December 2022

30 December 2022

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли нави милодии 2023

   Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи Соли нави милодии 2023  аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд аёдат  карда шуда , ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Читать далее

28 December 2022

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

  Тибқи боби 5-и, банди 14-и Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаҳои Комиссияи мазкур бояд як маротиба дар шаш моҳ гузаронида шаванд.Қайд кардан ба маврид мебошад, ки санаи 7 июли соли 2022, дар Маркази бозомўзии сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардида буд.Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 27 декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи дуюми комиссияи мазкур бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони чунин комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд.Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар соли 2022 ва дар давраи якуним сол аз аввали қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид. Бо маърўзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта маълумот пешниҳод намуд.

Читать далее

23 December 2022

Вохўрӣ ва муҳокимаи эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисон доир ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўрӣ ташкил карда шуд. Бо ин мақсад дар назди нишастагон роҳбари Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба пиряхҳои Тоҷикистон ва вазъи имрўзаи онҳо, дарёҳои калонтарин ва дар бораи санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул кардани қатъномаи «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, маълумот дод. Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари  узви СММ пазируфта шуд. Ҳамзамон,аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол таҷлили 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи кормандони сарраёсат якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Читать далее

Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он дар таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд. Минбаъд, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми навбатӣ гузошташуда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро истифода намуда, барои амалии пурраи онҳо тадбирҳои заруриро меандешанд.

Читать далее

20 December 2022

Аксияи «Барқарорсозии дарахтони боғи фарҳангию фароғатӣ»

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, ки бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №557 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии мухити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2022» тасдиқ гардидааст, санаи 17 декабри соли 2022, дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд. Ба гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дахлдор ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷўён ва хонандагони литсейҳои касбӣ ҷалб карда шуданд. Боиси қайд аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии мазкур тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда миқдори дарахт нисбат ба майдон кам буда, ба афзоиш ниёз дорад. Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди боғ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану хамешасабзи барои шинонидан дар ҳамин гуна боғҳо мувофиқ, шинонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби сарраёсат ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, кастона, павлония ва дигар харидорӣ гардид.

Читать далее

16 December 2022

Озмуни экологии «Мо дўстдори табиат» байни кўдакон натиҷагирӣ шуд

   Дар МТТ№ 1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов  ҷамъбаст карда шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд. Шоҳҷоиза насиби тарбиятгиранда аз МТТ №19 Азимҷон Ҳасанов гардид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои рукнҳои “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули  хохиши устуувори, риоя кардани  меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.

Читать далее

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Конибодом, санаи 14 декабри соли ҷорӣ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва Литсейҳои касбии шаҳр, дар маҷмўъ беш аз 3,8 ҳазор нафар иштирок карда, як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуд. Дар натиҷа, аз партовҳо тоза карда шуданд 9,8 километр ҷўйбору қадди роҳ, 300 метр минтақаи аҳолинишин аз алафҳои бегона ва 4 тонна партов ба партовгоҳ интиқол дода шудааст. Барои баргузории аксияи «Тозагии маҳал» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом барои иштирокдорон 1200 адад халтаи калони полиэтиленӣ бо мақсади ҷамъоварии партовҳо ва 140 адад дастпўшак дастрас гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон 1173 халта партовҳо, аз он ҷумла зарфҳои пластикӣ, қоғазпора халтаҳои полиэтиленӣ ва ѓайра ҷамъоварӣ карда шуд.

Читать далее

Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт

   14 декабри соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қобили қайд аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо ин мақсад, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.

Читать далее

10 December 2022

11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

   Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳамачун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сар бафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик 2 нафар шаҳрвандон ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд боздошт гардиданд. Дар минтақаи Шўркўли обанбор сокини шаҳри Хуҷанд Турсунов Рустам бо 20 метр тӯр ва қаиқи резинӣ,  ҳамзамон сокини ноҳияи Б.Ғафуров Шарипов Мирзоилҳом бо 20 метр тӯр боздошта, олотҳои моҳидории мазкур муваққатан мусодира карда шуданд. Нисбати ин ду нафар бо дастрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Амалиёти назоратӣ дар минтақаи Ќўқуроқи обанбори Баҳри Тоҷик идома ёфта, дар натиҷа 150 метр тўрҳои бесоҳиб ошкор гардид ва несту нобуд карда шуд. Боиси қайд аст, ки аз дохили тўрҳои нафарони боздоштгардида ва тӯрҳои бесоҳиб 5 сар суфмоҳӣ ва 14 сар нуқрамоҳӣ, дар маҷмӯъ 19 сар моҳии ғайриқонуни сайдшуда ошкор гардидааст. Дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи сарраёсат мунтазам назорати давлатиро дар баробари баргузории корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор амалӣ менамоянд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.