Все статьи
21 February 2020
Аёдати собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи рузи таъсисёбии кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. як қатор собиқадорони соҳа аёдат карда шуданд. Ба собиқадорон кумаки моддиву молиявӣ расонида шуд.
Ниҳолшинонӣ дар хиёбони Истиқлоли ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, ҷиҳати омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки директори пажӯҳишгоҳи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия Александр Таранов, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шахру вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ободонии шаҳр дар хиёбони Истиқлоли маҳаллаи Мевағули шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардида, дар қадди роҳ 400 бех ниҳолҳои ардач шинонида шуд. Меҳмонони кишвари Белорусия ин иқдоми сабзкориро истиқболи гарм намуда, онро ба беҳбудбахшии муҳити зисти шаҳр муфид арзёбӣ намуданд.
20 February 2020
Ниҳолшинонӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф имрӯз дар майдони кабудизори ҳудуди Раёсат бо иштироки сардори Раёсат ва кормандон ниҳолҳои дарахтони ороишии кастона (каштан) 20 адад шинонида шуд.
19 February 2020
Маърифати экологӣ - асоси беҳдошти муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар назди сойи Исфанасой, соҳили обгузари ҷамоати деҳоти Гулхона вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он раиси маҳаллаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, намояндагони шуъбаи маориф ва мактаббачагон иштирок доштанд. Гузаронидани чунин вохӯриро дар назди ин минтақа мудири бахш ба ҷамъомадагон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани сою каналҳо, фаъолона иштирок намудан дар аксияҳои экологӣ, гузоштани саҳми арзанда дар беҳбудии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳисси эҳтиром ба захираҳои обӣ маънидод намуд.
18 February 2020
Аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнхои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Панҷакент ва ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Б.Ғафуров, Спитамен ва Масчоҳ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони соҳаи маориф ва тиб, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 44785 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия 15,7 км ҷӯйборҳо, ҳудуд 45,1 ва қади роҳҳо 18,3, соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 2810 бех дарахтон шинонида шуд. Ҳамчунин 1,1 км заҳбуру каналҳо тоза, 388 бех дарахтон ва роҳгаштҳо 300м сафед карда шуда, ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 106,6 м3 партовҳо бароварда шуд.
17 February 2020
Ярмарка-фурўши ниҳол дар маркази вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаҳои 15-16 феврали соли 2020 баҳри иҷрои Амри Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз 11.02.2020, №23 “Дар бораи гузаронидани ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо”, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 45 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.
Қонуншиканӣ дар самти захираҳои обӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ партофтани партовобҳо аз тарафи корхонаи ҶДММ «Орди фатир» ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати ҷамъияти мазкур бо моддаҳои 177 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, намунаи партовоб барои ташхис ба шуъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зист фиристонида шуд.
14 February 2020
Ҳашари тозагии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёну устодони муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва умумии шаҳри Хуҷанд ҳашари тозагии муҳити зист гузаронида шуд. Ҳашарчиён асосан дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, ин шоҳроҳи аҳамияти стратегидоштаро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд.
Санҷиши фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.


