Санаи 15.03.2019 дар толори маҷлисгоҳи хурди раёсати МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» конференсияи илмӣ–назариявии «Об – маъною маъвои зиндагист» бахшида ба санаи муҳими экологӣ, 22 март - Рўзи байналхалқии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ устодону олимони муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, меҳмонон аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Котиботи байналхалқии захираҳои об – намояндагӣ дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф», намояндагони васоити ахбори омма, коршиносон ва алоқамандони соҳа иштирок доштанд.