Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон, аз ҷумла дар ҳудуди парваришгоҳи «Дараи сабз»-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Шаҳристон ва дар ҳудуди парваришгоҳи «Зарафшон»-и   Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент бо иштироки сардори Раёсат, бахши шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо намояндагони «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Исфара» дар минтақаи «Кӯҳи сиёҳ»-и ш.Исфара, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Истаравшан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Нофароҷ», минтақаҳои кӯҳии деҳаҳои Навобод ва Кунчок, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳия, намояндагони хоҷагии ҷангал санаҳои 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

       Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ ба миқдори умумӣ 1640 кг гандум, 400 кг ҷав,  600 кг сабус, 200 кг намак, 70 бастаи хошоки дагал, 130 кг кунҷора, 20 бастаи коҳи гандум, зиёда аз 30 бастаи каҳ ва беда паҳн карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.