Соли ёздаҳум аст, ки озмуни «Парандаи сол» дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки ин навбат барои муҳокима 6 номгӯйи парандагони нодиру аҷиби Тоҷикистон, ба мисли мусича, заргулдор, дурроҷи сиёҳ, кабутари ҷангалӣ, буми гӯшдароз ва чарғи думдароз пешниҳод шуда буданд, ки миёни онҳо заргулдор овози зиёд ба даст овард. Ва пас аз соҳиб шудани аксар овозҳо аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Заргулдор (Иволга) парандаи соли 2022 интихоб гардид. Бино ба маълумоти мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Заргулдор парандаи андозааш миёна буда, 50-90 грамм вазн дорад ва ба қатори гунҷишкшаклон мансуб аст. Дар бисёр маҳалҳои ҷумҳурӣ бо номи зарғилдоқ, духтари сӯфӣ ва шободир низ маъмул мебошад. Ин парандаи зеборо бо ҷилои тиллоранги парҳо аз дигар намудҳои гунҷишкшаклон ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст.
Хониши форами заргулдор садои найро хотиррасон менамояд. Ҷойҳои сердолу дарахт, ҷангалзори паҳнбарг, боғҳои дарахтони мевадиҳанда ва боғҳои истироҳатӣ муҳити хоси сукунати заргулдор ба ҳисоб мераванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон заргулдор парандаи паҳншуда буда, ба истиснои Помири Шарқӣ дар ҳама минтақаҳои дигари кишвар вомехӯрад. Мавзеъҳои хоси зисти ин паранда ҷангалзор ва буттазори зич, ки дар баландиҳои 1200-1800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Дар водиҳо заргулдор боғҳои дарахтони мевадиҳандаро мепарастад. Дар шароити Тоҷикистон заргулдор парандаи кӯчандаи мавсимии лонагузор буда, аз охири моҳи апрел то аввали моҳи сентябр вомехӯрад. Зимистонро дар минтақаҳои тропикии Ҳиндустон ва Африка паси сар мекунад. Моҳҳои май заргулдор лона гузошта, ба афзоиш шурӯъ мекунад. Охири моҳи май ҷинсҳои модина дар дарахтони баланд лона гузошта, 3-4, баъзан 5 тухм мегузоранд. Дар тухмзеркунӣ, ки ду ҳафта идома меёбад, бештар ҷинсҳои модина иштирок мекунанд. Чӯҷаҳо дар 15-17 рӯз барои парвоз омода мегарданд. Дар давраи афзоиш заргулдор ҷасурӣ зоҳир намуда, лона ва чӯҷаҳои худро аз ҳуҷуми зоғ, акка, зоғчаи кабуд ва дигар парандагони дарандаи аз худ калонҷусса ҳифз менамояд. Заргулдор чӯҷаҳои худро бо ҳашарот ва кирминаи онҳо ғизо дода, ба воя мерасонад. Дар таъмини чӯҷаҳо бо ғизо ҷинсҳои нарина ва модина масъулияти баробар доранд. Заргулдор парандаи хеле фоидарасон аст, зеро миқдори зиёди ҳашароти зараррасони дарахтону буттазорҳо (зочаи шапалакҳо, гамбускҳои чубхӯр, малахҳо ва ғ.), алалхусус зараррасонҳои дарахтони мевадиҳандаро нобуд месозад. Ин паранда метавонад кирмина ва зочаи заҳрдори ҳашаротро низ ғизо гирад, ки чунин хусусият барои аксар парандагони дигар хос нест. Заргулдор парандаи зебо ва диққатҷалбкунанда буда, ба ҳусни табиати дилрабои Тоҷикистон, ҳусни тоза зам мекунад. Ин паранда таваҷҷуҳи дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб намудааст ва бояд таҳти муҳофизати доимӣ қарор дода шавад.