Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., гурӯҳи кории Кумита, сардори сарраёсат ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Дар ҷаласаи машваратӣ натиҷаи санҷиши комплексии фаъолияти сарраёсат ва зерсохторҳои он дар ҳашт моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар рафти санҷиши комплексӣ ошкор гардидаанд, супориш дод. Ҳамчунин ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳо, дар муҳлатҳои муқарраргардида гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, омода ва пешниҳоди анкетаи нозирон, иҷрои бандҳои қарори Мушовара, харидорӣ намудани колбаҳои ҷамъкунандаи симоб барои таҷҳизоти коркарди лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи ҶҚ “Чароғ”, рафти иҷрои Барномаҳои соҳавӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таҷлили Рӯзи Парчам дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент
Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани таҷлили Рӯзи Парчам дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А. ба кормандон доир ба саҳифаи таърихӣ - 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ - Парчами давлатӣ гардидани ҷумҳуриамон суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки соли 2009 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бошукӯҳу тантана ҷашн гирифта шуда, бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат то абад парафшон бошад.
Таҷлили Рӯзи Парчам дар шаҳри Истаравшан
Санаи 23 ноябри соли 2021 мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 деҳаи Куҳандиж дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Кормандони бахш ба толибилмон мӯҳтавои ин санаи таърихиро фаҳмонида дода, гиромӣ доштани ин муқаддасоти миллиро қайд намуданд. Хонандагон бахшида ба ин санаи муқаддас дар васфи Парчами давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ватандӯстиву ҳувияти миллӣ баромадҳо намуданд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон чорабинӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таърихи Парчам ва тавсифи он, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд, баромад намуд. Дар қисмати адабии чорабинӣ хонандагон оиди муқаддасоти ватан ва гиромидошти он, дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол шеъру сурудҳо қироат намуданд.
Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор
Дар толори меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» ва дастгирии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (Jica), семинари машваратӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ ғайр аз намояндагони Кумита, Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати Озони Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндаи «Jica», кормандони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳо, роҳбарони Маркази обуҳавосанҷии вилоят ва Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи «Jica» Узоқов Б. ва муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. шунида шуд.
Page 112 of 301