Дар ноҳияи Ашт, тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи сохторҳои дахлдор ва 9 ҷамоати шаҳраку деҳот доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» санҷида шуд. Ҳамзамон, дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо иштироки сармутахассиси шуъбаи маориф, хонандагон, омӯзгорони фанни экология, биология ва география вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологӣ, чораҷӯиҳои Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфии партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ сармутахассиси сарраёсат изҳориақида намуд. Дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои омӯзгорон ва хонандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо ба шуъбаи маорифи ноҳия 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид. Чорабинии иттилоотӣ ба ҷашни Рӯзи байналмилалии муҳити зист бахшида шуд.