Вохўри дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз он ҷумла омўзгорони фанни экология, биология ва мураббиёни муассисаҳои томактабии ноҳия баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, муомилот бо партовҳо, дар бораи олами набототу ҳайвонот, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

      Ҳамзамон рўзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-ро ба иштирокчиён муаррифӣ карда, барои обуна гардидан даъват ба амал омад. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи ноҳия 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи экологӣ аз чониби намояндаи раёсат тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.