Мониторинги экологии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд

Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масофаи аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардид. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсияро дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида, тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда шуд. Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, мавзеъи Янги – Қўрғон дар масофаи аз 0,5 км – 2 км намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир ҳар моҳ аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида мешавад.

     Дар ҳавзаи дарёи Сир нишондоди ташхиси фулузоти вазнин аз меъёр зиёд мушоҳида карда нашуд. Дар таркиби намунаҳои хок асосан миқдори фулузоти вазнин ба монанди мис (Сu), руҳ (Zn), оҳан (Fe), хроми шашвалента (Cr), сурб (Pb) дарёфт шуданд, ки аз меъёр зиёд будани нишондодҳо ба қайд гирифта нашуд. Натиҷаҳои ченкунии гамма – афканишот нишон медиҳад, ки сатҳи радиатсионӣ дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба талаботи мавҷуда ҷавобгў мебошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.