Дар даҳсоли охир миқдори умумии нақлиёт хеле афзудааст, ки ин хусусан дар кўчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд ҳис карда мешавад. Бо мақсади назорат, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва паст намудани таъсири он ба саломатии шаҳрвандон, дар маркази шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» ташкил ва баргузор гардидааст. Дар давоми амалиёти мазкур дар кўчаи Исмоили Сомонии шаҳр, аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ, 35 адад нақлиёти гуногунтамға аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа нисбати 4 нафар ронандаи воситаи нақлиёт, ки миқдори ихроҷи моддаҳои ифлоскунандааш ба ҳавои атмосфера аз меъёр зиёд ба қайд расид, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» байни ронандагони нақлиёти шахсӣ, аз ҷумла нақлиёти боркашонӣ ҷиҳати бархуддор шудани онҳо аз донишҳои экологӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба амал омад.
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар шаҳри Хуҷанд
Add comment