Санҷиши татбиқи Барнома дар ноҳияи Деваштич

Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 29.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобастагардида, гузаронида шуд. Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи маориф, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Набзи Деваштич», ҷамоати деҳоти  Ғазантарак, Яхтан, Муҷун ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

     Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ роҳандозӣ гардида бошад ҳам, аммо дар баъзе самтҳо, хусусан пешниҳоди маълумоти саривақтӣ дар корбарии сохторҳои алоҳида ва ҷамоати шаҳраку деҳот нисбати масъалаи мазкур камбудиҳо ҷой доранд. Дар соли 2019 як маротиба ҷаласаи комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ (протокол аз 16.08.2019) гузаронида шудааст. Инчунин, дар рафти санҷиш ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи сохторҳо барои минбаъд пешниҳоди маълумот мувофиқи бандҳо таъкид карда шуд. Оид ба гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.