Все статьи
12 December 2024
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 дар бораи барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд ноҳияи Деваштич ниҳолҳои сада ба миқдори 1000 бех шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳия ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда ба миқдори 50 ҳазор бех шинонида мешавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
аҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалол шаҳраки Баҳористон 250 бех ниҳолҳои арчаи сановбар шинонида шуд. Ниҳолҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи биогумус шинонида шуда, дар дигар минтақаҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни ҷавонон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» ҳангоми баргузории вохӯрӣ бо хонандагон гузаронида шуд. Дар пурсиши мазкур 34 нафар хонандагон, мардҳои синну соли аз 18 то 35 сола иштирок намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» идома ёфта, аз ҷониби ташкилоти мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корбарӣ карда шуд. Дар натиҷа 19 саволнома асосан дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида, дар пурсиш 12 зан ва 7 марди ҷавон иштирок кардаанд. Дар давоми соли чоруми иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ 53 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 12 зан ва 41 марди ҷавон фаро гирифта шуданд.
11 December 2024
11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.
10 December 2024
Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар соҳили дарёи Сир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол,№ 296 бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир ва атрофи майдонҳои ҳудуди он беш аз 300 бех ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Ин иқдом бо ташабуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр роҳандозӣ гардида, ниҳолҳои санавбар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
30 November 2024
Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни экология ва хонандагон бахши 3-и ҶДММ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» вохӯрӣ бо сармутахассиси сарраёсат доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд.
26 November 2024
Чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
С
арраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи худ чорабинии тантанавиро таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки кормандони ҳамаи шуъбаҳои назоратӣ барпо намуд. Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи сарраёсат сухан карда, ҳамчунин баромади сармутахассиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» шунида шуд. Боиси қайд аст, ки барои гирифтани баҳраи маънавӣ ва ҳам сиёсӣ ба иштирокдорони чорабинӣ дар маҷмуъ, ба таври муфассал таърихи қабул, маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.
21 November 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат давоми 15 соли ахир санаи 24–уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида шуда, ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад. Рӯзи Парчами давлатиро ба кормандону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиат табрику муборакбод гуфта, итминон дорам, ки бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.
16 November 2024
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷиҳати дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии мазкур барои иштирок ва суханронї муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х.ва бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. даъват карда шуданд. Ҳангоми баромаду суханронӣ ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат аз ҷониби меҳмонон дар бораи сабаби ба ин рӯзростомаданичунин ҷашнимуборак, дар қонунгузории кишварамон пазируфта шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тарақиёти давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ ва дар бораи дигар иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Сарвари давлат шарҳу маънидод гардид.
Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
аҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома доранд. Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳрак ва деҳот баргузории аксияҳои экологӣ ташкил гардида, дар баробари корҳои бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, тоза намудани минтақаҳои аҳолинишин, ҷӯборҳо ва қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар амалӣ гардида истодааст. Дар давоми қариб як моҳи ахир дар ҳудуди шаҳр танҳо намуди ниҳолҳои дарахтони санавбар 1700 бех шинонида шудааст. Ҳангоми иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби муовини сардор ва мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғдба шахсони масъули шаҳри Истаравшан ҷиҳати таъминот бо оби полезӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо дар мавсими чорвогузар супоришҳо дода шуд.


