Все статьи
29 July 2020
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
28 July 2020
Нишасти матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фараж», телевизионҳои ШТР «Азия», ТВ Суғд, дар маҷмўъ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2020 дастрас гардид.
Шанбегӣ дар ноҳияи Зафаробод «Тозагии маҳал»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷиҳати амалигардонии накшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 85 нафар иштирокчиён ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, ҷуйбору роҳравҳо ва боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айниро аз партовҳо тоза намуданд.
Семинари омӯзишӣ дар самти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супориши раиси Кумита Шерализода Б.А. дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон бо иштироки сардорони шуъбаҳои Кумита Судуров С., Шукуров И., Мардонов М., Шамсиддинов Х. семинари бозомӯзӣ доир гардида, дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти семинар оид ба қоидаҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, моҳияти кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, № 1668 ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи моддаи 27 кодекси мазкур доир ба пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот бо партовҳо ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳо, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу
24 July 2020
Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вусъат ёфта истодааст. Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштаникӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар кӯчаи Султон Умар аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳр қадди роҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуд. Корҳои мазкур аз ҷониби масъулон мунтазам гузаронида мешавад.
Назорати иҷрои талаботи қонунгузории соҳа
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар деҳаи Қурғончаи ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров ошкор гардид, ки аз ҷониби шахрванд Бобоҷонов Н. талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 14-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардидааст. Шаҳрванд Бобоҷонов Н. бо нақлиёти худ, тамгаи ГАЗ-66, ки бо таҷҳизоти барои пармакунии чоҳи амудӣ таҷҳизонида шудааст, бе хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо пармакунӣ барои гирифтани об машғул буда, дар натиҷа барои қонунвайронкунӣ бо дастрасии моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ, ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони соҳаи тандурустӣ ва раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ кӯли шаҳриро пурра аз алафҳои бегона, партовҳои ҳархела тоза карда, 5 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Баргузории аксияҳо то ҷашнҳои миллӣ мунтазам идома дода мешавад.
Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печон сокини деҳаи Хӯҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан Амонов Оламгир ошкор гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Боиси қайд аст, ки мори печон як навъ мори безаҳр буда, дар дашт маскун аст. Зоҳиран кӯрморро мемонад, бинобар ин мардуми таҳҷойи онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шуда, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
22 July 2020
Тоза намудани дарёи Сир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд баён доштанд, амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати ба тартиб даровардани соҳилҳои дарёи Сир бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои дарётозакунӣ аз қамиш ва растаниҳои номувофиқ аз пули «Ҷашнӣ» то пули марказии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Бо истифодаи 2 адад қаиқ ва 10 нафар кормандони корхонаи ободонӣ соҳили дарё аз қамиш тоза карда шуда, корҳои мазкур дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Сир пешбинӣ гардидааст. Тоза намудани дарё дар соҳили рост низ ба нақша гирифта шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.


