Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Ба озмун даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд. Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.
Дуғдоғ аз рӯи ҳаҷм аз мурғи хонагӣ каме калонтар буда, дарозии бадани наринаи он 65-75 см ва вазнаш 1,8-3,2 кг аст. Дар Тоҷикистон ду навъи ин парранда, муқимӣ ва муҳоҷир зиндагӣ мекунад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ, тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ 23 ҷуфти дуғдоғи муқимӣ сабт шудааст, аммо дар давраи муҳоҷират шумораи онҳо то 5 ҳазору 60 адад меафзояд. Он паррандаи хеле эҳтиёткор буда, бо эҳсоси хатари ночиз пинҳон мешавад. Аз ин рӯ, ба он наздик шудан қариб ғайриимкон аст. Дарозии умри ин паррандаи нодир тақрибан 20 сол аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди парандагонро вохӯрдан мумкин аст, ки беш аз 180 намуди он парандагони муқимӣ ва зиёда аз 200 намуд парандаҳои кӯчанда ё мусофир мебошанд. 43 намуди паранда, аз қабили лаклаки сафед, шоҳин, лочин, бургут, мурғи тазарв, мурғи ҳумо, дуғдоғ ва ғайра дар Тоҷикистон ҳамчун парандагони нодир ва зери тахдиди маҳвшавӣ қарордошта ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил шудаанд. Дар шароити табиии Тоҷикистон макони асосии сукунати парандагон асосан минтақаҳои кӯҳӣ, даштҳо, ҷангалзор, биёбонҳо, марғзор, кӯлу дарёҳо, обанбор ва маҳалҳои аҳолинишин мебошанд. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.