February 2026

26 February 2026

Дарси кушоди экологӣ дар муассисаи томактабии шаҳри Хуҷанд

  Тибқи дастурамали «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»дар 5 муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон дарсҳо ва машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар яке аз онҳо сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва намояндаи масъули Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», ки ташкилкунандагони таҳияи дастурамали болозикр мебошанд, иштирок намуданд. Дар толор барои машғулиятҳои мусиқии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди экологӣ бо забони русӣ таҳти унвони «Берегите природу» бо иштироки наврасони гурӯҳи омодагӣ баргузор гардид. Рафти дарси кушод бахшида ба самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, роҳ надодан ба ифлосшавии оби дарё, ҳифзи ҷангал, ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо ва ғайра машғулиятҳои иттилоотӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби мураббӣ – эколог гузаронида шуд. Бо хоҳиши мудири кӯдакистон аз тарафи сармутахассиси сарраёсат дар бораи ҳадафи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намудҳои нодир аз олами набототу ҳайвонот барои наврасон гуфта шуд. Ҳамчунин, барои минбаъд рушд ёфтани корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо, расонидани кӯмак дар баргузории дарсҳои экологӣ ва ба даст овардани аёниятҳои зарурӣ дар нақшаи наздик пешбинӣ гардид.

Читать далее

25 February 2026

Тренинги омўзишӣ байни омўзгорон оид ба тағйирёбии иқлим

  Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар шароити ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин воқеият, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувор ва дурбинонаро дар самти ҳифзи табиат ва таъмини рушди устувор амалӣ менамояд. Ин нукта дар Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ инъикос гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии экологиро муайян менамояд. Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо дастгирӣ ва ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар толори сарраёсат тренинги омӯзишӣ байни омўзгорони фанҳои география, биология, экология оид ба ҳамгироии самараноки таҳсилоти марбут ба иқлим ба раванди таълим бо истифода аз маҷмўи «Сандуқчаи иқлимӣ» гузаронида шуд. Дар тренинг омўзгорони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ҳамагӣ 23 нафар иштирок намуданд.

Читать далее

20 February 2026

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои ниҳолшинонӣ ва аксияҳои экологӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст

  Бо назардошти мусоид омадани обу ҳаводар миқёси вилояти Суғд маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст. Давоми ҳафтаи охир дар рафти аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» беш аз 8400 нафар намояндагони корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон иштирок дошта, дар натиҷа 5,2 км ҷӯйбор, 26 км қади шоҳроҳ ва роҳҳо, 6 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ аз партовҳои гуногун тоза ва ба партовгоҳҳо зиёда аз 160 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуданд.Дар баробари ин, корҳои тоза кардани қади шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб ба сомон расонида шудааст. Татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027 ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дарвилояти Суғд ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои рафти маъракаи ниҳолшинони ба ҳолати 17.02.2026 ҷамъбаст гардид. Мутобиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 80465 бех, аз он ҷумла ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабз - 27012 бех, сояафкан – 11857 бех, мевадиҳанда – 37906 бех ва тут – 3690 бех шинонида шудааст. Тибқи нақшаи амал дар соли 2026 дар маҷмуъ, 600 ҳазор бех ниҳол дар миқёси вилоят шинонида мешавад ва маъракаи мазкур оммавӣ идома дорад.

Читать далее

Идомаи чорабииҳои ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар шаҳри Гулистон

  Дар Гулистон, ҳамчун шаҳре, ки дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» бисёр минтақаҳои истироҳатӣ дорад аз миқёси ҷумҳурӣ ва аз он берун, давлатҳои дуру наздик дар давраи истироҳати фасли тобистонбениҳоят миқдори зиёди сайёҳон ташриф меоранд. Бо ин сабаб ҳар ҳафта бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр дар минтақаҳои гуногун аксияҳои экологӣ ва дигар чорабиниҳои ба ободӣ равонгардида гузаронида мешаванд. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон рӯзи истироҳат бо иштироки 100 нафар шаҳрвандон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ»-ро ташкил гардида, дар доираи онҳо 3,7 км қади роҳтоза ва 4 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуд.Ғайр аз ин, дар қароргоҳи шаҳри Гулистон, ки наздикии МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҷойгир шудааст, корҳои кабудизоркунии саҳни бино ва ҳудуд бо шинонидани ниҳолҳои намуди гуногуни дарахтони ҳамешасабз амалӣ гардида истодааст. Дар маъракаи ниҳолшинонии рӯзҳои охир дар қароргоҳи мазкур баргузоргардида, 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкани шинонида аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд таъмин карда шуданд.

Читать далее

10 February 2026

Нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 9 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли 2025 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо бевосита роҳбарон – сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Қосимзода А., раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҷӯраев А. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета»,  «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Сухани халқ», «Шӯълаи умед», «Шафақ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кишоварзӣ», «Роҳнамои кишвар», «Муҳаббат ва оила», «Кайҳон», «Бонувони Тоҷикистон», «Сайҳун», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия плюс», «Спутник», «Суғд - пресса» телевизионҳои МД ТВ «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо», телевизиони вилояти Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон», «Пайванд», «Шаҳри ман», «Озодӣ», инчунин як ќатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва мустақил, дар маҷмуъ 42 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти чор сохтори болозикр дар соли 2025 дастрас гардид.

Читать далее

Мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд

  Тибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар 5 нуқтаи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масоҳати аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардида, тағйирёбии тамоюли таъсир бо гирифтани 10 намунаи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера муайян карда шуд. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки миқдори нишондиҳандаҳо ба монанди аммиак (NH3), оксиди карбон (СО), дуоксиди нитроген (NO2), фенол (C6H5OH), гидрогени сулфид (H2S), оксиди нитроген (N2O), формалдегид (CH2O), аммиак (NH3), гидрогенхлорид (HCl), хлор (Cl) ва чанг дар таркиби ҳавои атмосфера мутобиқи меъёр мебошанд. Ғайр аз ин, бо мақсади назорати сифат ва муайян намудани хосиятҳои физикӣ – кимиёвӣ аз 1 нуқтаи ҳавзаи дарёи Сир дар минтақаи наздисарҳадии ҳудуди ноҳияи Спитамен намунаи об гирифта, ташхис гузаронида шуд.

Читать далее

06 February 2026

Насби баннери таблиғотӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои кабудизоркунию ободонӣ дар маъракаи ноҳолшинонии мавсими баҳори соли 2026 ва таъмини иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки тибқи нақша дар соли 2026 шинонидани 64800 бех ниҳолҳо дар шаҳри Истаравшан пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр як қатор тадбирҳо андешида шуда истодааст. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист барои даъвати шаҳрвандону сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузаронида, яке аз тадбирҳо ин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист насби лавҳаи калонҳаҷм – баннери таблиғотӣ бо шиори «Биёед дарахт шинонем» дар қадди роҳи асосии нақлиётгарди шаҳраки Истаравшан мебошад.

Читать далее

Дидан намудани муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. аз ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара

  Моҳи марти соли 2025, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амал дар майдони 1 га «Ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара» ташкил шуда буд. Дар ниҳолхона ғунҷоиши умумии кӯчати ниҳолҳо 28500 бехро ташкил карда, дар айни ҳол 12 намуди ниҳолҳо, аз он ҷумла санавбар, ардач, туяи шарқӣ, акатсия, чинор, кастона, каталпаи зебо, булут, бирючинаи ҳамешасабз, павлония, сирени ҳиндӣ ва қаламчаи сафедор, ҳамагӣ ба миқдори 28000 бех парвариш ёфта истодааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қ. ва раиси шаҳри Исфара Ҷумъазода Ш. аз ҳолати ниҳолхона – парваришгоҳ дидан намуданд. Ҳангоми дидани ниҳолхона аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара Ҳомидов Н. ба ташрифовардагон дар бораи корҳои ба анҷом расонида, ҳолати ниҳолҳои парвариш ёфтаистода ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба ниҳолшинонӣ маълумот пешниҳод гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.