Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои умумӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз санаҳои 27 август то 2 сентябр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашару шанбегиҳо ташкил карда шуда, дар он намояндагони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо, аҳолии ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва ҷамоати деҳоти Гулакандоз - зиёда аз 12500 нафар иштирок доштанд. Дар шанбегӣ назди корхонаву ташкилот, муассисаҳо, маҳаллаву кўчаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо, зиёда аз 14,8 км лотоку ҷуйҳо тоза карда шуда, 84 м3 партовҳо бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳо, кўчаву хиёбонҳо идомаи корҳои созандагию ободкорӣ дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷўёни литсеи касбӣ-техникии № 44, № 56, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, беморхонаҳои физиотерапевтӣ ва касалиҳои дил аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар 7 моҳи соли 2018
Дар Маркази бозомўзии ш.Гулистон маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳои назоратӣ, шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар рузномаи маҷлис масъалаҳои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», натиҷаҳои фаъолият дар 7 моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ гардид. Аз рўи масъалаи якум намояндаи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муҳаррамзода Фаррух Неъмат баромад намуда, зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҳама баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал аст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарнок – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуданд. Мубориза бар зидди терроризм вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Амалиёти «Кўкнор 2018» дар вилояти Суғд
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №58 аз 25.05.2018 сол ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кории ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.
Оид ба иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор-2018» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят корбарӣ намуда истодааст.
Шўъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шудаанд, ки оиди гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2018» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзўр намоянд.
Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Спитамен
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 25 июли соли 2018 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф - омӯзгорони фанни биология, география ва экология, дар маҷмуъ беш аз 40 нафар доир гардид. Дар рафти вохўрӣ оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он, муаммоҳои дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҷўиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми партофтани партовҳои ба ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ суханронӣ карда шуд.
Page 273 of 311