокро дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби гирифтан, муайянсозии ҳаҷм ва тақсимоти пардохтҳои бадастомадаро аз ҷойгиркунии партовҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 22. Чавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба партовҳо

1. Аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ вайрон шудани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқвайронкунӣ оид ба партовхо ҳисобида мешавад:

-      риоя накардани стандартҳо, меъёрҳо ва муқаррароти дигари сифатии муҳити атроф ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      зарар овардан ба муҳити атроф, саломатии инсон, амволи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      мавҷуд набудани иҷозатнома ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      нагирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи ва санитарию эпидемиологи ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигар, ки фаъолияти онҳоро ба муомилот бо партовҳо муайян мекунанд;

-      иҷро накардани нишондодҳои баҳисобгирии ибтидоӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-      мувофиқи тартиби муқарраршуда саривақт надодани маълумот ё додани маълумоти носаҳеҳ ва ё бардурeғ дар бораи муомилот бо партовҳо ба мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

-      ҷойгиркунии партовҳо дар мавзеъҳое, ки махсус барои онҳо ҷудо карда нашудаанд;

-      иҷро накардани нишондодҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, ки дар доираи салоҳияташон дода шудаанд;

-      вайрон кардани тартиби аз сарҳад гузаронидани партовҳо;

-      вайрон кардани қоидаҳои гузаронидани мониторинга мавзеъҳои гуркунии партовҳо;

-      вайрон кардани тартиби муқарраршудаи тоза кардани маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва рeзғор;

-      вайрон кардани тартиби кашондани партовҳо бо нақлиёт;

-      вайрон кардани қонунгузории ҳифзи табиат ҳангоми муомилот бо партовҳо.

2. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо вайрон кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3. Ҷаримаҳои барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ситонидашуда, бо тартиби муқарраршуда ба буҷетҳои дахлдор гузаронида шуда, дар чорабиниҳои ҳифзи табиат истифода бурда мешаванд.

4. Шахсоне, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии онҳо ҳангоми муомилот бо партовҳо ба муҳити атроф, саломатии инсон, амволи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст, мутобиқӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари расонидашударо пурра ҷуброн мекунанд. Ситонидани ҷарима шахсонеро, ки ҳангоми муомилот бо партовҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, аз ҷуброни зарар озод намекунад.

      

 

        Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№ 44

 

 

Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

 

(Ахбори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 23, мод.353; соли 1998, №10, мод.125; соли  2002, № 4, қ-1, мод. 272)

 

Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи тадбирҳои қонунгузорӣ, ташкилию иқтисодӣ, технологӣ ва махсус, аз Ҷумла шаклҳои ҳудудии ҳифзи табиат, ки ба воситаи системаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда амалӣ мегарданд, муҳофизат карда мешавад. Таъсири рӯзафзуни антропогении ба биосфера зарурати боз ҳам гуногунтар ва васеътар кардани масоҳати ин ҳудудҳоро ва самарабахштар истифода шудани онҳоро муайян мекунад. Дар назди манфиатҳои иқтисодӣ ва иқтисодию иҶтимоии Ҷамъиятӣ ба танзим даровардани ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳаққи аввалият дорад.

 

ФАСЛИ I.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Муносибатҳои соҳаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, Қонунҳои ҳифзи табиат ва Ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, муҳофизат ва истифодаи олами набототу ҳайвонот, кодексҳои Ҷангал, замин, об, инчунин санадҳои меъёрии мувофиқи онҳо таҳияшавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ танзим мегардад.

 

Моддаи 2. Мафҳум ва категорияи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қитъаҳои замин ва оби дорои аҳамияти махсуси экологию муҳофизати табиӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва санитарию солимгардонӣ мебошанд, ки пурра ё қисман,батаври доимӣ ё муваққатӣ аз истифодаи хоҶагӣ хориҶ монда, онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми муҳофизати махсус қарор додааст. Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи фаъоли барои ҳифзу таҳқиқи табиати гуногуншакл, нигаҳдории мувозинати экологӣ ва ба амал баровардани мониторинги биосфера пешбинӣ гардида, инчунин ҳудудҳои шомили нақшаи умумии тараққиёт ва Ҷойгиронии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳанд. МаҶмӯи ин ҳудудҳо фонди табиию мамнӯъгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, истифодаи он танҳо бо риояи талаботи ҳамин Қонун равост.

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ, Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

Ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба категорияи объектҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ, Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ  ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мансуб мешаванд.

Категорияҳои зайли ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванд муқаррар мешавад:

мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ, аз Ҷумла мамнӯъгоҳҳои давлатии биосферӣ;

боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва маҳаллӣ (боғҳои музофотӣ);

парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

ёдгориҳои давлатии табиати дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

боғҳои ҳайвоноти давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

минтақаҳои экологию этнографӣ;

боғҳои дендрологӣва ботаникӣ;

минтақаҳои табиӣ, курортӣ ва табобатию солимгардонӣ.

минтақаҳои табиии дамгирӣ.

Бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти давлатӣ дигар категорияҳои ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, инчунин дигар шаклҳои ҳудудии ҳифзи комплексу объектҳои табииро пешбинӣ намудан мумкин аст. Ба мақсади ҳифзи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда аз таъсири номусоиди антропогенӣ дар қитъаҳои ҳамшафати онҳо минтақаҳои муҳофизатии дорои режими танзиму назоратшавандаи фаъолияти хоҶагӣ ташкил кардан мумкин аст.

Ҳудудҳоитабиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи пешгӯиҳо, нақшаи тадбирҳо ва нақшаҳои дурнамои тараққиёти иқтисодию иҶтимоӣ, нақшаҳои заминсозӣ ва планкашии ноҳиявӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.                                         

 

Моддаи 3. Моликияти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ҳудудҳоитабииӣ ва объектҳои  махсус муҳофизатшаванда моликияти давлатӣ – сарвати  умумии тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Амалҳое, ки ба таври ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро дар Ҷумҳурӣ вайрон мекунанд, манъ аст.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Амалҳоизерин ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дохиланд:                                             

таъмини амали ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаба манфиати насли имрӯза ва оянда;

танзими фаъолияти мақомоти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;

қабули қарори ташкил кардан ва барҳам додани ташкилотҳои давлатӣ оиди ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;

ба амал баровардани сиёсати давлатӣ ва қабули санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ;

таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ;

ба амал баровардани назорати давлатӣ;

муқаррар кардани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;

ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи Қонун ваколатҳои дигар дошта бошад.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Амалҳои зерин ба салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давла­тии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда шомиланд:

идораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар ин соҳа;

ташкили мониторинг, таъсис ва таъмини кори умури давлатии назорати ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;

даъво кардан оиди Ҷуброни зараре, ки дар натиҶаи риоя накардани қонунҳои ҳифзи табиат расидааст;

тартиб додани протокол ва баррасии парвандаҳои қонуншикании маъмурии соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;                                               

Қарорҳои мақомоти давлатии махсус ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз рӯи масъалаҳое, ки шомили салоҳияти онҳо мебошанд, барои ҳамаи шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҳатмианд ва оиди онҳо ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ин амалҳо дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллии танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошанд:

муайян кардани соҳаҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ва тасдиқ намудани барномаҳои экологӣ;

танзиму назорати фаъолияти ҳифзи табиати мақомоти маҳаллии идора, мусоидат намудан ба ихтиёран якҶоя кардани маблағ барои иҷрои тадбирҳои оид ба ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;

баррасии дигар масъалаҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии мах­сус муҳофизатшаванда.

 

Моддаи 7. Мақомоти махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Вазорати муҳофизати табиат ва мақомоти маҳаллии он, вазоратҳо, ташкилотҳо, идораҳо ва корхонаҳое, ки ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ба онҳо таалуқ доранд ваколатдори махсуси давлатии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махус муҳофизатшаванда мебошад.

 

Моддаи 8. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар нақшаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҶтимоӣ пешбинӣ мешаванд. Ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандабоназардошт ва дар асоси мутобиқати илман асосноки манфиати иқтисодию экологии Ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.

Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар таркиби барномаҳо ва дурнамоҳои тараққиёти иқтисодию иҶтимоӣ дар асоси барномаҳои давлатии экологӣ ва нақшаи умумии тараққиёт ва Ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда, соҳаҳои хоҶагии халқ бо назардошти захираҳои табиии Ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он ҳамасола ва ба муддати дароз ба нақша гирифта мешаванд.

Истифодаи табиат ва ҳифзи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, соҳаба соҳаба нақша мегиранд.

 

Моддаи 9. Таъминоти моддию техникӣ ва ҷудо кардани маблағ барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу исти­фодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.

Барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, ба ғайр аз мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо маблағ аз ҳисоби манбаъҳои зайл ҷудокарда мешавад:

фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат;

фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, кредити банкҳо;

кумаки ихтиёрии аҳолӣ ва дигар маблағҳо.

Барои мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо аз ҳисоби буҶетҳои Ҷумҳуриявию маҳаллӣ, фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳоро ба мақсади лабораторӣ истифода мебаранд, инчуниназ ҳисоби кӯмакҳои ихтиёрӣ, коллективӣ ва шахсӣ маблағ Ҷудокарда мешавад.

 

Моддаи 10. Идораю назорати давлатии ташкил, ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Ба ташкилу истифода ва ҳифзи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз Ҷумла боғу парваришгоҳҳои биосферӣ, миллӣ ва табиии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ роҳбарии давлатӣ мекунанд.

Дар соҳаи банақшагирӣ, таъсису ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мақомотҳои махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда назорати давлатӣ мекунанд.

 

Моддаи 11. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда маълумотро дар бораи статуси ҳуқуқии ин ҳудудҳо, мавқеи ҷуғрофӣ, реҳим ва истифодабарандагони табиат, хусусияти миқдории комплекси табиӣ, қадру қимати экологӣ, илмӣ, маърифатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дарбар мегиранд.

Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба мақсади арзёбӣ кардани вазъи фонди табиии мамнӯъгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани дурнамои тараққиёти шабакаи ин ҳудудҳои Ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи онҳо ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ, на­зорати беҳтари давлатии ҳифзи генофонд ва риоя кардани режими дахлдор инчунин ба ҳисоб гирифтани аҳамияти ин ҳудудҳо ҳангоми ба нақшагирии тараққиёти иҶтимоию иқтисодӣ ва Ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии минтақа ба роҳ монда мешавад.

Кадастри давлатӣ аз рӯи системаи ягонаи муайянкардаи мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор ба роҳ монда, ба зиммаи идораҳое, ки ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон мебошанд, гузошта мешавад. Тартиби кадастри давлатӣ кардани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 12. Иштироки аҳли Ҷомеа дар ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои Ҷавонон, Ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, Ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида дар амалӣ гардонидани тадбирҳои ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаҳо (низомномаҳои) ташкилотҳои Ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.

 

ФАСЛИ II.

 МАМНӮЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 13. Қоидаҳои умумӣ

Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳифзи табиат буда, мақсадашон ҳифзу омӯзиши Ҷараёни табиии протсессу ҳодисаҳои табиат, генофонди микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвонот, системаҳои маъмулу нодир мебошад.

Замину об, маъдан, олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи доимӣ ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Тартиби истифодаро мақомоте, ки ин мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон мебошад, муайян мекунанд. Ба иҶора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.

 

Моддаи 14. Вазифаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

Ба зиммаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:                                                    

ҳифзи гуногуншаклии биологӣ бо роҳи дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани тамоми хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳ;

ба роҳ мондани мониторинги биологӣ;

гузаронидани тадқиқоти илмӣ;

иштирок дар экспертизаи давлатии экологӣ, лоиҳаю нақшаҳои Ҷойгиронии объектҳои хоҶагӣ ва дигар объектҳо, ки татбиқи онҳо метавонад ба хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири бад расонад;

кӯмак кардан ба таълими кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат;

тарғиби донишҳои экологӣ.

 

Моддаи 15. Мамнӯъгоҳҳои давлатии биосферӣ

Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки ба системаи байналмилалии мамнӯъгоҳҳои биосферӣ дохил шуда ба мониторинги экологии умумӣ мепардозанд ва сертификати ЮНЕСКО-ро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ин ташкилоти байналмилалӣ ба даст овардаанд, статуси мамнӯъгоҳҳхои табиии биосферии давлатӣ доранд.

 

Моддаи 16. Тартиби ташкили мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ   

Дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва тасдиқи Низомномаи онҳо, инчунин васеъ кардани ҳудуди онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давла­тии ҳифзи табиат, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ қарор қабул мекунад.

Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии идораю корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳое, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагӣ ва истифодаи табиат машғуланд, лозим нест.

Дар сурати зарурат ҳудудҳои мамнӯъгоҳ, ки дар таҳти тасарруф ё истифодаи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо қарор доранд, замини ин ҳудудҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

Дар асоси нақшаи умумии тараққиёт ва Ҳойгиронии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ё нақшаи ҳудудии ҳифзи табиат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҲикистои тасдиқ кардааст, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи эҳтиёт карда мондани қитъаҳои замине, ки бояд ба мамнӯъгоҳ табдил дода шаванд, қарор қабул мекунанд. Онҳо дар ин ҳудуд фаъолияти хоҲагиро то вақти қабул шудани қарори ташкили мам­нӯъгоҳ маҳдуд менамоянд.

 

Моддаи 17. Идораи мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ

Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатиро мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ идора мекунанд. Мамнӯъгоҳҳои давлатӣ мувофиқи моддаи 7-уми ҳамин Қонун дар ихтиёри мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ мебошанд.

Ҳар мамнӯъгоҳ дар асоси Низомномаи худ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.

 

Моддаи 18. Режими мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

Дар ҳудудимамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки тараққиёти муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунад, инчунин бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.

Ба обу ҳавои ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатшавандаи онҳо акклиматизатсияи растанию ҳайвонот манъ аст.

Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ андешидани тадбирҳои зайл равост:

муҳофизат барқарор ва пешгирӣ намудани тағйироти комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои тадқиқоти илмие, ки ба зиммаи мамнӯъгоҳанд;

тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин навъҳои дигари фаъ­олияти маҳдуди хоҷагӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ заруранд.

Ба мамнӯъгоҳҳои биосферӣ ҳудудҳоро бо роҳи дар онҳо ҷудокардани минтақаҳои дорои режими зайл ҳамроҳ намудан мумкин аст:

минтақаи фаъолияти маҳдуди хоҷагӣ (полигони биосферӣ), ки дар ҳудуди он тадқиқоти илмии таҷрибавии ба мақсадҳои мамнӯъгоҳ мутобиқ гузаронида, натиҷаи онҳо татбиқ карда мешаванд;

минтақаи мобайнӣ (буферӣ), ки режими онба кам кардани таъси­ри фаъолияти хоҷагӣ дар маркази мамнӯъгоҳ нигаронда шудааст.

Режими мушаххаси минтақаҳои мамнӯъгоҳи биосферӣ мувофиқи соҳаи илмӣ ва мақсади таъсиси он муқаррар ва бо Низомномаи он муайян карда мешавад.

Дар мамнӯъгоҳҳои биосферие, ки дар маҳалҳои зисти аҳолӣ таъсис дода мешаванд, қитъаҳои истифодабарии анъанавии табиатро Ҷудокар­дан мумкин аст.

Ба ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ омаду рафт кардани шаҳрвандон ва мансабдороне (ба ғайр аз онҳое, ки назорати давлатӣ мебаранд), ки кормандони мамнӯъгоҳ ё мақомоте намебошанд, ки мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон аст, фақат дар сурати доштани иҷозатномаи ин мақомот ва маъмурияти мамнӯъгоҳҳо раво мебошад.

Дар ҳудуди қитъаҳои муҳофизатӣ фаъолияти хоҷагӣва дигар фаъолияте, ки ба объектҳои табиии комплекси мамнӯъгоҳҳо таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

Дар атрофи мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ сохтани объектҳои нави хоҷагӣ ва пеш гирифтани дигар фаъолияте, ки ба режими мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, обу ҳаво ва хоки онҳоро аз ҳад беш олуда месозанд, режими гидрологиро дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои давлатӣ тағйир медиҳанд, фақат бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мумкин аст.

 

Моддаи 19. Фаъолияти тадқиқоти илмӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ

Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти тадқиқоти илмӣ бо роҳи тадқиқоти стасионарии доимии бисёрсолаи комплекси ба роҳ монда, ба омӯзиши комплексҳои табиӣ ва назорати дурударози Ҳараёни равандҳои табиии бо мақсади муайян ва пешгӯӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи табиат, эҳтиёт кардани шаклҳои гуногуни биосфера, афзун гардонидан ва самарабахш истифода намудани протсессҳои табиӣ равона шудааст. Барои тамоми мамнӯъгоҳҳои давлатӣ навиштани «Солномаи табиат» ҳатмист.

Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ Шӯроҳои олимон ташкил кар­дан мумкин аст. Ҳайати Шӯрои олимон ва Низомномаи онро мақоме, ки мамнӯъгоҳ дар ихтиёри он мебошад, тасдиқ мекунад.

Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлат бояд бе мӯҳлат ҳифз карда шаванд.

Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.

Хусусиятҳои мушаххас, реҲим ва соҳаи илмии мамнӯъгоҳҳои давлатӣбо Низомномаи ҳар мамнӯъгоҳ муқаррар карда мешавад. Ин Низомномаро мақоме, ки мамнӯъгоҳ тобеаш мебошад, тасдиқ мекунад.

 

ФАСЛИ III.

БОҒҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 20. Қоидаҳои умумӣ

Боғҳои табиии давлатӣ муассисаҳои ҳифзи табиат буда, ҳудуди (ҳавзаи) онҳо комплексҳои табиии дорои аҳамияти хоси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар мегиранд. Онҳо ба мақсадҳои ҳифзи табиат, дамгирӣ, илму маърифат ва фарҳанг истифода карда мешаванд.

Ҳудуди боғҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои соҳибӣ ё ис­тифода кардан дода мешаванд, инчунин дар заминҳои моликону истифодабарандагони дигар воқеъ мегарданд.

Ба зиммаи боғҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта меша­ванд:

ҳифзи комплексҳои табиии қитъаю объектҳои табиии намунавию нодир;

ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, меъморӣ, таърихӣ, ландшафтҳои таърихӣ ва фарҳангӣ);

ба роҳ мондани маърифати экологии аҳолӣ;

таҳия ва татбиқ кардани методҳои илмии ҳифзи табиат;

муҳайё кардани шароит барои туризму истироҳати танзимшаванда дар шароити табиӣ.

Боғҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва маҳаллӣ (боғҳои музофотӣ) бошанд.

 

Моддаи 21. Тартиби ташкил додани боғҳои табиии давлатӣ

Қарори ташкил намудани боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва тасдиқи Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дархости мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ қабул мекунад.

Дар бораи ташкили боғҳои табиии дорои аҳамияти маҳаллӣ (бо музофотӣ) мақомоти Ҳукумати маҳаллӣ дар асоси дархости мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ қарор қабул мекунад.

Ҳудудҳои эҳтиётӣ барои ташкил кардани боғҳои табиии давлатӣ мутобиқи тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ Ҷудо карда шавад.

 

Моддаи 22. Режими боғҳои табиии давлатӣ

Дар ҳудудҳои боғҳои табиии давлатӣ режими гуногуни муҳофизат ва истифода, ки Низомномаи боғи табиии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои маҳаллии табиӣ ва иҲтимоӣ муайян намудааст, муқаррар карда мешавад.

Мувофиқи он дар ҳудуди боғҳои табиии миллӣ минтақаҳои муҳофизатии дорои режиме, ки барои мамнӯъгоҳҳои давлатӣ пешбинӣ шудаанд, минтақаҳои мамнӯъ, минтақаҳои ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои дамгирӣ, хоҷагӣ ва ғайра барпо карда мешавад. Дар ин боғҳо корҳое ба сомон расонда мешаванд, ки хилофи вазифаҳои боғҳои табиии давлатӣ нестанд. Имконият ва салоҳияти ба минтақаҳо тақсим кардани ҳудуди боғҳои табиии давлатии маҳаллиро мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат муайян менамоянд.

Дар ҳудуди боғҳои табиии давлатӣ ин корҳо манъ аст:

Корҳое, ки ба комплексҳои табиӣ ва объектҳои таҳти муҳофизат гирифташудаи таърихию фарҳангӣ хатар доранд;

ҲустуҲӯи геологӣ ва коркарди маъдан;

буридани дарахтон, буттазор, бетартибона истифода бурдани олами набототу ҳайвонот;

фаъолияти корхонаҳое, ки хавфи азими экологӣ дорад (саноати селлюлозаю коғаз ва химия);

корҳое, ки режими гидрологиро тағйир медиҳанд;

сохтани шоҳроҳҳо, трубопроводҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншоотҳое, ки ба кори боғҳо вобаста нестанд;

Ҳойгиронии организмҳои зиндабо мақсадиодат кунонидани онҳо ба обу ҳавои он Ҳо.

Мувофиқи Низомномаи боғҳои табиии давлатӣ дигар шаклҳои  фаъолиятеро, ки қимати табиӣ, илмӣ, эстетикӣ, ва фарҳангии ҳудудҳояшонро паст карда метавонанд, манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

 

ФАСЛИ IV.

ПАРВАРИШГОҲҲОИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 23. Қоидаҳои умумӣ

Парваришгоҳҳои давлатӣ ҳудудҳоеро дар бар мегиранд, ки бо мақсади ҳифзу барқарор кардани комплексҳои табиӣ ё қисматҳои онҳо дар давраи барои иҷрои ин вазифа зарурӣ ҷудокарда шудаанд.

Парваришгоҳҳои давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

Парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ тобеи мақоми давлатии махсуси ваколатдор буда, барояшон аз буҷети Ҷумҳуриявӣ маблағ Ҷудокарда мешавад.

Ба парваришгоҳҳо мақомоте, ки ҳудуди махсус муҳофизатшавандаи табиӣ ба онҳо вобаста карда шудааст, роҳбарӣ карда метавонанд.

Тобеият ва тартиботи ба парваришгоҳҳои маҳаллӣ Ҷудо кардани маблағҳоро мақомоте муайян менамоянд, ки дар бораи таъсиси онҳо қарор қабул мекунанд.

 

Моддаи 24. Тартиби ташкил кардани парваришгоҳҳои давлатӣ

Парваришгоҳҳои давлатии Ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.

Парваришгоҳҳои давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис медиҳад.

Бидуни аз истифодабарандагон ва соҳибони замин ситонидани заминашон парваришгоҳҳои давлатӣ эълон кардани ин масоҳат раво мебошад.

Моддаи 25. Режими парваришгоҳҳои давлатӣ

Дар ҳудуди парваришгоҳҳои давлатӣ ҳамагуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ бояд қатъ гардонида ё маҳдуд карда шавад.

Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои режими ҳар парваришгоҳи дав­латӣ бо Низомнома муайян карда мешавад. Ин Низомномаро мақомоте, ки дар бораи ташкили парваришгоҳи давлатӣ қарор қабул мекунад, тасдиқ менамояд.

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд режими дар парваришгоҳҳои давлатӣ муқарраргардидаро риоя кунанд.

 

ФАСЛИ V.

БОҒҲОИ ҲАЙВОНОТИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 26. Қоидаҳои умумӣ

Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ – муассисаҳои дорои мақоми ҳифзи табиат ва илмӣ - тадқиқотии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мебошанд, ки барои ҳифз, афзоиши олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо муайян шудаанд.

Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

 

Моддаи 27. Ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, ба минтақа Ҷудокунӣ ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо

Боғҳои ҳайвоноти давлатии Ҳумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.

Боғҳои ҳайвоноти давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис медиҳанд.

Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, мутобиқи қонунгузорӣ барои истифодабарии доимӣ дода мешаванд.

Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳайвонот минтақаи намоишӣ, барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ минтақаи илмӣ, барои хизматрасонии тамошобинон минтақаҳои Ҳамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҲагию истеҳсолӣ Ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 28. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ

Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики Ҳаҳонро Ҳамъ меоваранд ва ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд.

Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ воридоту содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо бо дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиботи муқарраршуда анҲом дода мешавад.

Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, Ҳои махсуси инкишоф додани насли ҳайвоноти нодир, ки ба онҳо нобудшавӣ таҳдид мекунад, таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 29. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои ҳайвоноти давлатӣ

Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ ба мақсадҳои илмӣ, маданӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Тадқиқотҳои илмӣ дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ дар соҳаи нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимкушода гузаронида мешавад.

Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо таъсис диҳанд, вобаста ба фаъолияти онҳо адабиёти илмӣ, илмию оммавӣ ва ғайраро нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, кори селексионӣ ва зотгири хизмати пулакӣ расонанд.

Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ мутобиқи тахассуси ин муассисаҳо хоҲагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳоро, ки барои фаъолияти хоҲагидории онҳо зарур аст, таъсис додан мумкин аст

 

ФАСЛИ VI.

ЁДГОРИҲОИ  ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 30. Қоидаҳои умумӣ

Объектҳои табиии муқаррарӣ ва сунъииаз Ҳиҳати экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ нодиру пурқиммат ёдгориҳои табиии давлат мебошанд.

Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

 

Моддаи 31. Тартиби ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиат

Объектҳои табиатро бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомо­ти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон менамояд.

Дар бораи ёдгории табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо ризояти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қарор қабул мекунанд.

Бидуни аз соҳибони замин ва заминистифодабарандагон гирифтани қитъаҳои заминашон объектҳои онро эълон кардани объектҳои ёдго­рии табиии давлатӣ раво мебошад.

 

Моддаи 32. Режими ёдгориҳои табиии давлатӣ

Дар ҳудуди Ҳойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки онҳоро хароб карда метавонад, манъ аст.

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дигар истифодабарандагону моликоне, ки ёдгориҳои табиии давлатӣ дар замини онҳо воқеъ гардидаанд, ӯҳдадоранд ёдгориҳои табиии давлатиро муҳофизат намоянд. Мақоме, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадориҳои муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он режими ҳифзи ёдгории табиат муайян мегардад, ба расмият медароранд. Хароҷоти таъмини режими ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби фондҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат буда,ба ин маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кардан мумкин аст.

 

ФАСЛИ VII.

МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ

 

Моддаи 33. Қоидаҳои умумӣ

Минтақаҳои экологию этнографӣ маҳалҳои зисти аҳолии бумӣ бу­да, бо мақсади ҳифзу барқарор намудани захираҳои табиии биологӣ, муҳити сукунат ва тарзи ҳаёти анъанавии ин аҳолӣ режими махсуси истифодаи табиатро талаб мекунад.

Минтақаҳои экологию этнографиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ ташкил менамояд.

 

Моддаи 34. Режими минтақаҳои экологию этнографӣ

Дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ ба фаъолияти хоҲагие, ки муҳити зисти аҳолӣ ва захираҳои биологиро хароб месозанд, набояд роҳ дода шавад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҳоӣ (маркази минтақаҳои экологию этнографӣ) фақат ба фаъолияти хоҷагии анъана­вии маҳдуди ин аҳолӣ роҳ дода мешавад.

Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошанд, ки он барои ҳар минтақаи экологию этнографӣ Низомномаи алоҳида тасдиқ менамояд.

 

ФАСЛИ VIII.

БОҒҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВА БОТАНИКӢ

 

Моддаи 35. Қоидаҳои умумӣ                               

Боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ таъсисотеанд, ки ба мақсади дар шароити сунъӣ муҳофизат кардану омӯхтан ва мукаммал намудани объектҳои олами наботот ташкил карда шудаанд. Боғҳоидендрологӣ ва ботаникӣ метавонанд ҳам шахсиятҳои ҳуқуқии мустақиме бошанд, ки таъминоташон аз ҳисоби буҲети давлат сурат мегирад ва ҳам ба таркиби муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимӣ шомил гардида, дар баланси онҳо бошанд.

Замини боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ аз ҳисоби истифодаи хоҷагӣ хориҷ карда, барои истифодаи доимӣ ба боғҳои дендрологӣ ва бо­таникӣ дода мешавад.

 

Моддаи 36. Тартиби ташкил кардан, режими боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ

Боғҳоидендрологӣ ва ботаникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳиявӣ ва ё мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳиявӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил мекунанд.

Дар ҳудуди боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҲрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҲудияти набототи худрӯи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.

Ҳудуди боғҳои дендрологӣ ва ботаникиро ба минтақаҳои зайл тақсим кардан мумкин аст:

минтақаи намоишӣ, ки ба тамошои он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;

минтақаи илмию таҷрибавӣ, ки ба он фақат кормандони илмии боғи дендрологӣ ва ботаникӣ, инчунин мутахассисони дигар муассисаҳо даромада метавонанд;

минтақаи мамнӯъгоҳҳое, ки дар он комплексҳои муқаррарию нодир ва объектҳои растаниҳои табиӣ ҳифз карда мешаванд;

минтақаи маъмурӣ.

Вазифаҳои мушаххас, соҳаи илмӣ, статуси ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои реҲим ва муҳофизати ҳар боғи дендрологӣ ва ботаникӣ дар низомномаҳои алоҳидаи онҳо муайян карда мешавад. Ин Низомномаҳоро мақоме, ки боғҳо дар ихтиёраш аст, тасдиқ мекунад.

 

ФАСЛИ IХ.

МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ, КУРОРТӢ ВА ТАБОБАТИЮ  СОЛИМГАРДОНӢ

 

Моддаи 37. Қоидаҳои умумӣ

Ба сифати минтақаҳои табиию курортӣ ва табобатию солимгардонӣ ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда эътироф карда мешаванд, ки дорои хусусиятҳои табиӣ (дорои ҳавои хеле хушк, фитонсиду гили табобатӣ ва обҳои маъдании фаровон) буда, барои табобату пешгирии касалиҳо  мусоидат менамоянд.

Тартиби минтақаҳои курортӣ ва табобатию солимгардонӣ эълон кардани ҳудудҳои табиӣ ва режими муҳофизати онҳо бо Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 38. Режими минтақаҳои табиӣ, курортӣ ва табобатию солим­гардонӣ

Ба мақсади ҳифзи хосиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз харобшавию олудагӣ ва пеш аз мӯҳлат хароб шудани онҳо ҳавзаҳои муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешаванд.

Дар ҳавзаҳои муҳофизати санитарӣ анҲом додани корҳое, ки хоку манбаъҳои об, ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба Ҳангалзор зиёну ба хосиятҳои муолиҲавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

 

ФАСЛИ Х.

МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ДАМГИРӢ

 

Моддаи 39. Қоидаҳои умумӣ

Ҳудудҳоитабиии махсус муҳофизатшаванда ё қитъаҳои обе, ки барои дамгирии оммавии муташаккилонаи аҳолӣ ё туризм пешбинӣ шудаанд, минтақаҳои дамгирӣ дониста мешаванд.

Минтақаҳои табиии дамгирӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рӯи пешниҳоди мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо мувофиқаи истифодабарандагони манфиатдори обу замин ва ҷангал минтақаҳои та­биии дамгирӣ эълон карда мешавад.

 

Моддаи 40. Режими минтақаҳои табиии дамгирӣ

Дар ҳудуди минтақаҳои дамгирӣ фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири бад расонида, манзараҳои табиатро хеле тағйир медиҳад ва дигар амале, ки ба истифодаи ин минтақаҳо аз рӯи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.

Минтақаҳои табиии дамгирӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва туризм мувофиқи шартномаҳое истифода карда мешаванд, ки коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои туристӣ бо истифодабарандаи асосии захираҳои табиии ин ҳудудҳо ва бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мебанданд.

Режими минтақаи табиии дамгирӣ бо Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

ФАСЛИ ХI.

ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 41. Муҳофизати мамнӯъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии давлатӣ

Мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ аз тарафи хадамоти махсуси муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ ҳифз намуда, бо Низом­номаи тасдиқнамудаи мақоме, ки мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ дар ихтиёрашон мебошад, танзим карда мешавад

Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандааз ҷумлаи кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давла­тӣ мебошанд.

Директори мамнӯъгоҳу боғи табиии давлатӣ ва муовинони ӯ саринспектори давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.

 

Моддаи 42. Ҳуқуқи инспекторони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ                         

Кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ, ки инспекторони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳомебошанд, ҳақ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои инспекторони давлатии муҳофизати табиат ва ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Кормандони муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон силоҳ гирифта гарданд.

Силоҳ мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида дода, нигоҳ дошта, ги­рифта гашта ва истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 43. Муҳофизати боғҳои табиии давлатии маҳаллӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ ва дигар ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Боғҳои табиии давлатии маҳаллӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ ва дигар ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин боғу ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешаванд.

 

ФАСЛИ ХII.

ҲАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ РЕЖИМИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ  ВА  ОБЪЕКТҲОИ  МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 44. Ҳавобгарӣ барои риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда

Шаҳрвандон ва мансабдороне, ки барои риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда гуннаҳкоранд, аз рӯи қонунҳои мавҷуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, шахсиятҳои ҳуқуқии байналмилалии хориҷӣ, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда расондаанд, ба андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.

 

ФАСЛИ ХIII.                              

ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ ВА  ОБЪЕКТҲОИ  МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

 

Моддаи 45. Шартномаҳои байналмилалӣ

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ва дигар категорияҳои объектҳои байналмилалӣ дохил кардан мумкин аст.

Агар дар шартномаи байналмилалӣ оиди ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда нисбат ба қоидаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

 

 

        Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 328.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҲЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳоитабиии махсус муҳо­физатшаванда»

 

(Ахбори МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод.354)

 

МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» аз лаҳзаи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонун «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» мувофиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мувофиқ кунонад;

- аз тарафи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав баррасӣ ва бекор карда шудани санадҳои меъёриро мувофиқи Қонун «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» таъмин намояд.

 

 

Раиси МаҲлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       С. РАҲАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 329.

Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА

ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

     

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ  бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши  моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона шудааст.

 

                                              БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- моҳипарварӣ - фаъолият оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, афзун гардонидан, ҳифз кардан ва ба фурӯш баровардани моҳӣ ва маҳсулоти он;
- моҳипарварии истироҳатӣ - фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ бо мақсади моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, нигоҳ доштани моҳӣ дар аквариум ва шаклҳои дигари парвариш;
- моҳипарварии молӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар шароити табиӣ ё сунъӣ офаридашудаи зист бо мақсади ба даст овардани даромад;

- моҳигирӣ - фаъолият оид ба сайди моҳӣ, инчунин коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, фурӯши моҳӣ ва маҳсулоти он; 
- моҳигирии ҳаваскорӣ - сайди моҳӣ барои истеъмоли шахсӣ бе мақсади ба даст овардани даромад;

- моҳигирии варзишӣ - намуди истироҳати фаъол вобаста ба дошта гирифтани моҳӣ аз манбаъҳои об бо мақсади мусобиқа ё истироҳат бо истифодаи воситаҳои моҳигирии варзишӣ;

- захираҳои моҳӣ - сарватҳои моҳие, ки дар обҳавзаҳои табиӣ мавҷуданд;
- моҳии зотӣ - ҳамаи фардҳои нарина ва модинаи моҳӣ, насли он, нутфа ва тухмҳои бордоршудаи (зиготаи) дорои сертификат ё шаҳодатномаи зотӣ;
- моҳии молӣ - ҳамаи намудҳои моҳии дусола ва сесола, ки барои фурӯш мувофиқ аст;

- квотаи моҳигирӣ - меъёри имконпазири сайди моҳие, ки бо мақсади моҳигирӣ илман асоснок карда шудааст;

- бозтавлиди захираҳои моҳӣ - фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар шароити табиӣ ё сунъӣ бо мақсади барқарор намудан ва нигоҳ доштани захираҳои моҳӣ;

- Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ - маҷмӯи ба низомдаромадаи иттилооти ҳуҷҷатгузоришуда дар бораи захираҳои моҳӣ, истифода ва ҳифзи онҳо;

- мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ - фаъолият оид ба  ҳавзҳои нав сар додани селаи моҳии дорои аҳамияти истеҳсолӣ бо мақсади зиёд кардани маҳсулоти моҳӣ; 

- объектҳои моҳигирӣ - объектҳои нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ, аз ҷумла парвариши он, дар шароити табиӣ ё сунъӣ; 

- объектҳои обии дорои аҳамияти моҳипарварӣ (минбаъд - объектҳои обӣ) - ҳавзу обанборҳо, дарёву каналҳо, инчунин қитъаҳои алоҳидаи онҳо, ки муҳити зисти захираҳои моҳӣ буда, барои моҳипарварӣ истифода мешаванд;

- маҳсулоти моҳӣ - моҳии зинда ва ғайризинда, моҳии шӯр, моҳии хушк, моҳии дудхӯрда, консервкардашуда, тухми моҳӣ;
- воситаҳои моҳигирӣ - дастгоҳ ва асбобу олоти моҳидорие, ки барои сайди моҳӣ истифода мешаванд;

- мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ - қисми таркибии низоми ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  системаи мушоҳидаҳои мунтазам оид ба сифат, бозтавлид, миқдор, тақсими захираҳои моҳӣ, ҳолати моҳигирӣ, муҳити зист ва ҳифзи  захираҳои моҳиро дар бар мегирад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.


       Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

   Вазифаҳои Қонуни мазкур инҳоянд:

- таъмини истифодаи асоснок ва оқилона, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ;

- пешгирии вайрон намудани қоидаҳои моҳигирӣ ва роҳ надодани сайди ғайриқонунии моҳӣ;

- муқаррар намудани принсип ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастгирии давлатӣ, ки ба нигоҳдории захираҳои моҳӣ, рушди хоҷагиҳои моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва зиёд кардани маҳсулоти он равона шудаанд;
- пешгирии камшавӣ, таъмини нигоҳдорӣ ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ;
- пешгирӣ, кам намудан ва рафъи ифлосшавии муҳити зисти захираҳои моҳӣ бо партову моддаҳои хатарнок ва зараровар.

 

           Моддаи 4. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
  Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ инҳоянд:

- ба назар гирифтани моҳияти захираҳои моҳӣ ҳамчун яке аз асосҳои ҳаёту фаъолияти инсон;

- афзалияти нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо;
- пешгирии оқибатҳои номатлуби экологӣ;

- иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои марбут ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- ошкорбаёнӣ ҳангоми ба истифода додани объектҳои обии дорои аҳамияти моҳипарварӣ ва моҳигирӣ.

 

           БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ,  МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

         Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ;

-  таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ; 

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ;

- салоҳиятҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд

 

       Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:

- танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, ташкил ва маблағгузорӣ дар ин соҳа;

- ташкили низоми махсуси омӯзиши захираҳои моҳӣ дар ҳавзаҳои табиӣ, дарёву каналҳои аҳамияти истеҳсолидошта, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрию техникӣ ва методӣ;

- омодасозии тавсияҳо оид ба парвариш ва истифодаи зотҳои беҳтарини моҳӣ, беҳсозии сифати маҳсулот ва афзунгардонии маҳсулнокии соҳаи моҳипарварӣ;
- таҳия ва тасдиқи чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи оқилона, омӯзиш ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он;
- гирифтани иттилооти зарурӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд;

- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровар ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо;
- назоратбарии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар  ин соҳа фаъолиятдошта, ҳолати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-техникӣ ва дигар таҳқиқот дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи моҳӣ;

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
- пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
- ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.


      Моддаи 7. Мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

  1. Маълумотҳои дар натиҷаи мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бадастовардашуда ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- таҳияи Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;

- омодасозии иттилооти ҳарсола ва истифодаи он дар гузоришҳои давлатӣ оид ба вазъи соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
- ошкор ва пешгӯӣ намудани равандҳое, ки ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо таъсир мерасонанд;

- ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардида, ворид намудани маҳдудиятҳо барои моҳигирӣ;
- таҳияи тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, ворид намудани онҳо ба қоидаҳои моҳигирӣ;

- таъмини эҳтиёҷоти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти боэътимод оид ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо.
2. Мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ, бо ҷалби ташкилотҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ гузаронида мешавад.

3. Тартиби амалигардонии мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ва истифодаи маълумоти он ба мақсадҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар  карда мешавад. Пешниҳоди маълумот оид ба мониторинг ба мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи дархости онҳо, инчунин мубодилаи ин маълумот байни онҳо ройгон мебошанд.


      Моддаи 8. Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ
1. Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз иттилооти зерин иборат мебошад:
- хусусиятҳои миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои моҳӣ;
- объектҳои обӣ;

- соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба моҳипарварӣ машғуланд;
- дар бораи воситаҳои сайди моҳӣ;

- қарорҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар асоси онҳо ҳуқуқи сайди захираҳои моҳӣ ба миён меояд;
- дар бораи ҳаҷми сайди ҳарсолаи моҳӣ;

- иттилооти дигари ҳуҷҷатгузоришуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ.

2. Иттилооти ҳуҷҷатгузоришудаи Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба иттилооти дастраси умум мансуб мебошад, ба истиснои иттилооте, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба моҳигирӣ машғуланд (ба истиснои моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ), уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоотеро, ки ба Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ворид карда мешаванд, пешниҳод намоянд.

4. Номгӯи иттилооте, ки пешниҳоди он ҳатмӣ мебошад, шартҳои пешниҳод, инчунин тартиби пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

                              БОБИ 3. ҲУҚУҚ БА ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

        Моддаи 9. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ

1. Захираҳои моҳии объектҳои обии хусусияти табиидошта, моликияти истисноии давлат мебошанд.

2. Захираҳои моҳии қитъаҳои алоҳидаи объектҳои обӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд.

 

Моддаи 10. Маҳдуд ва қатъ кардани ҳуқуқи сайди моҳӣ 

1. Ҳуқуқи сайди захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур мумкин аст, маҳдуд карда шавад.

2. Ҳуқуқи сайди моҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- ба охир расидани муҳлати амали ҳуқуқи сайди моҳӣ;

- тибқи шартномаи байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсе, ки ба ихтиёраш захираҳои моҳӣ барои истифода дода шудаанд;

- аз ҳуқуқи сайди моҳӣ даст кашидани шахсе, ки ба ихтиёраш захираҳои моҳии мазкур барои истифода дода шудаанд;

- барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё фавти шахси воқеӣ, ки ба ихтиёри ӯ захираҳои моҳӣ барои истифода дода шуда буданд;

- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷтикистон.


         Моддаи 11. Додани объектҳои обӣ ва қитъаҳои алоҳидаи онҳо барои истифода бо мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ

1. Объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, бо мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дода шаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки уҳдадориҳои худро мувофиқи шартномаҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ дар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи он пурра иҷро кардаанд, барои истифодаи ин объектҳо дар муҳлати нав ҳуқуқи имтиёзнок доранд.

3. Моҳипарварӣ ва моҳигирӣ дар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо маҳдуд карда намешаванд, ба истиснои:

- сайди намудҳои моҳии кӯчанда ва дигар намудҳои ба ҳифзи махсус эҳтиёҷдошта;

- ҳолатҳои маҳдуд намудани сайди моҳӣ бо мақсади ҳифзи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

 

                         БОБИ 4. НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ  ВА ҲИФЗИ  ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

         Моддаи 12. Намудҳои фаъолият дар  соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд намудҳои фаъолияти зеринро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ намоянд:
- бозтавлиди сунъии моҳӣ;

- моҳипарварии молӣ;

- моҳипарварии истироҳатӣ. 

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бо як ё якчанд намуди фаъолияти соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, машғул шаванд.


           Моддаи 13. Бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ

1. Бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ дар объектҳои обӣ дар асоси тадбирҳои илман асоснок анҷом дода мешавад.

2. Тадбирҳо оид ба бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ парвариш намудан ва ба объектҳои обӣ сар додани селаи моҳичаҳо, инчунин анҷом додани корҳо оид ба мутобиқкунонӣ (акклиматизатсия) ва мелиоратсияи объектҳои обӣ, аз ҷумла дошта гирифтани фардҳои аҳамияти истеҳсолидоштаро аз ҳавзаҳои табиӣ дар бар мегиранд.

3. Тадбирҳо оид ба бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ аз ҷониби муассисаҳои махсусгардонидашуда, инчунин аз тарафи субъектҳои дигар аз ҳисоби маблағи худи онҳо дар асоси шартномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда гузаронида мешаванд.


       Моддаи 14. Моҳипарварии молӣ

    1. Моҳипарварии молӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо, қафасҳои сунъӣ, кӯлҳои моҳипарварӣ, палҳои шолӣ, инчунин дар дигар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо анҷом дода мешавад.

  2. Моҳипарварии молӣ бо истифодаи моҳие, ки барояш муҳити зисти сунъӣ фароҳам оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

  3. Моҳии молие, ки дар шароити табиӣ ва муҳити зисти сунъӣ парвариш меёбад, ба ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дода мешавад.

  4. Қоидаҳои истифодаи объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо барои моҳипарварии молӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

     Моддаи 15. Моҳипарварии истироҳатӣ

  1. Моҳипарварии истироҳатӣ дар ҳавзҳо, кӯлҳои минтақаҳои истироҳатӣ, инчунин дар объектҳои обӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.

 2. Моҳипарварии истироҳатӣ аз ҳисоби захираҳои моҳие, ки дар шароити табиӣ ва муҳити зисти сунъӣ парвариш меёбад, ба роҳ монда мешавад. 
3. Қоидаҳои истифодаи объектҳои обиро барои моҳипарварии истироҳатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.


       Моддаи 16. Истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ

  Истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ, инчунин мониторинг, назорати сифат ва бехатарии ҳамлу нақли он мувофиқи меъёрҳои технологӣ ва шартҳои техникии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

      Моддаи 17. Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ

1.     Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ аз фардҳои арзишманд, ирсӣ (генетикӣ) ва дорои аҳамияти хоҷагӣ бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва мунтазам гирифтани насл ташаккул дода мешаванд.
2. Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ қарор дошта бошанд.
3. Тартиби ташаккул ва истифодаи селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

                  БОБИ 5. МОҲИГИРӢ

 

         Моддаи 18. Намудҳои моҳигирӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (истифодабарандагон) метавонанд намудҳои зерини моҳигириро амалӣ намоянд:

- бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ;

- дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ;

- ҳаваскорӣ;

- варзишӣ.

2. Номгӯи намудҳои моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. 

 

       Моддаи 19. Қоидаҳои моҳигирӣ

Қоидаҳои моҳигирӣ, ҳамчун санади танзимкунанда, барои амалӣ намудани моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.


   Моддаи 20. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ

1. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ барои омӯзиш ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, инчунин муҳити зисти онҳо, гузаронидани мониторинги давлатӣ, муайян кардани сайди имконпазир ва таҳияи тадбирҳои нигоҳдории онҳо амалӣ мешавад.

2. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар асоси барномаҳои ҳарсолаи таҳқиқот ва мониторинги захираҳои моҳӣ амалӣ мегардад. Барномаҳои таҳқиқот ва мониторинги захираҳои моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
3. Сайди захираҳои моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар ҳаҷми зарурӣ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва назоратӣ амалӣ мешавад.
4. Тартиби сайди моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

       Моддаи 21. Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ

1.     Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ аз ҷониби истифодабарандагон мувофиқи қоидаҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур тасдиқ кардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ дар доираи квотаҳои ҷудошудаи сайди моҳӣ амалӣ мегардад.

3. Моҳигирӣ бо мақсади парвариши моҳии молӣ барои амалҳои зерин анҷом дода мешавад:

- бунёд намудани саршумори зарурии моҳии наслдиҳандаи зотӣ бо мақсади бозтавлид;

- ташаккули селаи моҳии зотӣ  ва такмилӣ.
4. Моҳигирӣ бо мақсади бозтавлид ва  ғанӣ гардонидани захираҳои моҳӣ, бо роҳи дошта гирифтани фардҳои пурарзиши моҳиҳо аз объектҳои обӣ амалӣ карда мешавад.

5. Моҳигирӣ бо мақсади мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ, бо роҳи ба объектҳои обӣ интиқол додани селаи моҳӣ ва  устувор намудани захираҳои пурарзиши моҳӣ анҷом дода мешавад.

6. Моҳии бо мақсади бозтавлид сайдшуда баъд аз анҷом додани корҳои дахлдор дар минтақаи зотпарварии хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ истифода мешаванд.

           Моддаи 22. Моҳигирӣ дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

   Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бо моҳидории истеҳсолӣ машғуланд, метавонанд дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ моҳӣ сайд кунанд.

 

Моддаи 23. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ

1. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд бо истифода аз воситаҳои моҳигирӣ дар объектҳои обӣ, моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзиширо ройгон анҷом диҳанд, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
2. Моҳигирии ҳаваскорӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ ва (ё) қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ба истироҳати фаъол амалӣ карда мешавад. Назорати моҳигирии ҳаваскорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Моҳигирии варзишӣ метавонад бо шарти баргардонидани захираҳои моҳии сайдшуда ба муҳити зисташон ва бе чунин шарт анҷом дода шавад.
4. Тартиби моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, инчунин номгӯи воситаҳои моҳигирии истифодаашон бо ин мақсадҳо иҷозатдодашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

5. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои обие, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, бо мувофиқаи соҳибмулкони онҳо анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 24. Маҳдудият ба моҳигирӣ

 1. Бо мақсади таъмини нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонанд ба моҳигирӣ маҳдудиятҳои зерин муқаррар карда шаванд:

- манъ кардани моҳигирӣ дар ҳудудҳои муайян ва (ё) нисбат ба  намудҳои алоҳидаи захираҳои моҳӣ;

- андоза ё вазни ҳадди ақалли сайди захираҳои моҳӣ;
- намуд ва миқдори воситаҳои иҷозатшуда ва усулҳои сайди захираҳои моҳӣ;

- ҳаҷм ва таркиби захираҳои моҳӣ;

- давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои обӣ.

2. Маҳдудияти моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти тавсияҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ муқаррар карда мешаванд.


          Моддаи 25. Маҳдудияти сайди намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ

  1. Маҳдудияти сайди намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ, ки ба Китоби сурх дохил карда шудаанд, вобаста ба мақсади сайди онҳо муайян карда мешавад, ки дар натиҷаи ин набояд ба захира ва муҳити зисти онҳо зарар расонида шавад.

  2. Ҳангоми сайди намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи моҳӣ, воситаҳо ва усули сайд бояд мувофиқ буда, ба захираҳои моҳӣ зарар нарасонанд.

  3. Дар хусуси сайди ғайриқонунии намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ санад тартиб дода мешавад.

 

    Моддаи 26. Квотаҳои сайди моҳӣ

 1. Сайди имконпазири моҳӣ ҳар сол аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ  нисбат ба квотаҳои зерин ҷудо ва тасдиқ карда мешавад:

- моҳигирии истеҳсолӣ;

- моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ (квотаҳои илмӣ);
- бо мақсади бозтавлид ва мутобиқкунонии  (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ;

- бо мақсади ташкили моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ.
2. Квотаҳои сайди моҳӣ мувофиқи дархости истифодабарандагон ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба намудҳои моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тасдиқ карда мешаванд.

3. Квотаҳо тавассути бастани шартномаҳо бо истифодабарандагон ба муҳлати як сол тасдиқ  карда мешаванд.

4. Сайди имконпазири умумии моҳӣ барои ҳар як объекти обӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Сайди имконпазири умумии моҳӣ бо тонна, сентнер ва килограмм ҳисоб карда мешавад.

5. Сайди имконпазири умумии моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ (квотаҳои илмӣ) бо килограмм ё бо воҳидҳои алоҳида (фардҳо) ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 27. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва

                                                ҳифзи захираҳои моҳӣ

1. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳоиҳӣ бо мақсади таҳияи тавсияҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла пешниҳодҳо оид ба тақсими квотаҳои сайди моҳӣ, таъсис дода мешавад.

2. Тартиби фаъолияти Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ  ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОНҲО

                                  Моддаи 28. Мелиоратсияи объектҳои обӣ 

  1. Мелиоратсияи объектҳои обӣ тадбирҳои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои ҳолати гидротехникӣ, гидрологӣ, гидрогеохимиявӣ ва экологии объектҳои обиро бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои муносиб ҷиҳати ҳифз, бозтавлид, зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ дар бар мегирад.

 2. Объектҳои мелиоратсия метавонанд объектҳои обӣ бошанд.
 3. Тартиби гузаронидани мелиоратсияи объектҳои обӣ ва моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.


       Моддаи 29. Мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ

   1. Мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ ба мақсади зиёд кардани маҳсулнокӣ ва арзиши ҳавзу обанборҳо, беҳтар намудани таркиб ва намудҳои моҳӣ, ҳифз ва зиёд кардани миқдори намудҳои алоҳидаи моҳии хушзот амалӣ мегардад.

  2. Назорат ва тартиби амалӣ намудани тадбирҳо оид ба мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

  3. Пеш аз тадбирҳои мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ асосномаи биологии гузаронидани чунин тадбирҳо бояд таҳия ва тасдиқ карда шаванд. Асосномаи биологӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузарад ва аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шавад.
  4. Мушоҳидаи натиҷаи тадбирҳо оид ба мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ якҷоя бо сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад барои:

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти пурра дар бораи натиҷаи ба объектҳои обӣ оварда сар додани моҳӣ;

- ҳалли масъалаҳо дар бораи қатъ намудани мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ ба объектҳои обӣ.

 

Моддаи 30. Меъёрҳои сифати объектҳои обӣ, талабот нисбат ба низоми ин объектҳо

1. Нигоҳ доштани объектҳои обӣ ва моҳигирӣ дар ҳолати ҷавобгӯии талаботи дахлдори экологӣ, инчунин талаботи ҳифзи захираҳои моҳӣ ва бозтавлиди онҳо тавассути муқаррар ва риоя намудани меъёрҳои сифати объектҳои об таъмин мешавад.

2. Меъёрҳои сифати об дар объектҳои обӣ ва моҳигирӣ, аз ҷумла ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

3. Ба объектҳои обӣ ва моҳигирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда партофтани моддаҳои зараровар, ки ҳадди имконпазири онҳо барои объекти обии мазкур муқаррар нагардидааст, манъ мебошад.

 

 

 

Моддаи 31. Объектҳои обӣ ва моҳигирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 

1. Бо мақсади ҳифзи шароити бозтавлиди захираҳои моҳӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият маҳдуд мегардад.
2. Объектҳои обӣ ва моҳигирӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо, ки барои ҳифзи захираҳои моҳии намудҳои пурарзиш муҳиманд, метавонанд ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои низоми дахлдор эълон карда шаванд. Тартиби таъсис, фаъолият, масоҳат ва сарҳади чунин ҳудудҳои табиӣ бо дарназардошти маҳсулнокӣ ва таркиби захираҳои моҳӣ муайян  карда мешаванд.

3. Тартиби муайян намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, маҳдуд намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, хусусиятҳои ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо дар ин ҳудудҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 
         Моддаи 32. Талабот нисбат ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он ҳангоми ҷойгир кардани объектҳои хоҷагидории тарҳрезишаванда ва иҷрои корҳо дар объектҳои обӣ

1. Ҳангоми ҷойгир кардани объектҳои хоҷагидории тарҳрезишаванда, ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ ва иҷрои дигар корҳо дар объектҳои обӣ, моҳигирӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо бояд пешбинӣ карда шаванд. Фаъолияти мазкур танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешавад.

2. Тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он бояд то оғози фаъолияти банақшагирифташуда татбиқ карда шаванд.

3. Ҳангоми пурра ё қисман пешгирӣ карда натавонистани таъсири фаъолияти зикршуда ба ҳолати захираҳои моҳӣ, метавонанд тадбирҳои ҷуброни нигоҳдорӣ ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ, инчунин барқарор намудани муҳити зисти онҳо пешбинӣ шаванд.

 

 

                                     БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
        Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ"

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 "Дар бораи моҳипарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, мод. 544) аз эътибор соқит дониста шавад.                             
          Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН,
ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013,

№ 1021

 

Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 329 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 294) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 226 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 360) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мавзўи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур намудҳои дигари пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, супорандагон, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти онҳоро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- дигар пардохтҳои ҳатмӣ- пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ (минбаъд- буҷет), ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад;

-хироҷ – пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, ки барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ситонида мешавад;

-пардохт- пардохти ҳатмӣ, ки барои иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда ситонида мешавад;

-супорандагон- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ўҳдадорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет гузошта шудааст;

-мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рўи иҷрои дигар ўҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

-мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкунӣ ва (ё) ҷамъоварии дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Намудҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

1.        Дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ иборатанд.

2.        Ба дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ инҳо дохил мешаванд:

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;

-хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад;

-хироҷи консулӣ;

-хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-хироҷи иҷозатномадиҳӣ;

-пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад;

-пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ;

-пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;

-пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;

-пардохт барои истифодаи ҷангал;

-пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот.

3. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

–хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ;

–хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ;

–хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он;

–хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм;

–пардохт барои ҷойгир намудани рекламаи берунӣ.

4. Ба ғайр аз пардохтҳои ҳатмӣ ва хироҷҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, муқаррар намудани хироҷу пардохтҳои нав, инчунин тағйир додан ё бекор намудани хироҷу пардохтҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 5. Пардохти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

1. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) ҳисоб карда мешаванд.

2. Хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Боби 2. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад

 

Моддаи 6. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми бақайдгирии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки тақсимоти спектрҳои басомадро ба танзим медарорад, (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 7. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мақомоти бақайдгиранда ба манфиати онҳо бақайдгириро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 8. Имтиёзҳо

Аз пардохти хироҷ ташкилотҳои буҷетӣ озод мебошанд.

 

Моддаи 9. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷро мақомоти бақайдгиранда мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунад ва то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишон додашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 3. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

киштиҳои ҳавоии  гражданӣ

 

Моддаи 10. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои ҳавоии гражданӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки киштиҳои ҳавоии граждании бақайдгирифташаванда доранд.

 

Моддаи 12. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ  баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 4. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ

 

Моддаи 13. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоии бақайдгирифташаванда доранд.

 

Моддаи 15. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 5. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ

 

Моддаи 16. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ (минбаъд- хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи доруворӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии маводи доруворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи назорати маводи доруворӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки маводи дорувориро барои бақайдгирӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 18. Имтиёзҳо

Маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кўмаки башардўстона ворид карда мешаванд, аз пардохти хироҷ барои бақайдгирӣ озод мебошанд.

 

Моддаи 19. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро  пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 6. Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти

автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

Моддаи 20.  Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.        Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- хироҷ) дар мавридҳои зайл ситонида мешавад:

–даромадан (баромадан) ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кашондани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд;

-ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии калонҳаҷм ва (ё) вазнини хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷие мебошанд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 22. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пардохта мешавад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи хироҷи  бо пули нақд пардохташударо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.

 

Боби 7. Хироҷ барои додани иҷозати истифодаи

спектри радиобасомад

 

Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад

1. Хироҷ  барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми додани иҷозат (нусхаи дуюми иҷозат) барои истифодаи спектри радиобасомад аз ҷониби мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, ситонида мешавад. Муқаррароти ҳамин боб нисбати Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи телевизион ва радио додашуда амал менамояд, татбиқ карда мешавад.

2. Тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Маблағҳои яквақта, ки ҳангоми тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад бо роҳи гузаронидани озмун ситонида мешаванд, ба ҳисоби хироҷи мутобиқи ҳамин боб пардохташаванда гузаронида намешаванд.

 

Моддаи 24. Супорандагони хироҷ

1. Супорандагони хироҷ ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние мебошанд, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро мегиранд.

2. Аз супоридани хироҷ ташкилотҳои давлатие, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро барои иҷрои ўҳдадориҳои асосии вазифавии ба зиммаи ҳамин ташкилотҳои давлатӣ гузошташуда мегиранд, озод мебошанд.

 

Моддаи 25. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани иҷозат дар мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 8. Хироҷҳои консулӣ

 

Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷҳои консулӣ

Хироҷи консулӣ (минбаъд-хироҷ) аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои консулӣ ва додани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ (минбаъд- хизматҳои консулӣ) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонида мешавад.

 

Моддаи 27. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 28. Имтиёзҳо

1. Хироҷҳои консулӣ ситонида намешаванд:

-ҳангоми мавҷуд будани созишномаи байналмилалӣ оид ба даст кашидан аз ситонидани пардохтҳои консулӣ, ки иштирокчии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз шаҳрвандони давлатҳое, ки ҳамин созишномаи байналмилалиро ба имзо расонидаанд;

-барои додани раводидҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба шахсоне, ки ба ҳайати намояндагони расмӣ ва ҳукуматӣ шомиланд ва кормандони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ;

-дар ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

-барои барасмиятдарории раводидҳои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расондани борҳои дорои хусусияти башардўстона ё ҳаллу фасли масъалаҳои расондани онҳо ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд;

-аз рўи дархости мақомоти ваколатдор оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои аз рўи дархости ҳукумат ва шаҳрвандони алоҳидаи мамлакатҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо оид ба кўмаки ҳуқуқӣ бастааст, талаб кардани ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои ҷиноятӣ, оид ба алиментҳо, оид ба кўмакпулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ, оид ба писархондӣ, оид ба ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии ноболиғон, ҳамчунин барои ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод ба муассисаҳои таълимӣ заруранд ва аз ҷониби мақомоти судӣ, нотариат ва мақомоти сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ дода мешаванд;

-барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои талабшаванда, ки дар сархатҳои боло нишон дода шудаанд;

-барои тасдиқи васиятномаҳо, шартномаҳои бахшиши амвол аз ҷониби шахсони воқеӣ ба фоидаи давлат;

-барои гирифтани шаҳодатномаҳо дар хусуси ба мерос гирифтани амвол аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки мубталои бемориҳои рўҳии доимӣ буда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти васоят гирифта шудаанд;

-барои анҷом додани амалҳои консулӣ нисбати кўдакони то 16-сола;

-барои додани шаҳодатномаи вафот;

-барои додани шаҳодатнома ҳангоми ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба навиштаҷоти санадҳои таваллуд, вафот, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ – бинобар хатоҳое, ки ҳангоми бақайдгирии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ роҳ дода шудаанд;

-барои хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

-дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар намудаанд.

2. Ҳангоми хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъюбони гурўҳҳои I ва II хироҷҳои консулӣ ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонида мешавад.

 

Моддаи 29. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Номгўи амалҳои консулӣ, ки барои анҷом додани онҳо ва номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои додани онҳо хироҷ ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то анҷом додани амалҳои консулӣ ё додани ҳуҷҷатҳо пардохта мешавад.

3. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои консулиро баъди пардохти хироҷ аз ҷониби супоранда анҷом медиҳанд.

4. Пардохти хироҷ бо асъори мамлакате, ки дар ҳудуди он хизматрасонии консулӣ сурат мегирад ё бо ҳар як дигар асъори қобили табодули озод анҷом дода мешавад.

5. Пардохти хироҷҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёри онҳо бо доллари ИМА муқаррар карда шудааст, бо асъори миллӣ мутобиқи қурби расмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар вақти пардохти хироҷ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

6. Хироҷ пардохта мешавад:

-дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар муассисаҳои консулӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ;

-берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ба ҳисоби бонкии махсуси (транзити) намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ё бо пули нақд дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ.

7. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

8. Тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои хироҷ, ҳамчунин тартиби гузаронидани маблағҳои хироҷ ба ҳисоби бонкии махсуси (транзитии) намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ, ки дар хориҷа бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

9. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад.

 

Боби 9. Хироҷ барои додани шиносномаи

шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 30. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шиноснома) ситонида мешавад.

2. Шиноснома аз ҷониби мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 31. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Моддаи 32. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома озод карда мешаванд:

-иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

-нафақахўрон;

-маъюбони гурўҳи як ва ду категорияҳое, ки қонунгузории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 33. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гирифтани шиноснома супорида мешавад.

2.        Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта аз гирифтани шиноснома то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор оид ба додани шиноснома даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки даст кашидани шахсро аз гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 10. Хироҷи иҷозатномадиҳӣ

 

Моддаи 34. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои иҷозатномадиҳӣ

Хироҷи иҷозатномадиҳӣ (минбаъд – хироҷ) барои баррасии ариза, додан, дароз намудани мўҳлати амал ва аз нав барасмиятдарории иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистони ситонида мешавад.

 

Моддаи 35. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома мегиранд.

 

Моддаи 36. Тартиби супоридани хироҷ

Хироҷ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохта мешавад.

 

Боби 11. Пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад

 

Моддаи 37. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад

1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд- пардохт) барои ҷудо кардани номиналҳои (хатҳои, диапазонҳои) спектри радиобасомад (минбаъд – номиналҳои спектри радиобасомад) мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, меситонад.

2. Ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки мақомоти ваколатдори соҳаи алоқа мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тасдиқ мекунанд.

3. Тақсимоти номиналҳои спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Дар ин ҳолат ғолиб баъди ҷамъбасти озмун маблағи яквақтаро бо тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мепардозад.

4. Маблағи пардохти яквақта, ки бояд мутобиқи қисми 3 ҳамин модда супорида шавад, ба ҳисоби пардохти асосӣ гузаронида намешавад.

 

Моддаи 38. Супорандагони пардохт

1. Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро гирифтаанд.

2. Ташкилотҳои давлатӣ, ки спектри радиобасомадро ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии худ истифода мебаранд, супорандагони пардохт намебошанд.

 

Моддаи 39. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳаҷми солонаи истифодаи спектри радиобамсомад муқаррар менамояд.

 

Моддаи 40. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад мақомоте, ки тақсимоти спектри радиобасомадро ба танзим медарорад, ҳисоб мекунад.

2. Дар ҳолате, ки агар давраи истифодаи спектри радиобасомад аз як сол кам бошад, маблағи пардохт аз рўи шумораи моҳҳои истифодаи спектри радиобасомад дар соли ҳисоботӣ муайян карда мешавад.

3. Мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, супорандагонро дар бораи маблағи солонаи пардохт дар мўҳлати на дертар аз 20 феврали соли ҷорӣ огоҳ мекунад.

4. Маблағҳои солонаи пардохт бо ҳиссаҳои баробар дар мўҳлати на дертар аз 20 март, 20 июн, 20 сентябр ва 20 декабри соли ҷорӣ ба буҷет гузаронида мешаванд.

5. Ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро тасдиқ мекунанд, баъди мўҳлате, ки дар қисми 3 ҳамин модда муқаррар карда шудааст, мўҳлати якуми пардохт мўҳлати навбатии баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда мебошад.

6. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пўшонидани фоизҳо ва ҷаримаҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё мувофиқи аризаи супоранда баргардонида мешавад.

 

Боби 12. Пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи

ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ

 

Моддаи 41. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ

1. Пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд-пардохт) барои бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаи нишонаи молӣ, ҳуҷҷати ҳифзкунандаи ихтироъ, патент ба намунаи саноатӣ, шаҳодатнома барои номи ҷойи ба вуҷуд омадани мол (минбаъд – ҳуҷҷатҳои ҳифзкунанда), тамдид ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузашта ситонида мешавад.

2. Амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.

 

Моддаи 42. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие (минбаъд – аризадиҳандагон) мебошанд, ки ҳуҷҷатҳои ҳифзкунандаро мегиранд.

 

Моддаи 43. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро оид ба амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи объектҳои моликияти саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 44. Имтиёзҳо

1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифони ягонаи ихтирои намунаи саноатӣ мебошанд ва патентро ба номи худашон дархост мекунанд ва ё дорандагони ягонаи патенти ихтирои намунаи саноатӣ мебошанд, имтиёзҳои зайл дода мешаванд:

–иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҳамчунин маъюбони гурўҳи I аз пардохт пурра озод карда мешаванд;

-нафақахўрон, маъюбони гурўҳҳои II ва III, талабагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ, аспирантҳо пардохтро ба андозаи 50 фоиз месупоранд.

2. Имтиёзҳо дар асоси дархости аризадиҳанда дода мешаванд.

 

Моддаи 45. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда то аз ҷониби аризадиҳанда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои додани ҳуҷҷати ҳифзкунанда супорида мешавад.

2. Маблағи супоридашудаи пардохт баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони пардохтро супорида то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз гирифтани патент даст кашанд. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби супоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани ҳуҷҷати ҳифзкунанда тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

 

Боби 13. Пардохт барои ифлос кардани муҳити

табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он

 

Моддаи 46. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он

1. Пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он (минбаъд – пардохт) барои анҷом додани фаъолияти истифодаи табиат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ситонида мешавад.

2. Истифодаи табиат дар асоси иҷозате, ки мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист додааст, сурат мегирад.

3. Ифлос кардани муҳити табиии зист бе иҷозате, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашудааст, ҳамчун аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд ифлос кардани он ба ҳисоб меравад.

4. Мақомоти ваколатдори минтақавӣ оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти давлатии ваколатдор муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 47. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба истифодаи табиат анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 48. Объектҳои пардохт

Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми воқеии партовҳо ва пасмондаҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда, зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, пасмонда ва партовҳои садамавии моддаҳои ифлоскунанда, ба вуҷуд омадани партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ва зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, ки ба муҳити табиии зист партофта ё ҷойгиронда мешавад.

 

Моддаи 49. Андозаи пардохт

Андозаи пардохт аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда ифлос кардани муҳити табиии зист андозаи пардохт панҷ баробар меафзояд. Андозаи пардохт барои пасмондаҳои садамавӣ ва партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити табиии зист бо назардошти меъёр ва зарари воқеии расонидашуда муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 50. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағи пардохт аз ҷониби пардохтсупорандагон мустақилона бо дарназардошти ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити табиии зист ва меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ситонида мешавад.

2. Пардохт ба буҷет дар маҳалли ҷойгиршавии манбаи (объекти) ифлоскунии муҳити табиии зист, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда нишон дода шудааст, супорида мешавад, ба истиснои объектҳои сайёри ифлоскунанда, ки барои онҳо пардохт дар ҷойи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон аз ҷониби мақомоти ваколатдор, сурат мегирад.

3. Пардохти маблағҳо аз ҷониби супорандагоне, ки низомҳои махсусро барои шахсони ҳуқуқӣ – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд, бо тартиби зайл сурат мегирад:

–маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 январ то 1 октябри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мўҳлати на дертар аз 20 октябри соли ҷорӣ супорида мешаванд;

–маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 октябр то 31 декабри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мўҳлати на дертар аз 20 март, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, супорида мешаванд.

4. Маблағи барзиёд супоридашудаи пардохт баъди баҳисобгирӣ ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рўи ин пардохт ба ҳисоби пардохтҳои оянда аз рўи ин пардохт ҳисоб карда мешавад ё дар асоси аризаи супоранда ба ҳисоби бонкии ў гузаронида мешавад.

 

Боби 14. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

 

Моддаи 51. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

1. Пардохт барои истифодаи олами ҳайвонот (минбаъд – пардохт) барои аз муҳити табиӣ гирифтани ҳайвоноте, ки дар ҳолати озоди табиӣ зиндагӣ мекунанд, ситонида мешавад.

2. Пардохт ҳангоми дастгир кардани ҳайвонот бо мақсади ҳалқазанӣ ва нишонагузорӣ бо баргардонидани минбаъдаи онҳо ба муҳити табиӣ ситонида намешавад.

3. Мақомоти идораи объектҳои олами ҳайвонот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 52. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот мебошанд.

 

Моддаи 53. Андозаи пардохт

Номгўи объектҳои олами ҳайвонотро, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва меъёрҳои пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

 

Моддаи 54. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Супорандагон мустақилона маблағи пардохтро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, 20 фоизи маблағи пардохтро то гирифтани иҷозат ва 80 фоизи онро аз рўи воқеан баровардани ҳайвонот аз муҳити табиӣ дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот мепардозанд.

2. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот супорида мешаванд.

3. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот қабули маблағҳои пардохтро бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ анҷом медиҳанд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои пардохт, ки бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Маблағҳои пардохташуда баргардонда намешаванд.

 

Боби 15. Пардохт барои истифодаи ҷангал

 

Моддаи 55. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи ҷангал

1. Пардохт барои истифодаи ҷангал (минбаъд – пардохт) барои намудҳои зерини истифодаи ҷангал ситонида мешавад:

-барои тайёр кардани чўб;

-барои тайёр кардани қатрони писта;

-барои тайёр кардани маводи дуюмдараҷаи ҷангалӣ (кундаҳо, пўст ва ғайра);

-барои истифодаи ғайриасосии ҷангал – алафдаравӣ, чарондани чорво, тайёр кардани шираи чубӣ, тайёр ва ҷамъоварии меваҷоти худрўй, чормағз, занбурўғ, меваҳои буттагӣ, растаниҳои доругӣ ва ашёи хоми техникӣ; алафдаравӣ ва чаронидани чорво дар заминҳои кишоварзӣ, ки ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал дохил мебошанд;

-барои мақсадҳои илмию тадқиқотӣ;

-барои мақсадҳои фарҳангию солимӣ;

-барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ.

2. Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар асоси чиптаи ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, фароҳам оварда мешавад.

3. Пардохт барои истифодаи ҷангал то гирифтани чиптаи ҷангал бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд ё бо пули нақд дар сохтторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал сурат мегирад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохт, ки бо пули нақд супорида шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 56. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи ҷангалро (минбаъд – истифодабарандагони ҷангал) гирифтаанд.

 

Моддаи 57. Имтиёзҳо

Аз пардохт озод карда мешаванд:

- сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдор барои аз решааш буридани дарахтон бо мақсадҳои парваришу нигоҳубини ҷангал, ҷангалбурии санитарӣ (интихобӣ ва саросарӣ), ҷангалбурӣ вобаста ба навсозии дарахтзори (ниҳолзори) камарзиш, татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонандаҳо ва касалиҳо, сохтани пайраҳаи ҷангалӣ, ҷангалсозӣ ва чорабиниҳо оид ба таҷҳизонидани сўхторнишонии ҷангал;

- истифодабарандагони ҷангал – барои истифодаи захираҳои чўб, маводи дуюмдараҷаи ҷангал, ки барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат маҳсулоти бадастомада ба сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал бояд дода шавад, ба истиснои он қисмате, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ заруранд. Номгўй ва ҳаҷми он бо назардошти барнома ва усули тадқиқот муқаррар гардида, дар созишнома ё шартнома бо мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал нишон дода мешавад.

 

Моддаи 58. Объекти пардохтбандӣ

Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми истифодаи ҷангал ва (ё) масоҳати қитъаҳои фонди ҷангал мебошад, ки ба истифода дода мешавад.

 

Моддаи 59. Андоза, тартиби ҳисоб ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Андоза ва тартиби ҳисобкунии пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

 

Боби 16. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот

 

Моддаи 60. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот

1. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот (минбаъд – пардохт) барои истифодаи объектҳои олами растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

2. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори назорати истифодаи олами наботот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба истифодаи олами наботот аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд

 

Моддаи 61. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои олами набототро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 62. Андозаи пардохт

Номгўи объектҳои олами наботот, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 63. Тартиб, мўҳлати пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳҳо ё дигар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки мақомоти минтақавии назорати объектҳои олами наботот муқаррар кардааст, мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ супорида мешаванд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохтро, ки бо пули нақд супорида шудааст, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Истифодаи объектҳои олами наботот танҳо ҳангоми дар супорандагон мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани пардохт ба буҷет иҷозат дода мешавад.

3. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

 

Боби 17. Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ

 

Моддаи 64. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ

Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ дар намудҳои зерин ситонида мешавад:

- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);

- рухсати ҳарсола барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракати роҳ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);

- ташхиси давлатии лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои нави воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва қисмҳои воситаҳои нақлиёт;

- ташхиси давлатии лоиҳаҳо оид ба сохтмон, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ ва дигар иншоот.

 

Моддаи 65. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо доранд.

 

Моддаи 66. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.

 

Моддаи 67. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.

3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

 

Боби 18. Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати

давлатии техникаи кишоварзӣ

 

Моддаи 68. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ

Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ ситонида мешавад:

- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;

- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;

- рухсати ҳарсолаи тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард барои истифодабарӣ;

- ташхиси давлатӣ-озмоиши истеҳсолии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, ки ба таври инфиродӣ тармим ва васл гардидаанд.

 

Моддаи 69. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард доранд.

 

Моддаи 70. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ озод карда мешаванд:

- маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- муассисаҳои таълимие, ки курсҳои тайёр намудани кадрҳои механизаторӣ доранд.

 

Моддаи 71. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.

3. Маблағҳои пардоташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

 

Боби 19. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ

ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он

 

Моддаи 72. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд – бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он аз ҷониби мақомоти ваколатдор (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) тибқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 73. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи онҳо ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

Моддаи 74. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он озод карда мешаванд:

- маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- маъюбони дараҷаи I ва II категорияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

- маъюбон ва иштирокчиёни фалокати нерўгоҳи барқии атомии Чернобил.

 

Моддаи 75. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашуда

1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти бақайдгиранда супорида мешавад.

2. Маблағи пардохтшуда баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахси хироҷсупоранда аз бақайдгирифтан то супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти бақайдгирӣ даст кашад. Дар ин ҳолат баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки дар он мақомоти ваколатдор пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ намудааст, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 20. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм

 

Моддаи 76. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд – бақайдгиранда) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи нақлиёт (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 77. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – соҳибони киштиҳои бақайдгирифташаванда мебошанд.

 

Моддаи 78. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 21. Пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ

 

Моддаи 79. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ

Пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ (минбаъд – пардохт) барои ҳуқуқи ҷойгир намудани объектҳои рекламаҳои берунӣ дар шакли плакатҳо, стендҳо, таблоҳои нурафкан, билбордҳо, транспарантҳо, эълонҳо ва дигар объектҳои рекламаи берунӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умум ва дар маҳалҳои аҳолинишин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

 

Моддаи 80. Супорандагони пардохт

1. Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои рекламаҳои беруниро ҷойгир мекунанд.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои рекламаҳои берунӣ, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир намудаанд, пардохт намесупоранд.

 

Моддаи 81. Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт дар асоси масоҳати объекти рекламаҳо муқаррар карда мешаванд:

- аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз рўи объектҳои рекламаҳое, ки дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда мешаванд;

- аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – аз рўи объектҳои рекламаҳое, ки дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ ва дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир карда мешаванд.

 

Моддаи 82. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Андозаи пардохт дар асоси меъёрҳои пардохт ва мўҳлати воқеии ҷойгиршавии объекти реклама, ки дар иҷозатнома муқаррар шудааст, вале на камтар аз андозаи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми гирифтани иҷозатнома супорандагони пардохт ба мақомоти роҳ ё мақомоти ваколатдори маҳаллӣ ҳуҷҷатеро, ки супоридани маблағи пардохтро барои моҳи якуми ҷойгир намудани реклама тасдиқ мекунад, пешниҳод мекунанд.

3. Маблағи пардохт, ки бояд барои як моҳи тақвимӣ супорида шавад, на дертар аз санаи 20-уми моҳи оянда супорида мешавад.

4. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад.

 

Боби 22. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Э.Раҳмонов

 

       ш. Душанбе  28 июли соли 2006

       № 197

 

 

 

 

Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

ҚАРОРИ

 МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод. 213;)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

     - ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷори таклиф пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба ҳамин Қонун  мутобиқ гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ

        ш. Душанбе  27 ноябри соли 2002

       № 737      

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид  ба  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.173)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» баррасӣ  намуда  қарор  мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси  Маҷлиси  миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Душанбе  7 апрели соли 2003 № 358

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи истеҳсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.131; соли 2007,  №5, мод. 368)

 БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии истеҳсол ва муносибати эҳтиёткоронаро бо пеститсидҳо, аз ҷумла бо моддаҳои таъсирбахши онҳо ва ҳамчунин бо агроқимиёҳо бо мақсади ҳифзи сиҳатии одамон ва муҳити зист, муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

Пеститсидҳо – моддаҳои қимиёвӣ ё биологӣ мебошанд, ки барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон (касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо, ки сабабгори талафи маҳсулоти  кишоварзӣ ва масолеҳ, паразитҳо, паҳнкунандагони касалиҳои одам ва ҳайвонот мебошанд), инчунин барои пеш аз ғунучин резонидани барги растанӣ (дефолиантҳо), барои пеш аз ғунучин хушконидани растанӣ (десикантҳо), барои дур кардан, ҷалб кардан   ва тамъизкунии хашаротҳо таъин гардидаанд;

Агрокимиёҳо – нуриҳо, мелиорантҳои (ғизодоруҳои) кимиёвӣ, иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзишу инкишофи растанӣ, танзими ҳосилхезии хок ва хӯроки чорво заруранд;

моддаи таъсирбахши пеститсид - ҷузъи аз ҷиҳати биологӣ фаъоли пеститсид, ки дар шаклҳои гуногун истифода кардани он чун заҳр ба ин ё он хели организмҳои зараровар, ё худ чун дору ба инкишоф ва нашъунамои растанӣ таъсир мерасонад;

ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо  бақадйдгирии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо, ки дар асоси он мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро бо роҳи гузаронидани санҷишҳои қайдшавандаи лабораторӣ ва таҷрибаҳои саҳрои ба қайди давлатӣ мегирад, ба истеҳсол, истифода, фурӯш, кашонидан, нигоҳ доштан, нобуд кардан, реклама кардан, ворид намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба ҷумҳурӣ ва содир кардани онҳоро аз ҷумҳурӣ, иҷозат медиҳад;

дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – талабҳои ҳатмӣ оиди шароит ва тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

таҳиякунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки пеститсидҳо, ё агроқимиёҳоро кор карда мебарорад, коршоямӣ, хосиятҳои заҳрнокӣ ва ба муҳити зист таъсир доштан ё надоштани онҳоро таҳқиқ, мекунад;

тайёркунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро амалӣ мегардонад;

вазъи фитосанитарӣ – ҳолати замин, ҷангал ва наботот, ки бо миқдори ҳашароти зараррасони растанӣ, паҳншавии касалиҳои растанӣ ва мавҷуд будани алафи бегона, муайян карда мешавад;

мониторинги фитосанитарӣ - пешгӯӣ ва муқаррар кардани ҳадди эхтимолии паҳншавӣ, миқдор, суръати инкишоф ва зарароварии организмҳо.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии   Тоҷикистон   оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба он қабул карда мешаванд, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мавриди муомилот қарор додани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз кайди давлатӣ гузаштаро, ки барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона фурӯхтан ё худ бо усулҳои дигар аз як шахс  ба  шахси дигар додан, мумкин аст.

Пеститсидҳо ва агроқимиёҳое, ки ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда дохил нагардидаанд, мавриди муомилот қарор додан, манъ аст.

Муомилоти пеститсидҳои истифодаашон маҳдуд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти қайдшаванда эҳтимолияти ба саломатии одамон ва муҳити зист таъсири манфӣ расонданашон муқаррар гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муомилот қарор дода мешаванд.

 

 

БОБИП.  САЛОҲИЯТИ  ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМИ МАХСУСИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР  СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил мешаванд:

пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткоронабопеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амалӣ гардонидани назорати давлатии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

 ба роҳ мондани ҳамкории байналмилали дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

ташкили озмоишҳои қайдшаванда, экспертизаи натиҷаи озмоишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

ташкили корҳои стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амали гардонидани дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

 

БОБИШ. ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 7. Идораи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Идораи давлатиро дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон бевосита ё худ ба воситаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад.

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳова агрокимиёҳо мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон фаъолият мекунад.

 

Моддаи 8. Ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

 

Моддаи 9. Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо барои тайёр кардан ва асоснок намудани дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо гузаронида мешаванд. Дастури мазкур истифодаи самарабахши пеститсидҳо, агрокимиёҳо ва бехатарии онҳоро барои саломатии одамон ва муҳити зист таъмин менамояд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро шахсони ҳуқуқие амалӣ менамоянд, ки барои ин заминаи илмӣ ва моддию техникӣ дошта, мутахасисони соҳавии дорои маълумоти дахлдор доранд ва аз тарафи макоми махсуси ваколатдори давлатӣӣ, ки ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар зиммаашон аст, ба гузаронидани ин санҷишҳо роҳ  дода шудаанд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз амалҳои зерин иборатанд:

муайян кардани истифодаи самараноки пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ва тартиб додани низомномаи истифодабарии онҳо;

баҳодиҳии хавфи таъсири манфии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба саломатии одамон ва тартиб додани меъёрҳои санитарию гигиенӣ;

баҳодиҳии экологии дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

Шахсоне, ки барои бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, вазифадоранд:

Намунаҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро барои санҷиши қайдшавандаионҳо бепул пешниҳод намоянд;

хароҷоти санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дархостшударо пардохт кунанд.

 

Моддаи 10. Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иҷрои амалҳои зайлро дар бар мегирад:

экспертизаи экологии давлатии натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳоваагрокимиёҳо аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

экспертизаи токсикологӣ - гигиенӣ, ки аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешавад;

экспертизаи дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ташкил карда, санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад.

Тартиби гузаронидани эксиертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Принсипҳои экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳобо принсипҳои зерин асос меёбад:

ҳатман гузаронидани он;

аз ҷихати илмӣ асоснок будани хулосаҳои он;

мустақилияти экспертҳо дар мавриди иҷро намудани ваколатҳои худ;

пулаки гузаронидани он.

Муҳлати гузаронидани экспертиза набояд аз дах моҳ зиёд бошад.

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки барои аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, ҳамчунин таҳиякунанда ҳуқуқи дар экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иштирок карданро надоранд.

Аз хулосаи экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Тартиб ва ташкили гузаронидани экспертизаи натиҷаи санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷиши қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 12. Ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии онҳоро ташкил менамояд, дар асоси хулосаи экспертиза ба мӯҳлати ду сол дар мавриди зарурати гузаронидани тадқиқоти иловагӣ аз рӯи таъсири манфии онҳо ба саломатии одамон ва муҳити зист ба қайди давлатӣ мегирад. Дар ҳолатҳои дигар пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба мӯҳлати даҳ сол ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.  

Бақайдгирии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо то ба охир расидани мӯхлати нишондодашуда ҳангоми пайдо шудани маълумотхои нав дар бораи хавфнокии онҳо, бекор карда ё  боздошта  мешавад.                                                                            

Тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ба шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дода мешавад. Шакли чунин шаҳодатномаи бақайдгириро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Пеститсид ё агрокимиёҳое, ки барои истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил карда мешаванд.

Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои истифодаашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додашударо. мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо на агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад, тартиб медиҳад.

 

Моддаи 13.  (Хориљ карда шуд бо Қ ҶТ аз 12.05.07с  №263)

 

Моддаи 14. Стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии бо маққоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мувофиқашуда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо оиди мутобиқ буданашон ба талаботи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, сертификатсия карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати зҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва   муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститисидҳо ва агрокимиёҳо амалӣ мегардонад.

Тартиби ба роҳ мондани назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

 

БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ОИДИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 16. Кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав

Ҳангоми кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав бояд шароити меҳнат, тарзи ҳифзи саломатии одамон, муҳити зист ва усулҳои назорати дар ин соҳа истифодашаванда, ки онҳо хавфу хатари ба саломатии одамон ва мухити зист таъсири манфӣ расонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро пурра аз байн мебаранд ё худ ба ҳадди камтарин паст мекунанд,  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шаванд.

Таҳиякунанда вазифадор аст хосиятҳои заҳрнокии пеститсидҳо ё агрокимиёҳои ҳосилшударо ҷиҳати таъсирнокиашон ба муҳити зист барои таъмини тадбирҳо оиди муносибати эҳтиёткорона бо онҳо, таҳқиқ, намояд.

 

Моддаи 17. Маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Бо мақсади истифодабарандагонро таъмин намудан бо маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо шахсоне, ки аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дархост кардаанд, ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан дар бораи кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо. ҳамчунин тамғақоғази борҷомаи дорои аломату нишони огоҳонӣ, тавсияномаҳо пешниҳод мекунанд.

Талаботро нисбати шаклу тартиби тасдиқи тавсияномаҳои кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ҳамчунин нисбати тамғақоғази борҷома мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агроқимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ҳангоми фурӯхтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо фурӯшанда вазифадор аст. ба ҳар кадом зарфи дорои пеститсидхо ё агрокимиёхо тавсияномаи истифода, кашонидан ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо, хамчунин тамғақогази борҷомаро таъмин намояд.

Рекламаи пеститсидҳо ва агроқимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 18. Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тайёркунандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо вазифадор аст:

истеҳсоли пеститсидхо ва агрокимиёхоро мутобики хуччатхои меъёри таъмин намояд;

пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар халта, кутти ва зарфхои барои истифодабарандагон кулай ҷой намояд, аз он ҷумла барои савдои чакана барорад;  

асбобҳои таҳлилиро, ки ба воситаи онҳо камтарин миқдори пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми дорувор, озуқа ва муҳити зист назорат карда мешавад, таъмин намояд;

агар истифодаи безарари пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ҳангоми иҷрои тавсияҳо оиди истифода, кашонидан ва нигоҳ доштани онҳо ё ҳангоми риояи маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо имконнопазир бошад, фурӯш ва истифодаи онҳоро қатъ карда, партов намудани чунин пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ монад.

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 19. Нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Нигоҳдории пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар анборҳои махсусе, ки танҳо бароинигоҳдоштани онҳо таъин гардидаанд, иҷозат дода мешаванд.

Пеститсидҳоро бе зарф нигоҳ доштан манъ аст.

Ҳангоми нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо қоидаҳоеро риоя кардан зарураст, кирасонидани зарарро ба саломатии одамон ва муҳити зист пешгирӣ менамоянд.

Қоидаҳои нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткоронабо пестититисидҳо ва агрокимиёҳо,   муқаррар менамояд.

 

Моддаи 20. Кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо воситаҳои наклиёти махсус таҷҳизонидашуда кашонидан мумкин аст.

Ҳангоми кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи онҳо нашршаванда, ки таъсири манфии пеститисидҳо ва агрокимиёҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, ҳатман риоя кардан зарур аст.

 

Моддаи 21. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, ба ҷумхурӣ ворид ва аз он содир карда мешаванд.  

Дар шартномаҳои хариду фурӯш ва кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бояд шарти мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, пешбинӣ шуда бошад.

 

Моддаи 22. Истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо назардошти вазъи фитосанитарӣ, санитарию экологӣ, талаботи растаниҳо ба агрокимиёҳо, ҳолати ҳосилхезиихок ва ҳамчунин бо назардошти таркиби хӯроки ҳайвонот, муайян мекунанд.                   

Бехатарии истифодаи пеститисидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи дастурҳои муқарраргардида ва қоидаҳои истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки таъсири манфии онҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, таъмин карда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо истифодаи техникаю таҷҳизоти махсус истифода бурдан мумкин аст.

Ба кор бурдани пеститсидҳои истифодаашон маҳдудро дар асоси иҷозатномаи (литсензия) мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ бояд шахсоне ба роҳ монанд, ки маълумоти махсуси касбӣ дошта бошанд.

 

Моддаи 23. Хариду фурӯши пеститсидҳо  ва  агрокимиёҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба савдои яклухт ва чакана машғуланд, ҳуқуқ доранд пеститсидҳо ва агрокимиёҳоеро, ки аз қайди давлатӣ гузашта, дар Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,киистифодаашон дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат дода шудааст, хариду фурӯш намоянд.

Пеститсидҳои истифодаашон маҳдудро танҳо шахсоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, фурӯхта метавонанд.

 

Моддаи 24. Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда ва зарфҳои онҳо

Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, инчунин зарфҳои онҳоро кормандоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Тарзу усулҳои нобуд кардани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, ҳамчунин зарфҳои онҳоро тайёркунандагони пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо мувофиқаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ таҳия мекунанд.

 

 

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо хангоми фаьолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Баҳсхое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26.Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузориро дар соҳаи  истеҳсол ва  муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№1

Скачано с веб-сайта JooMix.org.