Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯминзода А.М ва раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баходур бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Сохтмони бино дар муддати як сол ба анҷом расонида шуда, майдони умумии ҷудо гардида 688 метри мураббаъро ташкил медихад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқҳои корӣ ҷойгир карда шуданд. Маҷлисгоҳ 20 ҷойи нишаст дошта, дар китобхона 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 3 адад утоқҳои корӣ барои кормандон ҷойгир буда, ҳамаи онҳо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин, пеш аз даромади бинои бахш саҳни ҳавлӣ кабудизору гулзор карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Нисо» ба иҷро расонида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.