Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2022 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳо, бунёди корхонаҳои коркарди партов, бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, баргузории аксияҳое, ки барои беҳбудии ҳолати экологӣ равона гардидааст, муаммои бӯи ғализ дар микроноҳияи 3-8-12 ш.Хуҷанд ва чораҳои андешида баҳри бартараф намудани он, ошкор гардидани ҳолатҳои ифлосшавии об дар нимсолаи якум ва тадбирҳои андешидашуда, ҷойгиронии қуттиҳои партов дар кв.Баҳор, сабабу омилҳои хушкшавии дарахтон дар микроноҳияи 12-и дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.