Дар шаҳри Истаравшан, дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» шанбегӣ бо шиори «Тозагии роҳравҳои пиёдагард» баргузор гардид. Дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби рехтани баргҳои дарахтони қади роҳ ҷўйбору роҳравҳои пиёдагарди шаҳр бо хазон (барги хушк) ифлос мегардад. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан якҷоя бо шуъбаи маориф баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ифлос намудани ҳавои атмосфера бо моддаҳои зараровар аз ҳисоби сўзонидани барги хушки дарахтон чунин чорабинӣ ба амал омад. Дар аксия 15 адад муассисаҳои таълимии шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, аксарият роҳравҳои пиёдагарди кўчаҳои асосӣ, аз ҷумла зиёда аз 6 км ҷўйборҳои қади роҳи нақлиётгард тоза карда шуд. Минбаъд бахши ҳифзи муҳити зист ният дорад, ки чунин амалиётро бо иштироки шаҳрвандон баргузор намояд ва хазони ҷамъгардидаро онҳо ҳамчун хошок барои хўроки моли худ истифода баранд.
Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Спитамен
Дар ноҳияи Спитамен бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ ду чорабинӣ – яке амалиёти «Ҳавои тоза» ва аксияи «Тозагии маҳал» бо ҷалби ҷавонони маркази ноҳия гузаронида шуд. Якҷоя бо мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат ва нозирони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар натиҷа, дар давоми амалиёт зиёда аз 40 адад нақлиёти гуногунтамға аз ченкунӣ гузаронида шуда, дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар муайян гардид. Боиси қайд аст, ки пас аз ислоҳ ченкунии дубораи 7 адад нақлиёт баргузор гардида, нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиев, бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил ва баргузор гардид. Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар чорабиниҳо беш аз 300 нафар аҳолии ҷамоат, аз он ҷумла соҳибкорон иштирок намуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Минтақаҳои маҳалли зист, қади роҳ ва заминҳои кишоварзӣ, атрофи биною иншоотҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд. Ҳамзамон, зиёда аз 3 километр ҷўйбор ва сой аз ҳаргуна партовҳо тоза гардида, дар маҷмўъ 16,4 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.
Фаъолияти нўҳмоҳаи мақомот чамъбаст гардид
Санаи 3 октябр дар толори маркази бозомўзӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мавлодод Абдулқодир, намояндаи бахши кишоварзии МИҲД вилояти Суғд Пўлотов Н., сардори раёсат Ҳакимзода АҚ., муовини сардори раёсат, сардорони шуъбаьо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаьо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо тибқи даъват иштирок доштанд.
Дар ҷаласа маърӯзаи муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б. «Дар бораи фаъолияти кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нўҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда» шунида ва муҳокима карда шуд. Дар охири ҷаласаи қарори дахлдор бо назардошти пешниҳоду супоришҳои додашуда қабул гардид.
Амалиёти назорати сарватҳои табиӣ дар шаҳри Хуҷанд
Аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар фаъолияти худ ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳангоми амалиёти навбатӣ аз ҷониби нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳри Хуҷанд қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Нисбати шаҳрванд Тўйчиев Н. протокол бо дастрасии моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истихроҷи ғайриқонунӣ ва кашонидани сарватҳои табиӣ – канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг) тартиб дода, ҷаримабандӣ амалӣ гардид.
Page 175 of 301