Все статьи
27 November 2019
Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба соли сайёҳӣ )
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Қалъаи Муғ яке аз ҷойҳои тамошобоби ш.Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Калъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта 16360 сайёҳӣ дохилӣ аз ин макон дидан намуд. Ќалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 таҳти раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа он зиёда аз аз сад бозёфти нодири таърихи мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо гардид.
Амалиётҳои фаврӣ дар н.Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсат дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён партофтани обҳои ифлоси тоза ва безараргардониданашуда ба манбаи обии сойи Хоҷабоқирғон аз тарафи ҶДММ «Азизӣ» ошкор гардид. Намунаи партовоб гирифта шуда, корхонаи мазкур тибқи моддаҳои 44,43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаҳои 98, 99, 100, 124-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
“Парчамат партавафшон бод Тоҷикистонам”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов А.Ҷ. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид. Пас аз суханони ифтитоҳӣ корманди раёсат қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санаи таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.
21 November 2019
Вохӯрӣ бо донишҷӯён таҳти унвони “Парчамат поянда бод”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи Б.Ғафуров” дотсент Собиров М.С. бо донишҷӯён ва устодон ҳамагӣ 100 нафар доир гардид. Устодони Донишкадаи мазкур зимни суханронӣ қайд карданд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд.
20 November 2019
1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар миқёси вилояти Суғд бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи меҳнати зарбдор мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент бо иштироки муҳасиллини мактабҳои миёна, кормандони ташкилоту муассисаҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 2870 нафар иштирок намуда, 1200 метр ҷуйбор, 500 метр соҳилҳо, 2400 метр роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 35 тонна партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
19 November 2019
Ҷаласаи комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар маҷлисгоҳи Маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ш.Гулистон бо иштироки аъзоёни комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардид. Ҷаласа таҳти сарварии муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Комилзода Н. оғоз гардида, фаъолияти комиссия мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар маъруза оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, ҷараёни омодагӣ ба рафти давраи зимистонгузаронӣ барои солҳои 2019-2020, самтҳои асосии Стратегияи миллии паст кардани офатҳои табиӣ қайд карда шуд.
15 November 2019
Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 15.11.2019 бахшида ба "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист бо намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Умаралиева Ӯ. баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сардори раёсат ҷиҳати мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид», ки 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани рўзи 16-уми ноябр, ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак сухан карда шуд. Дар навбати худ муаллима Умаралиева Ў. қайд намуд, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзўр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи муқаррароти Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия хисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Президенти мо ифтихори мо!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баргузории соатҳои сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар зерсохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад санаи 15 ноябр дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 27 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент соати сиёсӣ доир гардид. Сардори шуъба Дусматов А. оид ба таърихи ин санаи муҳим, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст маълумот дод. Хамчунин ёдовар шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
14 November 2019
Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо муҳассилини синфҳои 9-10 муассисаи таълимии миёнаи умумии № 84, ҷамоати деҳоти Хистеварзи н.Б.Ғафуров баргузор гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, муомилот бо партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Дар навбати худ хонандагон ба суолҳои худ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ муовини директори муассиса ва омӯзгори фанни экология барои гузаронидани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
13 November 2019
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии дар пешистода, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо баробари гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҷамоатҳои деҳоти Лангар ва Иван Тоҷик ва муассисаҳои таълимӣ бо аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷамъомади навбатие, ки бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд, оид ба сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии дар пешистода, роҳ надодан ба буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


