10 December 2025

11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои  ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.

Читать далее

Сайди ғайриқонунии парандаи саъба дар шаҳри Панҷакент

  Ҳангоми  гузаронидани  амалиётҳои назорати давлатӣ, ҷиҳати иҷрои талаботҳои  қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат бо якҷоягии нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ ҳолати сайди ғайриқонунии парандаҳои саъба ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  барои расонидани зарар ба олами ҳайвонот маблағи зарар пешниҳод гардид. Саъбаҳои сайдшуда дар ҳузури қонуншиканҳо ба муҳити табиӣ  сар дода шуд. Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир қонуншиканҳо сайди ғайриқонунии  худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда истодаанд, ки боиси дар байни ҷомеа тарғиб намудани рафтори ғайриқонуниашон ва зарар ба  табиат мебошад. Аз инрӯ аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷой намудани ин гуна  наворҳо худдорӣ намоянд ва ба шикори ғайриқонунии парандагон роҳ надиҳанд.

Читать далее

Назорати давлатӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣаз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғднамунаҳои партовобҳо аз иншоотҳои партовобтозакунии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят гирифта мешавад. Намунаҳои навбатии партовобҳобарои муайян намудани таркиби физикӣ – кимиёвӣаз иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 4 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот, 500 метр боло ва 500 метр поён аз дарё (интиқолшаванда) гирифта шуд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Б.Ғафуроваз иншооти партовобтозакунии КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и минтақаи №1–и вилояти Суғд аз 2 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот (садамавӣ) гирифтани намунаҳои партовоб амалӣ гардид. Ташхиси намунаҳо мутобиқи талаботи қоидаҳо давоми 7 рӯзи корӣгузаронида шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки дар намунаҳои иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал» нишондиҳандаҳои моддаи муаллақ, боқимондаи хушк, нитрогени аммоний, истеъмоли биологии оксиген (БПК5) ва оҳани умумӣ аз меъёри ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) зиёд ба қайд гирифта шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.