Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

 Санаи 23 июли соли 2024, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси вилоят қайд гардид, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома гузориши муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Каримзода Ф. ба таври муфассал шунида шуд.

  Инчунин, дар робита ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа аъзоёни комиссия – намояндагони Раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, раисони Комиссияҳои байниидоравии минтақавии дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Зафаробод ва Ашт ҳисобот доданд. Дар рафти ҷаласа муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои 2021 - 2025» ва пешниҳодимаълумотдармуҳлатимуқарраргардида ба як қатор сохторҳои масъули вилоятӣ супоришҳодода, дар охир қарори дахлдори ҷаласа қабул гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.