Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир

   Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус соҳили манбаҳои обӣ яке масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир амалиётҳои назоратӣ доир гардидаст. Дар натиҷа, ҳамагӣ ба 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз он ҷумла, шаҳрвандон Тоиров О., Бердиев Ф. ва Исомиддинов А. бо дасрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр ва Абдуллоев А. бо моддаи 232 Кодекси мазкур барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили обанбор.

  Ҳамчунин, дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров, аз он ҷумла назди пойгоҳи обкашӣ, нисбати 3 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварз, Мамадҷонов Ғ. ва Мусоев Б. бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили обанбор ва Мусоев А. бо дастрасии моддаи 208 Кодекс барои сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тўр протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст. Боз 2 нафар сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов дар соҳили дарёи Сир боздошт гардиданд, ки нисбати онҳо низ бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили дарё протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.