Бо истифода аз мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кўчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст. Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кўчаи марказии шаҳр чунин амалиёт доир гардида, дар рафти он 25 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шудааст. Барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ таҷҳизоти махсуси шуъбаи назорати таҳлилии сарраёсат истифода шуда, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунандаи аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд ба ҳавои атмосфера дар чор ҳолат ошкор гардид. Нисбати ронандаи ин 4 адад воситаи нақлиёт протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар кўчаи марказии нақлиётгарди шаҳри Истаравшан
Add comment