Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14.07.2018 дар минтақаи пойгоҳи обкашии Сомғор – 1 таълуқ ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия 14 нафар кормандони идораи мазкур ва 7 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, мавзеҳои аз партовҳо ифлосгашта ва алафҳои худрўй тоза намуданд. Зиёда аз 4,5 м3 партовҳо бо воситаи нақлиёти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Гулистон ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Ҷараёни аксия аз ҷониби кормандони телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.
Вохўри бо маорифчиёни шаҳри Исфара
Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 18 июли соли равон дар толори муассисаи таълимии давлатии литсейи № 5 шаҳри Исфара вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла Раёсати маорифи шаҳр, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни экология, дар маҷмуъ беш аз 50 нафар доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии мутахассиси бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Раёсати маорифи шаҳр, намояндаи Раёсати ҳифзимуҳитизист оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он баромад намуд.
Ҷамъбасти нимсола дар вилояти Суғд
Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.
Семинар – машварати «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳӣ»
Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии насли наврас ва ҷавонон, бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маориф ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар КВДК Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и н.Ҷ.Расулов бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинар – машварат таҳти унвони «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳӣ» доир гардид. Дар семинар - машварат истироҳаткунандагон - хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Конибодом, Ҷ.Расулов, вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сармуррабии истироҳатгоҳ - магистранти ДДҲБСТ иштирок доштанд.
Баргузории аксияҳо дар вилояти Суғд
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани Рўзи Ваҳдати миллӣ санаи 02.06.2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки беш аз 59,2 ҳазор нафар кормандони муассисаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳҳо”-ро баргузор намуд. Дар рафти аксияҳои мазкур корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ ба иҷро расонида шуд. Дар натиҷа 278 метри мураббаъ биною иншоотҳо ва 10,3 ҳазор бех дарахтон сафед карда шуда, зиёда аз 30 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
Page 274 of 311