April 2023

22 April 2023

Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин

  Санаи 20.04.2023 дар толори сарраёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳои сарраёсат ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок доштанд. Тибқи барномаи семинар аз ҷониби сармутахассисон баромадҳо дар мавзӯҳои роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, маълумоти итиллотӣ оид ба баргузории Рӯзи Замин, тартиби дуруст ҳисоб намудани зарар ҳангоми ифлос намудани замин шунида шуд. Ҳамзамон доир ба масъалаҳои пешгирии эрозия ва биёбоншавии замин, барқарорсозии хати муҳофизатии ҷангал ва корбарӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати расонидани зарар ба захираҳои замин қайд карда шуд.  Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумоти мушаххас гирифтанд.

Читать далее

Расонидани кӯмак ба Хона интернати маъюбон ва бепарасторони шаҳри Панҷакент

  Дар арафаи Иди Саиди фитр баҳри иҷрои барқияи Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2023, № 34/10-8 бо мақсади кӯмак намудан ба табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба Хона интернати маъюбон ва бепарасторони шаҳр  маводҳои хоҷагидорӣ ва асбобу анҷоми рӯзғор супорида шуд. Чунин иқдомҳо мунтазам аз тарафи шуъба  дар арафаи ҷашну идҳо гузаронида мешавад.

Читать далее

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Иди Саиди фитр

Дар арафаи Иди саиди фитр аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом собиқадори соҳа Ҳомидов  Толибҷон, ки ҳамчун нахустин мудири бахш фаъолият намудааст,  аёдат карда шуда, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ  амалӣ мегардад.

Читать далее

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар арафаи Иди саиди фитр аз тарафи кормандони  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони соҳа Болтуев Дадоҷон ва Ҳакимов Абдуқодир,  ки дар шуъба  фаъолияти тулонӣ доштанд,  аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ  амалӣ мегардад.

Читать далее

19 April 2023

Кӯмаки моддӣ дар арафаи Иди Саиди фитр

  Дар арафаи иди Саиди фитр дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддии кормандон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба кормандони техникӣ кӯмаки маводи ғизоии навбатӣ  ба монанди  орд, шакар, равған, асал, макарон ва биринҷ  расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Сарраёсат ва зерсохторҳои он дар арафаи иду айёмпайваста роҳандозӣ мегардад.

Читать далее

17 April 2023

15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

   Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамасола байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба мавзўъҳои экологӣ озмунҳо эълон гардида, ғолибон аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ду Барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст амалӣ гардид.

Читать далее

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Исфара

   Бо мақсади иҷроиши фармоиши сардори Сарраёсат оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳри Исфара мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодааст. Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ 4 адад санадҳои азназаргузаронӣ, 2 адад амрнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд. Ба роҳбарони субъектони хоҷагидори шаҳр амрнома барои роҳ надодан ба хариду фурӯши моҳӣ дода шуда, дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Читать далее

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзимуҳитизистдарвилоятиСуғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳри Истаравшанамалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Ба роҳбарони бозорҳо барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш роҳ надодан амрнома дода шуда, дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад армнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

    Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаи санҷиши давлатии техникии ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори аз меъёр зиёди партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.

Читать далее

14 April 2023

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Масчоҳ

   Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории олами наботот аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ  амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар ҳудуди МД  Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ҳолати ҷамъоварии ғайрирасмии занбӯруғ ошкор карда шуд. Нисбати қонуншикан - сокини ноҳияи Масчоҳ, ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаи Сангчашма Холҷигитов Эрҷигит дар асоси моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» протоколи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз тарафи бахш  чораҳои маъмурӣ  андешида мешавад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.