Баъди чанд лаҳза соли нави 2022-юми мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги давлативу миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву ватанпарастӣ, худшиносии мардум ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат ёфтани бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон такони нав бахшида, дар таърихи давлатдориамон саҳифаҳои тозаеро боз намуд. Итминони комил дорем, ки бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд, ҳамзамон дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузоранд. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо таманниёту фараҳмандии афзун ба ин муносибат ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиатро бо фарорасии Соли нави 2022 табрик гуфта, ба Шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамояд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Соли нави мелодии 2022
Add comment