16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон

  16 сентябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихори ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон эълон гашт. Ин санаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 инҷониб таҷлил мекунанд. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи  нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо  оварда мерасонад. Ҳамчунин дар натиҷаи афканишоти нурҳои ултрабунафш таъсири манфӣ ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ мерасад, бахусус онҳо боиси тағйиротҳои ҷиддии таркиби химиявии растаниҳо мегарданд. Баландшавии радиатсия ба сифати маҳсулотҳо ба монанди помидор, картошка, лаблабуи қанд, карам, лӯбиё таъсир расонида, сифати онҳоро паст менамояд. Ба олами набототу ҳайвонот, аз қабили обсабзҳои гуногун, моҳичаҳои навзод, харчангҳои хурд, ки ғизои ҷонварони калони баҳрию дарё ба шумор мераванд, таъсири манфӣ мерасонад.

  Аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ин самт корҳои муайян амалӣ гардида истодааст. Аз рӯи маълумот дар  миқёси вилоят 32 адад нуқтаҳои манбаъҳои истихроҷкунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи нақшаи чорабинӣ нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои таъмири яхдонҳо, сехҳои яхмосбарорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, мағозаҳои фурӯши фрион ва яхдонҳои нигаҳдории маҳсулотро санҷида, пешниҳодҳои ҳатмӣ оид ба нигаҳдорӣ ва ба расмият даровардани таҷҳизот дода шуд, ҳамзамон корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст. Сарраёсат ба нақша гирифтааст, ки санҷиши корхонаҳои истихроҷкунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро давом дода, онро зери назорати доимии худ қарор диҳад. Бо назардошти аҳамият ва ҷиддияти вазъи экологӣ яке аз принсипҳои Консепсия, ки рушди босуботи инсонро ба роҳбарӣ мегирад ва вазифаи муҳимтарини он баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.