Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар кӯдакистони «Шукуфаи Истиқлол» озмуни шаҳрии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмун дастпарварони кӯдакистонҳои №23, 25 ва 40 ба даст оварданд. Зинаи дуюмро муассисаҳои таҳсилоти томактабии №15, 32 ва 35 ва ҷойи сеюмро МТТ №1, 18, 20, 33, 37 ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ва фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки озмун соли сеюм бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида мешавад.
Ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.