04 January 2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Салимзода, сардори Сарраёсат Суҳроб Холзода ,сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Суғд, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳҳо ва дигар минтақаҳо, ташкил намудани ниҳолхонаҳо дар вилоят, назорати иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва гузаронидани комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дастуру супоришҳо дод.
Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.