Гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат

Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад гурӯҳи эковолонтерон дар доираи лоиҳаи идоракунии партовҳо «Экопроактив» бо дастгирии  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати  шиносоӣ аз ҳолат ва фаъолияти партовгоҳи КВДК шаҳри Хуҷанд бо иштироки эковоленторон, блогерхо ва фаъолон – дӯстдорони табиат  экскурсияи омӯзишӣ  ташкил намуданд.

Намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва  масъулини КВДК «Муассисаи хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» ш.Хуҷанд бо иштирокчиёни экскурсия оид ба мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта дар самти муомилот бо партовҳо,  аҳамияти ба навъҳо ҷудо кардан ва идоракунии дурусти он, мавҷудияти партовҳои зарарнок ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, чорабиниҳое, ки барои пешгирии ифлосшавии  замин аз партовҳои гуногун гузаронида мешавад, суҳбат гузарониданд. Рӯи кор омадани чунин ташаббусҳо саривақтӣ ва ба ташкили системаи устувори идоракунии партовҳо  ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.