Все статьи
12 November 2024
Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки зиёда аз 600 нафар намояндагони ташкилоту муассиса ва донишҷӯён бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар рафти амалӣ намудани корҳои ободонӣ 2500 метри мураббаъ ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва 1200 метр ҷӯборҳо аз партовҳо тоза гардида, инчунин 1000 метр канали обгузари маҳаллаи Навбаҳори шаҳр аз партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Дар маҷмуъ, ҳаҷми партовҳои ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуда, 7 метри мукаабро ташкил намуд.
Табрикоти сарбозони қисми ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 750 нафар сарбозон дастурхони идона ороста шуд. Бо мақсади татбиқи иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист таъминоти хӯроки гарм, оши палав, сабзавоту меваҷот ба амал омада, боқимонда маводи хӯрока ва обҳои ташнашикан аз тарафи Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ таъмин гардидааст. Дар рафти чорабинии идона ба ҳамаи сарбозону офитсерон паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.
Назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
А
з тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзимуҳитизист дар вилояти Суғд якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Амалиёти мазкур бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ҳаракаткунанда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ доир гардида, воситаҳои нақлиёт аз санҷиши аналитикӣ гузаронида мешавад. Дар рафти амалиёт 58 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз чунин санҷиш гузаронида шуда, нисбати ронандагони 8 адади онҳое, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА дар шаҳру ноҳия ирсол гардидаанд.
05 November 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
И
мсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. 30 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳимояи Конститутсия, зери Парчами пурафшони Ватан кору зиндагӣ доранд. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо чунин ниятҳои нек, дар остонаи 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зистро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар доираи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ», ки Консортсиум дар ҳайати Ҳелветас ва Acted марҳилаи сеюмро амалӣ намуда истодааст, аз тарафи Филиали шуъбаи Acted дар шаҳри Хуҷанд дар толори бинои меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳр Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори вилояти Суғд, ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ огоҳшавӣ аз сенарияҳои тағйирёбии иқлим, пешгӯии он дар вилоят, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ ва захираҳои об мебошад. Дар рафти ҷаласа презентатсияҳои намояндагони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони Филиали шуъбаи Acted, инчунин мутахассисони ба татбиқи лоиҳаи мазкур ҷалбкарда, пешкаши иштирокдорон гардид. Боиси қайд аст, ки ҷаласаи баргузоргардида, нуҳум Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ба ҳисоб меравад.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ М.А. иштирок дошта, ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат оид ба пояи арзиши Конститутсия ва дигар принсипу меъёрҳои конститутсионие, ки аз он ташаккул меёбанд сухан кард. Инчунин, дар бораи ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар ин замина дар сатҳи Конститутсия ба расмиятдаровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ зарур будани ҳарчи зудтари таҳия ва қабул кардани Конститутсия дар баромад қайд гардид.
Вохӯрии иттилоотӣ оид ба Конвенсия Орхус
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки намояндагони сарраёсат, Марказҳои Орхус дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма сессияи иттилоотӣ доир ба амнияти биологӣ, Конвенсияи Орхус ва иловаи дар шаҳри Алма - атои Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шуда, баргузор гардид. Дар рафти ҷамъомад мутобиқи барномаи сессияи мазкур баромаду презентатсияҳои гуногун доир ба мавзӯъ шунида шуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, инъикоси маълумоти экологӣ, ҳамкории доимии судманд ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон бо мақсади ворид намудани онҳо ба нақшаи кории ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2025 муҳокима карда шуд. Боиси қайд аст, ки вохӯрии иттилоотии мазкур мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» доир гардид.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон ташкил карда шуд. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони балаёқат», омӯзгорони фанни экология, биология ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳр 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» бо мақсади истифодабарии маълумоти он дар дарсҳои фанни экология аз номи сарраёсат тақдим гардид.
19 October 2024
Назорати татбиқи Барномаи давлатӣ ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи ҳамаи сохторҳои дахлдори ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» санҷида шуд. Ҳамзамон, дар доираи талаботи нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» бо иштироки омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологӣ, чораҷӯиҳои Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфии партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ сармутахассиси сарраёсат изҳориақида намуд. Дар интиҳо ба китобхонаи литсейи мазкур 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид.
09 October 2024
«Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2024»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2024» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар форуми мазкур аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо омӯзгорон ва роҳбарони се ташкилоти ҷамъиятӣ бо як гурӯҳ аъзоёни фаъоли ҳаракати «Нозирони сабз» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмуъ беш аз 300 нафар иштирок доштанд.


