Аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҳамаи зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, санаҳои 25 – 26 октябри соли равон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ аксияи мазкурро бо иштироки васеи кормандони соҳавӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, донишҷўёну мактаббачагон ва васоити ахбори омма ташкил намуданд.

Бо ташаббуси раёсат, санаи 26 октябри соли 2019, аз соати 10.00 то 12.00, дар боғи ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид. Дар ҷойи асосии баргузории чорабинӣ шиорҳо «Пиряхҳо манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ мебошанд» ва бо номи худи аксия насб гардида, 30 нафар ризокорон (волонтёрон) бо либосҳои варзишӣ (футболка ва кепка) бо навиштаҷоти «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» ва бо логотипи мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.

 Дар рафти аксия сухани ифтитоҳии сардори раёсат ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд А.Раҳматзода шунида шуд. Минбаъд аз ҷониби сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А.Ш. дар мавзўъи «Таъсири гармӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон», муаллимаи кафедраи географияи табиии МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ахмедова Д.В. дар мавзўъи «Мавқеи пиряхҳо дар табиати Тоҷикистон», корманди илмии Маркази пиряхшиносии Точикистон Ҷалолова Д.О. дар мавзўъи «Роҳҳои ҳифзи пиряхҳо аз обшавӣ, ақибгардӣ ва нобудшавӣ» баромад ба амал омад.

Дар интиҳо аз тарафи сардори раёсат ва муовини раиси шаҳр ба се устод ва худи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, шуъбаи маориф ва литсейи касбӣ - техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд барои иштироки фаъол дар баргузории аксияи «Пиряхҳои худро хифз намоем!» ва гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ифтихорномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд супорида шуд.

    Дар чорабинии мазкур зиёда аз 800 нафар устодону донишҷўён, омўзгорон, кормандони Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомот иштирок намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.