Все статьи
04 September 2024
Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷ
иҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмини иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Ҷавонон (назди шуъбаи фарҳанги шаҳр) нуқтаҳои партовпартоӣ азнавсозӣ карда шуд.
Обмонӣ дар шаҳру ноҳияҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар асоси супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, ба истиқболи 33- юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабзу хуррамгардонии муҳити атроф обмонии дарахтон дар кучаҳои марказӣ ва қадди роҳҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Б.Гафуров, Спитамен ва Айнӣ гузаронида шуд. Ин тадбир аз ҷониби бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст.
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои марказӣ 3 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки чунин баннерҳои экологӣ дар миқёси вилоят беш аз 80 адад насб карда шудааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Д
ар доираи нақшаи чорабиниҳои 20 рӯзи ободонӣ, бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Шаҳристон, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия 4319 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 66 м3-ро ташкил дод.
02 September 2024
Ҳашари дастаҷамъона дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ба истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд. Рафти шанбегӣ саҳни ҳавлии бино аз алафҳои бегона тоза, панҷараҳо рангубор, партовҳо бароварда ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонида шуд.
28 August 2024
Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади таъмини иҷрои банди 17 нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Раиси вилоят аз 23.07.2024 сол, № 187 тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки аҳолӣ ва масъулину фаъолон доир карда шуд. Бо ин мақсад дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон масъулину фаъолон дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён гӯшаву канори роҳравҳои маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намуданд. Илова бар ин боғи Парчам ва Нишони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тозав карда шуд.
Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар қарори Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовпартоӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина бо пешбурди назорати давлатӣ аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, К.Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 13, 18, 19 нуқтаҳои партовпартоӣ аз навсозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки сохтмон ва аз навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бӯстон, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов низ амалӣ гардиданд.
Обмонии дарахтон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади сабзу хуррам нигоҳдории муҳити зист, таъмини иҷрои дастуру супориши Кумитаи ҳифзимуҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ (ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент)-и шаҳри Истаравшан обмонии шабонарӯзии дарахтони кадди шоҳроҳ ташкил ва гузаронида шуд. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан маълумот доданд, шумораи дарахтон зиёда аз 120 ададро ташкил дода, ин иқдом дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо ба роҳ монда мешавад.
26 August 2024
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
ахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ 51 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Обмонии дарахтон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Б
о мақсади аз хушкшавӣ эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво дар шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров обмонии шабонарӯзӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ин тадбир ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ гардида истодааст.


