ШТРР «Тирози ҷавонӣ» ва медиапортали «Тироз» Лоиҳаи мултимедиявӣ (бисёррасонавӣ)-и «Харитаи интерактивии бакҳо ва қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф, макони оббозӣ (пляж) ва ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда истодааст. Лоиҳа дар ҳамкории ВАО бо аҳолӣ ва сохтору идораҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад ва он барои иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон, тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст. Бо дарки ин маънӣ муаррифии лоиҳа маҳз дар мактабҳои миёна доир шуда истодааст. Мӯҳлати давомнокии марҳилаи аввали лоиҳа 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд: Пахтакор, Раззоқ, Панҷшанбе, Гулбаҳор, Бофандаи соҳили чапи дарё ва микроноҳияҳои 8-ум, 13-ум, 20-ум, 32-юм ва 34-уми соҳили рости дарё мавриди таҷрибаю санҷиш қарор мегиранд.
Моҳи октябри соли равон тафсири намоишии «Харитаи экологӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар интернет ҷойгир карда шуда, бахши махсус бо номи «Эко-харитаи Хуҷанд» фаъол гардид. Бо ҳадафи маъракаи маълумотдиҳӣ барои сокинони минтақаҳои таҷрибавӣ роликҳои аудиоӣ ва видеоии ташвиқотиву тарғиботӣ пешкаши шунавандагони радио ва бинандагони телевизион гардида истодаанд. Барномаи нахустин бо номи «Мо ва табиат» бо бахши махсуси «Харитаи экологӣ» дар радиоҳои «Тироз» ва «Тирози ҷавонӣ» таҳия ва пешниҳоди шунавандагон карда шуд.
Шурӯъ аз моҳи ноябр дар барномаи интерактивии «Ҳозирҷавоб», ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву иқтисодӣ таҳия ва пешниҳод мегардад, бахши махсуси «Экология » роҳандозӣ гардид.
Дар аввал ва охири ҳар як барномаи радиоӣ ва маводи интернетӣ ба шаҳрвандон муроҷиат ва хоҳиш карда мешавад, ки дар тозагии муҳити зист саҳмгузор бошанд.