Все статьи
14 February 2020
Баргузории вохўрӣ бо донишҷўён дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 12.02.2020 мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ – омўзгории ноҳияи Ҷ.Расулов» баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохӯрӣ бо донишҷӯён, омўзгорони фанни экология ва умуман вобаста ба табиатшиносӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, ифлос гардидани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.
13 February 2020
Ошкор гардидани сӯзонидани партов дар партовгоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Т
ибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии ш.Хуҷанд» аз ҷониби нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сӯзонидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба ҳавои атмосфера ошкор гардид. Нисбати сардори корхонаи мазкур Раҳимов Ф. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 231 тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд фиристода шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ш.Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли сарди зимистон ва ҳифз намудани онҳо, тибқи нақшаи корӣ дарминтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаидавлатии хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар минтақаи мазкур 20 адад банди хошоки дағал ва 10 халта маводи хӯрокаи гуногун пошида шуд.
11 February 2020
Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Бо мақсади ҳифз ва бехатарии гуногунии биологии вилояти Суғд ва нигоҳдории системаи экологии он аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам корбарӣ карда мешавад. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ҳар сол баргузор мегардад. Имсол низ дар минтақаҳои сербарфи баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Конибодом ва дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Санаи 7.02.2020 бо иштироки сардори раёсат, кормандон ва сохторҳои зертобеъ дар «Дараи сабзи» ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи «Қизиқа», сойи «Рўи калон»-и ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ баргузор гардида, 500 кг картошка, 400 кг резаи гандум, 100 кг намак, 100 кг маккадона, 100 кг сабўс ва 50 банд хошоки дағал пошида шуд.
07 February 2020
Маъракаи дарахтшинонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ санаи 6 феврали соли равон дар назди бинои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш зиёда аз 20 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент то имрӯз дар миқёси шаҳр 170 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.
Ташкили даҳрӯзаи фанни экология
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом ҳамҷоя бо шуъбаи маорифи шаҳр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронидани даҳаи фаннӣ доир ба фанҳои биология, география, химия ва экология ба роҳ монда шуд. Чунин чорабинӣ дар МТМУ №3 ба номи Ҳ. Каримова ташкил гардида, аз омода намудани лавҳаи алоҳидаи эълон дар бораи нақша чорабинии гузаронидани даҳаи фаннӣ дар даромадгоҳи мактаб оғоз гардид.
Ҷойгиронии гайрирасмии партовхо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри иҷроиши нақшаи корӣ, хангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар маҳаллаи нави шаҳри Бустон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз ҷониби истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон - Шарипов Т. ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор карда шуд. Нисбати қонуншикан Шарипов Т. бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Нишасти матбуотӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 6 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Боҷу хироҷ», «Нилюфар», «Халқ овозӣ», «Кайҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фергана ру», телевизионҳои ШТР СМ-1, ШТР «Азия», ТВ «7 ситора»,» ТВ «Танин», ҳамагӣ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2019 дастрас гардид.
Ғайриқонунӣ чаронидани чорво
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат баҳри иҷрои нақшаи корӣ ва фармоиши сардори Раёсат №3 аз 15.01.2020 сол «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ дар ҳудуди вилояти Суғд баҳри ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида истодаанд. Бо ин мақсад дар шаҳри Конибодом амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, ҳангоми амалиёт аз тарафи нозирони шуъба ҳодисаи ғайриқонунӣ чаронидани чорво дар ҳудуди боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд.
05 February 2020
Шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан назди бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва Коллеҷи мазкур иштирок намуда, ба миқдори умумии 250 адад ниҳолҳои дарахтони туя шинонида шуд.


