Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии кормандон бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Негматова бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои рушди устувор» ва соли 2017 - Соли Ҷавонон, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид.