Все статьи

08 September 2025

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

  Фарорасии  ҷашни  бузурги миллат 34-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният  мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расида, аз он ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист,  тамоми ҳамватанонамон табрику таҳният  гуфта, ободию озодӣ,ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!

Читать далее

30 August 2025

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Дар шаҳри Гулистон 12-умин лагери экологӣ «Хонаи сабзи мо – 2025» баргузор гардид

 Дар лагери байналмилалии кӯдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҳаракати «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 12-умин лагери экологӣ «Хонаи сабзи мо – 2025» бомуваффақият анҷом ёфт. Дар лагери мазкур 40 нафар хонандагон – аъзоёни фаъоли ҳаракати «Нозирони сабз» ширкат варзиданд, ки дар давоми як ҳафта барномаи омӯзишиву амалӣ ва фароғатиро гузашта, донишу маҳорати нави худро тақвият бахшиданд. Тибқи барномаи лагери экологӣ иштирокдорон бо тренингҳо оид ба экология, гуногунии биологӣ, самаранок истифода бурдани об кори даставӣ ва роҳбарӣ, аксияҳои экологӣ ва чорабиниҳои варзишиву эҷодӣ, машғулиятҳои амалӣ оид ба таҳияи ташаббусҳои худӣ, сафарҳои омӯзишӣ ба ҷангали тӯқайзори шаҳри Конибодом, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва қасри таърихии «Арбоб» машғул шудаанд. Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини лагер дар он буд, ки аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» нақшаи фаъолияти худро барои солҳои 2025–2026 таҳия ва ба шарикони рушд муаррифӣ намуданд. Нақша аз се самти асосӣ иборат буда, чорабиниҳои таълимӣ, аксияҳои амалӣ ва корҳои иттилоотиву маърифатиро дар бар мегирад.

Читать далее

27 August 2025

Ошкор намудани қонуншиканӣ дар самти партов

  Бо мақсади таъмини риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, пешгирии ифлоскунии муҳити зист бо партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум тибқи фармоиши сардори Сарраёсат аз 28.04.2025, №23 мунтазам амалиётҳои назорати давлатӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ барои риоя накардани талаботҳои экологӣ ҳангоми ҳамлу ҷойгиронӣ ва безараргардонии партовҳо, инчунин бе болопўш интиқоли партовҳо нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон Муҳаммадҷонов А. сокини шаҳри Хуҷанд, Шарифзода Ш. сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо дастрасии моддаи 223, 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Читать далее

Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд

  Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни   34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дараксия кормандони соҳаҳои гуногун, намояндагони ташкилоту идораҳо, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо фаъолона иштирок намуда, партовҳои гуногун ба партовгоҳҳо бароварда шуд.

Читать далее

26 August 2025

Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон

  Мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар ноҳияи Шаҳристон ҳамасола  дар мавсими истироҳатӣ ба як макони серодам табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад ва ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ, ғайрирасмӣ партоф-тани партовҳо ба назар мерасад. Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи истироҳатии Хуррамдара  бо иштироки зиёда аз 300 нафар кормандони корхонаву ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Рафти аксия манбаъҳои обӣ - ҷуйбору сойҳо ва роҳҳо  аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба миқдори  25 м3  партов  бароварда шуд.

 

Читать далее

13 August 2025

Иқдоми сабз: Дар Мастчоҳ беш аз 5 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ бо оби доимӣ таъмин шуданд

  Бо мақсади таҳкими иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмин намудани обёрии мунтазами заминҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чоҳи амудии об мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чоҳи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди хоҷагии ёрирасон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, ҳадаф аз бунёди он таъмини оби доимӣ барои обёрии заминҳои таҳти истифода ва ниҳолхонаи бахш мебошад. Иншооти мазкур обёрии наздик ба 50 гектар заминро таъмин намуда, ба рушди соҳаи кабудзоркунӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар маросими ба истифодадиҳии чоҳи амудӣ ва оғози обёрии заминҳои хоҷагии ёрирасон раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ширкат варзиданд. Раиси Кумита Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бунёди чоҳи амудӣ дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист иқдоми муҳиму саривақтӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои экологӣ ва кабудизоркунии минтақа мебошад. Гуфта шуд, ки он на танҳо ба парвариши ниҳолҳо, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳсозии муҳити зист замина мегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон бо қарори дахлдори раиси ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба ихтиёри бахши ҳифзи муҳити зист ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шинонида ва парвариш карда мешаванд.

Читать далее

12 August 2025

Ифтитоҳи маҷлисгоҳи замонавӣ ва баргузории ҷаласаи сайёри Кумита дар вилояти Суғд

7 августи соли 2025 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлисгоҳи нав  бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ ифтитоҳ гардид. Сохтмони маљлисгоњ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо усули замонавӣ сохта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.

Читать далее

29 July 2025

Ҷамъбасти озмуни «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» байни мактаббачагон

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар мавзӯи «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» доир гардид. Дар он муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А., муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Хоҷибоева Р., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Зимни баромад муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А. барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби онҳо дар ҳалли муаммоҳои экологӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Ҳамзамон муовини  директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят  Хоҷибоева Р. баромад намуда, баргузории чунин озмунҳои экологиро дар байни мактаббачагон саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи мактаббачагон ба масъалаҳои экологӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳо бештар шудааст, ки ин ба баланд шудани маърифати экологии онҳо  мусоидат менамояд.

Читать далее

25 July 2025

Муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

  Санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои манфиатдор муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2024, №879 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) пазируфта шуд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор Тоҷикистонро дар ин Иттиҳод намояндагӣ мекунад ва Китоби сурх низ мутобиқи талаботи он таҳия шудааст. Соли 2023 бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳияи нашри сеюми китоб оғоз гардид. Дар он маълумот оид ба 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот оварда шудааст, дар ҳоле ки нашри қаблӣ (солҳои 2015) 267 намуди растанӣ ва 222 намуди ҳайвонотро дар бар мегирифт.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.