Все статьи
05 December 2025
Ба буриши ғайриқонунии дарахтон роҳ надиҳед!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар қадди роҳи Исфара – Лаккон худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор буриши 1 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Кулканд Икромов Содир мутобиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима пешниҳод карда шуд.
Насб 8 адад камераҳои назоратӣ дар ҷойҳои ғайрирасмии кўчаҳои шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҳар як шаҳрванди ҷомеа ва пешгирӣ намудан аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ дар кўчаҳои шаҳри Хуҷанд 8 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми 2 моҳ барои дар ҷойи ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ нисбати 15 нафар сокинони шаҳр бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 5500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
04 December 2025
Чил (кабки зирак) парандаи соли 2026
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки тариқи овозди -ҳии пинҳонӣ сурат гирифт, аз 10 номинатсияи парандагони пешни-ҳодшуда бо овозҳои бештар Чил (кабки биёбонӣ ё кабки зирак) парандаи соли 2026 интихоб гардид. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон дар бораи парандаи Чил чунин маълумот дода шудааст: Чил ба қатори Мурғшаклон – Galliformes ва оилаи Тазарвҳо – Phasianidae дохил мешавад. Ба он ҳамчун намуди осебпазир мақом дода шуда, ба рӯйхати сурхи ИБҲТ (LC) ворид карда шудааст. Чил ё кабки биёбонӣ дар қисмати ҷанубӣ ғарбии Тоҷикистон паҳн гардида, дар пасткӯҳҳои Бобокӯҳ, Сафедкӯҳ, Рангонтов, Қаратови Панҷ, доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шохаҳои ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз маскан мегирад. Сарҳади шимолии паҳншавии намуд аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Муҳити писандидаи зисти намуди кабки зирак пасткӯҳҳои дорои растаниҳои сираки пистаю бодом, теппаҳои регӣ, харсангҳои на он қадар калон, биёбонҳо ва нимбиёбонҳо ба шумор мераванд.
02 December 2025
Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ, бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи саъба машғул буданд. Бо ин кирдор қонуншиканон талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
28 November 2025
Ҷаласаи навбатии Сарраёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
2
8 ноябри соли равон маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ва сардорони шуъбаҳои назоратии сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷагирии фаъолият дар 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Сардори Сарраёсат Холзода Сухроб Хол аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта то ҷамъбасти фаъолоти солона супоришҳо дод. Ҳамзамон баҳри пурзӯр намудани фаъолияти нозирӣ, назорати шинонидани ниҳолҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ, риояи интизоми меҳнат, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ вазифагузорӣ карда шуд.
27 November 2025
Мизи мудаввар оид ба Конвенсияи Орхус
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар толори маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мизи мудаввар доир ба мавзӯъи «Татбиқи ҳадафи сеюми Конвенсияи Орхус – дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкур дар натиҷаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мусоидати шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба амал омада, дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои вилоятию шаҳрии мақомоти суд ва прокуратура, Раёсати адлия, шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҳифзи ҳуқуқиинсон машғул, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Воқеан,Конвенсияи Орхус 25 июни соли 1998 дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷӣ «Муҳити зист барои Аврупо» дар шаҳри Орхуси кишвари Дания қабул гардида, дар умум оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бахшида шудааст.
Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, дар асоси нақшаи корӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркўҳ Ҳаёзода М. боздошт гардид, ки бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон саъба машғул буд. Бо ин кирдор қонуншикан талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Саъба яке аз парандаҳои хушхон ва писандидаи дўстдорони табиат буда, ҳарчанд ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нагардидааст, аммо парандаи муқими нодирест, ки онро барои зебогиаш шикор намуда дар қафас нигоҳ медоранд. Ин амали инсонҳо метавонад минбаъд сабаби кам гардидани ин парандаи хушхон дар Тоҷикистон гардад.
26 November 2025
Амалиётҳои назоратӣ дар самти муомилот бо партовҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ - ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ноҳия И.М. ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати ронандаи нақлиёти боркаши тамғаи Камаз шаҳрванд И.М. барои партофтани партовҳои сохтмонӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
19 November 2025
Мониторинги экологии минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз тарафи мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилоот мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ мунтазам дар давоми сол гузаронида мешавад. Давоми моҳи октябри соли ҷорӣ бо мақсади муайян кардани тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обӣ аз объектҳои саноатии азими ҷумҳурии ҳамсоя дар мавзеъи Янги – Қӯрғони ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ченкунии вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудудисанитарӣ - муҳофизатӣ тохатисарҳаддармасофаиаз 500 метр то 2 километр дур ба амал омад. Дар минтақаи мазкур намунаҳои ҳавои атмосфера ва об гирифта, ба ташхисгоҳи сарраёсат барои муайян намудани таркиби физикию кимиёвӣ оварда шуд. Инчунин, зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкуниҳо ва ташхис нишон доданд, ки нишондиҳандаҳо ба монанди оксиди карбон, дуоксиди нитроген, фенол, гидроген сулфид, оксиди нитроген, аммиак, чанг, хлор ва гидрогенхлорид мутобиқи меъёр мебошанд.
18 November 2025
Шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар сарҳади даромадгоҳ ба минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар доираи корҳои омодагӣ ба ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ниҳолшинонӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо доир гардид.Яке аз ин чорабиниҳо бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ва кормандони шуъбаву зерсохторҳои мақомот, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», ташкилоти байналхалқии GIZ, волонтёрон – аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон ва хоҷагии кишоварзии ноҳияи Б.Ғафуров, дар замини хоҷагии мазкур, ки бо даромадгоҳ ба минтақаи истораҳатии шаҳр ҳамсарҳад мебошад, беш аз 200 бех ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.Боиси қайд аст, ки чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров, минтақаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқи ноҳияи Ҷ.Расулов, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар марказу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва иҷрои нақшаи амали солҳои 2025 – 2027 саҳм мегузорад.Дар вилоят маъракаи ниҳолшинонии мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025 оғоз гардида, баргузории чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва корҳои ободонӣ идома дода мешаванд.


