Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон аз чоп баромад

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои  олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.

Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Китоби Сурхи Чумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» бо сифати баланд ба табъ расида буд. Дар намоишгоҳи  шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки рӯзҳои 7-9 октябри соли 2016 баргузор гардид,  нашриёти «Ганҷ» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ғолиби озмуни «Беҳтарин ороиш, сифат ва бандубаст» дониста шуд.

Китоби мазкур дар асоси матни «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олами наботот ва ҳайвонот, нашри дуюм-2015», ки ба он 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шудааст, омода гардидааст. Матни тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва САҲА баргардонида шуд.

Китоб дар ду ҷилд – Олами наботот – ҷилди 1 (590 саҳифа) бо теъдоди 2000 нусха ва Олами ҳайвонот – ҷилди 2 (494 саҳифа) бо теъдоди 2000 нусха, дар маҷмӯъ – 4000 нусха аз чоп баромад.

Дар нашри нави Китоби Сурхи Тоҷикистон чанд намуди наботот ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла паррандагон, ки хатари маҳвшавиашон вуҷуд дорад, ворид гардидаанд. Умуман, дар бахши олами ҳайвонот 43 намуди парранда, 44 намуди ширхӯр, 31 намуди хазанда, 14 намуди моҳӣ, 74 намуд ҳашарот ва 9 намуд нармбаданҳо (молюск) ворид карда шудаанд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле гуногун буда, дар қаламрави он беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвоноти бемӯҳра, 582 намуд ва зернамуди ҳайвоноти мӯҳрадор муайян карда шудааст. 

     Китоби Сурх  ҳуҷҷати давлатӣ буда, ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисон – ботаникҳо  ва зоологҳо, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат тавсия карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.