05 February 2024
Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани аксияи "Тозагии шоҳроҳ" давоми 2 рӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати деҳоти Деҳмой деҳаи Заркор шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи "Тозагии шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 500 нафар аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони 4 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия, фаъолона иштиирок намуда, кариб 20 м3 партов бароварда шуд.
Аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон аст!»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон" бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Аксия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалистони шаҳр ва хонандагони Литсейи касбии политехникии шаҳр дар Боғи Ғалаба баргузор гардид.
Аксияи экологӣ оид ба бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар натиҷаи ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ муаммои экологии ташаккул ёфтани нуқтаи калони партовҳои бесоҳиб ба миён омадааст. Бо мақсади бартараф намудани нуқтаи мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва якҷоя бо КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин минтақа аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар рафти аксия ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва корхонаи хоҷагии коммуналӣ 20 нафар сокинони ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, бо истифодаи техникаи махсус 12 адад нақлиёти боркашонии тамғаи «Дулан» партовҳои бесоҳиб ба партов-гоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Ҳаҷми умумии партовҳои интиқолдода 180 метри мукаабро ташкил намуда, минтақаи мазкури ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо пуррагӣ тоза гардид.
Маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, намояндагони ташкилоту идораҳо дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, дар боғи Истиқлолият ва майдони марказии Исмоили Сомонӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Гулхона бо ҷалби техника партови бесоҳиб безарар ва хокпӯш карда шуда, 6 м3 партов бароварда шуд.